Фатҳу зафари варзикиён

Чун ҳарвақта варзикиён дар чорабинии онлайнии «Опен-буҷет» фаъол иштирок карданд. Аҳли Варзик бо ҷидду ҷаҳди овоздиҳӣ бо тақдими ду лоиҳа ғолиби «Опен-буҷет» шуданд.

Таҳти роҳбарии раиси маҳаллаи Янгичак Музаффар Зойиров лоиҳаи аввал бо 5067 овоз – 1 миллиарду 499 миллион сӯм ба даст дароварданд. Дар ҳудуд бо мақсади ба аҳолӣ, алалхусус, ҷамоаи мактаби рақами 58-ум қулайӣ фароҳам овардан, беш аз 2,5 километр роҳҳои дохилию пиёдагарди кӯчаҳои Чанор, Мадраса ва Ибни Сино мумфарш карда мешаванд.
Лоиҳаи дуюм зери роҳбарии мудири муассисаи таълими томактабии рақами 41-ум Фирӯза Юсуфова, воқеъ дар маҳаллаи Боло, ба маблағи 1,5 миллиард сӯм пурра таъмир карда мешавад.
 
 Ш. МИРЗОЕВ.
Ноҳияи ЧУСТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: