Ӯзбекистони Нав бо қатъият пеш меравад

Дар саросари кишвар маросимҳои таҷлили 34-умин солгарди касби истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳ ва шаҳомати том идома дорад. Инро метавон дар мисоли вилояти Фарғона низ дид, ки ин маросим таҳти шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» бо хурсандии бузург ба вуқӯъ пайваст.

 

«Имрӯз ҳамаи мо як ҳақиқати ҳаётиро амиқ эҳсос мекунем. Ба туфайли ислоҳоти бузурге, ки мо дар асоси ғояи «Ӯзбекистони Нав» оғоз кардем, ҳар як ҳамватани мо ҳуқуқ ва озодиҳоеро дар ҳаёти худ амиқ эҳсос менамояд ва аз ин имкониятҳо васеъ истифода мебарад, ки истиқлол додааст».

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 

Дар саросари кишвар маросимҳои таҷлили 34-умин солгарди касби истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳ ва шаҳомати том идома дорад. Инро метавон дар мисоли вилояти Фарғона низ дид, ки ин маросим таҳти шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» бо хурсандии бузург ба вуқӯъ пайваст. 

Аз тарафи шом мардуми зиёд рӯ ба самти Экошаҳри маркази маъмурии вилоят мешитофтанд, то ки дар амфитеатр ҷои худро ишғол кунанд ва аз барномаҳои консертӣ баҳраманд шаванд. Дар ҳақиқат, чеҳраи ҳама аз шодиву тараб гул мекард. Ногуфта намонад, ки ҷашнвора фаъолони вилоят, намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳру ноҳияҳо – собиқадорони корзори меҳнат, пешқадамони истеҳсолот, аҳли адабу фарҳанг, соҳибкорон, намояндагони қишри ҷавони вилоят ва меҳмонони хориҷиро гирдиҳам оварда буд.

– Моҳияти ислоҳоте, ки ба хотири ободии кишварамон ва саодатмандии мардумонамон анҷом дода мешавад, самараи хуби худро намоиш медиҳад. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ иқтисодиёти вилоят 6,8 фоиз афзуда, 49,3 триллион сӯмро ташкил дод. Барои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ 1,4 миллиард доллар сармоя ҷалб карда шуд ва ҳаҷми содирот дастикам 600 миллион долларро ташкил намуд, – гуфт ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров.

Вай афзуд, соли 2017 теъдоди кишварҳое, ки ба соҳаҳои гуногуни вилоят сармоягузорӣ кардаанд, ҳамагӣ 4-торо ташкил медод, аммо то охири соли 2024 ин шумор ба беш аз 30 адад расид.

Дар ҳафт соли охир ҳаҷми сармояи хориҷӣ ва қарзҳои ҷалбшуда ба вилоят ба 1 миллиарду 800 миллион доллар расидааст, ки нисбати солҳои пеш ба 58 маротиба афзоиш ёфтааст.

Таъкид гардид, ки имсол дар вилоят 350 бинои серошёнаи дорои 16 ҳазору 366 квартира сохта мешавад. Мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав», Маркази илмӣ-сайёҳии ба номи Бурҳониддини Марғинонии шаҳри Марғелон, роҳандозии сохтмонҳои босифат ва тибқи анъанаҳои меъмории шаҳрсозии замонавӣ ба ин мисоли равшан шуда метавонанд.

Маълум шуд, ки дар ҳудуди обанбори «Каркидон»-и ноҳияи Қува маҷмааи сайёҳии замонавӣ сохта мешавад. Гузашта аз ин, дар соҳаи таълими халқ низ корҳои ба назар намоён ба ҷо оварда хоҳанд шуд, ки аз самараи он ҳам давлат ва ҳам мардум бархурдор мегарданд.

Гуфта шуд, ки дар вилоят рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва фароҳам овардани шароит барои таҳсили ҷавонон аз авлавияти вазифаҳои дастандаркорони соҳаҳои марбутаи вилоятро ташкил менамояд. Инчунин дастовардҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, таълими халқ, тиб, кишоварзӣ ва амсоли он қобили мулоҳиза ва эътироф мебошанд.

Дар маросими таҷлили 34-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ барномаи бошукӯҳи идонаи театрӣ намоиш дода шуд, ки шукӯҳу шаҳомати онро боз бештар намуд. Таронаҳои Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон Илҳом Иброҳимов, овозхонҳои мумтоз Ботир Қодиров, Қиличбек Мадалиев, гурӯҳҳои раққосон ва як қатор истеъдодҳои ҷавон ба тамошобинон табъи идона бахшид. 

Аз вазъият истифода бурда бо иштирокчиёни ин маросими идона ҳамсуҳбат шудем. Мухлиса Раҳмонова гуфт, ки аз ноҳияи Риштон ба маркази вилоят ташриф овардааст.

– Ман солҳои зиёд дар соҳаи таълими халқ кор кардаам ва ҳоло дар нафақа мебошам. Аз иштирок дар ин гуна маросими мутантан хеле хушҳолам. Баъди таваҷҷуҳ ба суханронии ҳокими вилоят консертро бо шавқу завқ тамошо кардам. Гумон мекунам, кайфияти идонае, ки дар ин ҷо ба ман эҳдо гардид, чанд муддат ҷисму ҷони маро тарк нахоҳад кард. Ҳамвилоятони худро бо ин иди бузург самимона муборакбод мегӯям.  

Ҳамсуҳбати дигари мо Баротҷон Саримсоқови сӯхӣ мебошад. Вай иброз дошт, ки бори аввал дар таҷлили чунин санаи пурифтихор иштирок намудааст ва аз дастандаркорони ҳокимияти ноҳия сипосгузор аст, ки иштирокашро дар ин маросими шодӣ таъмин намуданд.

– Ҳарчанд синнам бузург аст, вале зимни таронаҳои марғуб бо шавқу завқ аз ҷо хеста рақсидам. Муштариёни «Овози тоҷик»-ро ба тамошои диёри кӯҳистонии Сӯх даъват мекунам. Базму тараби идонаро дар оғӯши талу теппаҳо ва насими файзбори рӯди Сӯх давом медиҳем. Марҳабо ба Сӯхи бостонӣ! – изҳор намуд Баротҷон Саримсоқов бо хурсандӣ.

Дар поёни ин шом оташбозиҳои рангоранг болои шаҳрро бо рангу ҷилоҳои гуногун дурахшонид ва мардум онро низ бо шавқи том дунболагирӣ карданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: