Манзараи геосиёсии ҷаҳони муосир хеле мураккаб ва пур аз зиддиятҳост. Дар замоне, ки дар ҷаҳoн таҳдид ба амният, буҳронҳои иқтисодиву экологӣ афзуда, ихтилофҳои сиёсӣ чуқуртар мешаванд ва дар назди инсоният вазифаҳои бузурги ҳаллашон ногузир қарор дорад, майдонҳои муколамаи байналмилалӣ барои пешрафти башарият аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунанд.
Муҳимаш он аст, ки иштироки фаъоли Ӯзбекистон дар ин равандҳои байналмилалӣ, ташаббусҳои созанда ва сиёсати ҳамкории боз мамлакатамонро боз ҳам соҳибнуфуз мегардонад.
Нишасти «СҲШ плюс», ки дар шаҳри Тянҷзини Чин баргузор шуд, ифодаи равшани ҳамин ҳолат буд. Дар ин вохӯрӣ, ки роҳбарони давлатҳои узви ташкилот, кишварҳои нозир ва шарик, Котиби генералии СММ ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд, Президенти кишварамон суханронӣ намуд.
Омилҳое, ки ба сулҳу амнияти глобалӣ таҳдид мекунанд, аз ҷумла вазъи мураккаб дар Афғонистон, шиддатёбӣ дар навори Ғазза, тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, буҳрони муҳоҷират ва таҳдидҳои киберӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки рафъи низоъҳо, барқарор намудани эътимод ва эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ масъалаи бисёр муҳим аст.
Қайд гардид, ки ба фаъолият оғоз намудани Маркази универсалӣ алайҳи таҳдиду хатарҳо дар Тошканд ва Маркази мубориза бо маводи нашъаовар дар Душанбе саҳми бузург дар амнияти дастаҷамъии фазои СҲШ хоҳад гузошт.
Ҳамчунин, ташаббуси баргузор намудани аввалин мулоқоти амниятӣ дар формати «СҲШ плюс» соли оянда дар кишвари мо қадами шоистаи дигар аст. Пешвои кишварамон дар суханрониаш махсусан ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки дар ин давлат ба субот нарасида, таъмини сулҳу амният дар минтақа имконнопазир аст.
Зикр бояд кард, ки ҷаҳон як мафҳуми ягона аст. Ташаббусҳои раҳбари давлати мо аз ҳамин ҷиҳат низ бисёр муҳиманд. Зеро, барои табдил додани минтақаи Осиёи Марказӣ ба фазои комилан амн, озод аз ҷанг ва силоҳҳои қатли ом, ҳамчунин барои густариши ҳамкориҳои иқтисодии устувор, зарур аст, ки ба ҳамаи таҳдидҳо нуқтаи анҷом гузошта шавад. Иловатан, тамоми миллатҳо ва халқҳои сокини ин минтақаи бузург ҳақ доранд дар ҷомеаҳои пешрафта ва осуда бо шароити баробар зиндагӣ кунанд.
Боз як ҷиҳати муҳим – сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» ва пайвастани он ба масири трансафғонӣ, ки ташаккули шабакаи ягонаи нақлиётиро таъмин мекунад, аҳамияти стратегӣ дорад. Лоиҳа пеш аз ҳама барои кишварҳои минтақа роҳҳои нави рушд ва болоравии иқтисодиро мекушояд. Пешниҳод оид ба таъсиси «Шабакаи хабҳои инноватсионӣ-технологии СҲШ» дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, маълумоти бузург, робототехника ва энергетикаи алтернативӣ барои истифодаи пурраи иқтидори илмӣ-техникии мамлакатҳо заминаи хуб фароҳам меорад.
Шарқ аз азал чароғи илм ва маърифат будааст. Ба ҳамин сабаб Ренессанси якум ва дуюм маҳз дар ҳамин сарзамин рух додааст. Ташаббусҳои зикршудаи Президенти мо бо орзӯи неки мардумамон – аз он ҷиҳат аҳамиятнок аст, ба густариши ғояи пояҳои Ренессанси сеюм ба тамоми минтақа нигаронда шудааст.
Дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо ҳадафҳои асосӣ, аз қабили таъмини амният, татбиқи ғояҳои сулҳ ва рушди устувор, таҳкими адолат ва субот дар ҷомеа пешбинӣ шудаанд. Ин ҳама бо ташаббусҳои байналмилалии Президенти мо ҳамоҳанг буда, аз афзоиши нуфузи Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Ин дар навбати худ ба афзудани нуфузи Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба таъмини ояндаи бехатар ва шукуфони на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақа ва инсоният хизмат кардани сиёсати сулҳҷӯёна ва одилонаи байналмиллалӣ мусоидат мекунад.
Робахон МАҲМУДОВА,
роҳбари фраксияи ҲСД «Адолат» дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.