«Муҳсин, мо бо ту!»

Дар Самарқанд бозии футбол байни собиқадорони дастаи «Динамо» (Самарқанд) ва ситораҳои дастаи миллии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки он ба мақсади хайрия барои муолиҷаи футболбози собиқадор Муҳсин Муҳаммадиеви 58-сола, ки ҳоло дар Маскав давраи муолиҷаи худро мегузаронад, ба амал омад.

Ин бозӣ зери шиори «Муҳсин, мо бо ту!» доир гардид. Дар он мухлисон ва бинандагон шоҳиди 8 гол гардиданд, ки онҳоро аз ҷониби дастаи «Динамо» ба дарвозаи Нестеров Ҷаъфар Ирисметов (2 гол), Баҳодур Насимов ва Ҳамдам Раҳмонов заданд. Аз ҷониби ситораҳои футболи Ӯзбекистон Леонид Кошелов, Азамат Абдураимов, Ғулом Ҳалимтоев ва Акмал Холматов голҳоро ба дарвозаи собиқадорони «Динамо» зада, дар натиҷа ҳисоби 4:4 ба қайд гирифта шуд. 
Ба дастаи «Динамо» Ҳаким Фузайлов ва Илҳом Шарифов мураббигӣ карданд, ситорагони футболи дастаи ҷумҳуриро бошад, футболбози маъруф Бародар Абдураимов ба бозӣ омода кардааст, хабар медиҳад хидмати матуботи дастаи «Динамо».
Дар айни ҳол Муҳсин Муҳаммадиев дар Маскав давраи муолиҷаро аз сар мегузаронад. Ӯ дастпарвари мактаби футболи «Помир»-и Душанбе буда, ғайр аз ин дар таркиби дастаи «Спартак» (Маскав), клубҳои Аврупо ва тими миллии Тоҷикистон бозӣ кардааст, инчунин чандин мавсимро дар клубҳои Ӯзбекистон, аз ҷумла дастаи «Бухоро» чун сармураббӣ фаъолият дошт. То рӯзҳои наздик ӯ яке аз мураббиёни дастаи миллии Тоҷикистон буд.
Маблағи аз бозӣ бадастомада ба ҳисобсурати хайрия барои кумак ба муолиҷаи М.Муҳаммадиев таҳвил дода мешавад.

Ш. МИРЗОЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: