Имом-хатибон дар шоҳмоту шашка рақобат карданд

Ба қарибӣ дар Бухоро байни имом-хатибон ва ноибони онҳо мусобиқаи шоҳмоту шашка ба амал омад.

Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Азизбек Қаландаров иштирок карда, иштирокдорони қувваозмоиро бо Иди аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз муборакбод намуд.

Байни шоҳмотбозон ҷойи аввал ба имом-хатиби масҷиди «Қорӣ Фазлиддин»-и ноҳияи Шофиркон Мустақим Исоев, ҷойи дуюм ба имом-хатиби масҷиди «Абдулазизхон»-и ноҳияи Вобканд Қурбон Шукруллоев ва ҷойи сеюм ба имом-хатиби масҷиди «Хоҷа Қаъбул ахбори валӣ»-и ноҳияи Когон Ҳайдарҷон Одилов насиб кард.
Дар қувваозмоиҳои шашкабозон ҷойи якумро имом-хатиби масҷиди «Маҳаллаи боло»-и но-ҳияи Рометан Ғайрат Наҷмиддинов, ҷойи дуюмро имом-хатиби масҷиди «Аҳадҳоҷӣ Қиличӯғлӣ»-и ноҳияи Шофиркон Олим Орифов ва ҷойи сеюмро имом-хатиби масҷиди «Чиқирчӣ»-и ноҳияи Пешкӯ Ваҳобиддин Бозоров ишғол карданд. 
 
А. Авезов, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: