Таъмирталаб ва маҳдудии шароити бинои мактаби таълими умумии рақами 16-уми ноҳияи Когон барои ҷамоаи мактаб душвориҳо пеш оварда буд.
Он фақат 380 нафар талабаро ба бар гирифта метавонист. Ниҳоят муроҷиатҳои падару модарон ва ҷамоа бенатиҷа намонд. Бинои нави иловагии дуошёна дорои 240 ҷой бунёд гардид. Он ба туфайли азму кӯшиши бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Kogon piramida» аз ҳисоби 2 миллиарду 880 миллион сӯм маблағи барномаи сармоявӣ қад боло кард.
Дар маросими кушодашавии бино ҳокими ноҳия Отабек Қазоқов, масъулони соҳа, собиқадорони меҳнат, падару модарон, ҷамоаи мактаб ва дигарон иштирок карданд. Ба сухан баромадагон дар бораи ғамхориҳои давлат, ислоҳотҳои васеъмиқёс ҳарф зада, ҷамъомадагонро бо комёбии назаррас ва 34-солагии соҳибистиқлолии давлатии мамлакат муборакбод намуданд.
Сипас, лентаи рамзӣ бурида шуда, ҷамъомадагон бо мақсади шиносоии комил вориди бинои нави мактаб шуданд.
***
Дар арафаи соли таҳсили нав 34 муассисаи таълимии вилоят, ки дар онҳо ҷараёни сохтмону таъмир ба поён расидааст, ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа барои талабагону тарбиягирандагон 12320 ҷойи нави таълиму тарбиягирӣ фароҳам оварда мешавад.
Ҷараёни сохтмону таҷдидёбиҳо дар даҳҳо муассисаҳои таълими томактабию мактабии вилоят идома дорад.
А.Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.