Дар хусуси ислоҳоти босуръате, ки дар соҳаи сиёсати хориҷӣ амалӣ мегарданд, сухан гуфта, бояд таъкид намуд, ки Ӯзбекистон дар давоми ҳашт соли охир дар самти дипломатияи бисёрсамтӣ ба пешрафти назаррас ноил шуд.
Дар ин муддат ҷумҳурӣ худро ҳамчун як давлат бо афзалият ва манфиатҳои дақиқ ва обрӯи устувори сиёсӣ дар минтақа муаррифӣ кард.
Сиёсати хориҷии Ӯзбекистон аз ҳамкориҳои фаъолонаи минтақавӣ ба дипломатияи созандаи бисёрҷониба ва ҳамкории боз бо шарикони ҷаҳонӣ гузашт. Ин тағйироти мусбат Ӯзбекистонро аз мақоми бозигари канорӣ ба иштирокчии фаъоли раванди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ ва дипломатияи ҷаҳонӣ табдил дод, ки дар робита ба ояндаи кишвар хушбинӣ ба миён овард.
Аз соли 2017 Тошканд барқарор намудани муносибатҳои боэътимод ва мутақобилан судманд бо кишварҳои ҳамсояро ҳамчун афзалияти сиёсати хориҷии худ муқаррар намуд. Дар натиҷа сатҳи бесобиқаи муколамаи минтақавӣ ба даст омад. Ин талошҳо на танҳо робитаҳои дуҷонибаро дигаргун карданд, балки имкон доданд, ки мушкилоти кӯҳна, аз қабили баҳсҳои марзӣ, идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи долонҳои нақлиётӣ ҳал карда шаванд. Дар натиҷа, тиҷорати минтақавӣ нисбат ба соли 2016 тақрибан се маротиба афзоиш ёфта, то соли 2024 ба 7 миллиард доллар расид, ки ба минтақа шукуфоии иқтисодӣ ва субот овард.
Бо мақсади институтикунонии ин дастовардҳо, Президент Шавкат Мирзиёев ташаббуси ба роҳ мондани мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро пешниҳод кард, ки ба як минбари муҳим барои субот ва ҳамгироии минтақавӣ табдил ёфтанд. Ин ҳамоишҳо дар манзараи дипломатии минтақа ҷойгоҳи мустаҳкамро ишғол намуда, ба ташаккули «руҳи Осиёи Марказӣ» мусоидат карданд, ки бар асоси эътимод, пайвастагӣ ва стратегияи умумии оянда бунёд меёбад.
Ҳамзамон нақши Осиёи Марказӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ низ густариш меёбад. Ин махсусан дар чорчӯбаи формати «С5+1» мушоҳдида мешавад, ки дар он Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Чин, Русия, кишварҳои Халиҷи Форс, инчунин шарикони нав, аз ҷумла Италия иштирок мекунанд. Ин ҳамоишҳо ба кишварҳои минтақа имкон медиҳанд, ки муносибатҳои мутавозинро бо қудратҳои пешсаф нигоҳ дошта, ҳамзамон истиқлолияти стратегии худро ҳифз кунанд.
Дипломатияи нави Ӯзбекистон нишон медиҳад, ки бо такя ба муколама, фарогирӣ ва ҳамкории прагматикӣ, Осиёи Марказӣ на танҳо метавонад ваҳдати дохилиро таҳким бахшад, балки аҳамияти ҷаҳонии худро низ боло барад.
Тавозун миёни Шарқу Ғарб: самт ба рӯшодии стратегӣ
Бо мурури замон, ки Осиёи Марказӣ нақши пули трансконтиненталии худро боз пайдо мекунад, Ӯзбекистон ба бозигари калидӣ табдил меёбад, ки бетарафии геосиёсиро бо ислоҳоти густурда ва дипломатияи фаъол муттаҳид месозад.
Сиёсати хориҷии бисёрсамтаи Ӯзбекистон ба дастёбӣ ба тавозун, мусоидат ба қабули қарорҳои соҳибихтиёр ва рушди муносибатҳои гуногунҷабҳаи шарикӣ барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ равона шудааст. Чин ва Русия бо назардошти ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, таърих ва вазни иқтисодӣ, шарикони асосӣ боқӣ мемонанд. Дар ин миён, Чин ба наздикӣ аз Русия пеш гузашт ва ба бузургтарин шарики тиҷоратии Ӯзбекистон табдил ёфт.
Бо вуҷуди ин, Тошканд ба ягон шарики хориҷӣ афзалияти бечунучаро намедиҳад. Мувофиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» кишвар муносибатҳои мутавозинро ҳам бо Шарқ ва ҳам бо Ғарб барпо мекунад. Ин равиш робитаҳоро бо Аврупо ва Ғарб таҳким бахшида, ҳамзамон ба густариши ҳамкорӣ бо Ховари Миёна ва минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором мусоидат намудааст.
Хусусан, муколама бо Иттиҳоди Аврупо ба таври назаррас фаъол гардид. Дар ин бора боздидҳои роҳбарони кишварҳои аврупоӣ аз Тошканд, баргузор шудани аввалин ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – ИА» дар Самарқанд ва густариши шарикии стратегӣ бо Олмон, Фаронса, Италия, Венгрия ва дигар давлатҳо шаҳодат медиҳанд.
Дар ояндаи наздик интизор меравад, ки Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории васеъшуда (EPCA) бо ИА тасдиқ гардад, ки имкониятҳои навро дар соҳаҳои тиҷорат, идораи давлатӣ, сиёсати иқлимӣ, маориф ва инноватсия боз мекунад.
Кушода будани Ӯзбекистон ҳамчунин ба соҳаҳои энергетикаи сабз, иқтисоди рақамӣ ва рушди устувор васеъ мегардад. Сармоягузориҳои хориҷӣ на танҳо ҳамчун воридшавии сармоя, балки воситаи интиқоли дониш, технологияҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ арзёбӣ мешаванд. Ҳамаи ин ба суръат бахшидани ислоҳот ва болоравии самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат мекунад.
Дар амал, ин стратегия муносибатҳои боэътимоди Ӯзбекистонро ҳам бо Шарқ ва ҳам бо Ғарб таҳким бахшида нишон медиҳад, ки дипломатияи мутавозин ба суръат бахшидани рушди миллӣ ва таҳкими устуворӣ дар шароити ноустувории ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Дипломатияи фаъол дар чорчӯби минбарҳои бисёрҷониба
Ӯзбекистон ба туфайли иштироки фаъолона дар чунин созмонҳои бисёрҷониба, мисли СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СДТ, СҲИ ва СИИ, инчунин ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявии пешбари ҷаҳон – Бонки ҷаҳонӣ, БАТР, Бонки осиёии рушд ва Бонки осиёии инфрасохторию сармоягузорӣ ҳузури байналмилалии худро ба таври назаррас густариш дод.
Ин иштироки васеъ сиёсати пайгиронаи ҳамгироиро инъикос намуда, бисёрҷонибагиро ба воситаи муассири рушди миллӣ ва ҳамкории ҷаҳонӣ табдил медиҳад.
Аз соли 2017 Ӯзбекистон фаъолона ташаббусҳои байналмилалиро пешниҳод мекунад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф меёбанд. Маҷмаи умумии СММ даҳҳо қатъномаеро, ки аз ҷониби Тошканд пешниҳод шудаанд, қабул кардааст. Кишвар баргузоркунандаи ҳамоишҳои бузург дар Самарқанд ва Тошканд гардид ва мавқеи пешсафиро дар як қатор созмонҳои минтақавӣ ишғол намуд. Танҳо дар соли 2022 ҷумҳурӣ раёсати СҲШ, СДТ ва СИИ-ро бар дӯш дошт, ки нақши онро ҳамчун ҳамоҳангсози минтақавӣ тақвият бахшид.
Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар соли 2025 бори аввал дар Самарқанд Форуми СММ оид ба хизмати давлатӣ баргузор гардид, инчунин охири ҳамин сол шаҳр мизбони иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО хоҳад шуд, ки бори аввал аз соли 1985 ба берун аз Париж кӯчонида мешавад.
Ташаббусҳои бисёрҷониба бо дипломатияи иқтисодии кишвар зич вобастаанд. Аз ҷумла, рушди савдо ва сармоягузорӣ, инчунин васеъ намудани дастрасии молу маҳсулот ва хидматрасониҳои Ӯзбекистон ба бозорҳои бузурги ҷаҳонӣ аз самтҳои афзалиятнок ба шумор мераванд. Ҳадафи стратегии кишвар ҳамоно пайвастан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо боқӣ мемонад. Аз соли 2020 пас аз азсаргирии музокирот, Ӯзбекистон фаъолона дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ дар Женева иштирок мекунад ва ният дорад, ки узвиятро дар Конфронси 14-уми вазирони СУС, ки соли 2026 дар Камерун баргузор мегардад, ба расмият дарорад.
Хулоса
Тағйирёбии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон дар даҳсолаи охир равшан нишон дод, ки боз будан, тавозун ва прагматизм метавонанд воситаи муассири дипломатия дар шароити ноустувории ҷаҳонӣ бошанд.
Бо амиқтар сохтани ҳамкориҳои минтақавӣ, барқарор кардани муносибатҳои баробар бо Шарқ ва Ғарб, инчунин иштирок дар форматҳои бисёрҷониба, Тошканд худро ҳамчун шарики боэътимоди минтақавӣ ва бозигари созандаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.
Ӯзбекистон пулҳо месозад, Осиёи Марказиро ба механизмҳои ҷаҳонии идоракунӣ ҳамгиро мекунад ва ҳамкории байналмилалиро ҳамчун воситаи модернизатсияи дохилӣ истифода мебарад. Сиёсати бисёрсамта, ки бар асоси муколама, дахолат накардан ва шарикии диверсификатсияшуда бунёд ёфтааст, нишон медиҳад, ки давлатҳо метавонанд соҳибихтиёриро ҳимоя кунанд, ба рушд бикӯшанд ва ҳатто дар шароити нооромии ҷаҳонӣ ба суботи минтақавӣ саҳм гузоранд.
Элдор ТУЛЯКОВ,
директори иҷроияи Маркази «Стратегияи рушд».
ӮзА