Истиқлол – неъмати гаронбаҳои таърих

Дар таърихи инсоният миллате бурд кардааст, ки тақдир ба вай шахсиятҳои бузургро ҳадя намудааст, ки вай халқу миллаташро дар атрофи худ муттаҳид гардонида, сарзамини хешро обод созад ва онро аз хатарҳои беруна эмин дорад, забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро пос дошта тавонад.

Ба бахти мардуми куҳанбунёди тоҷик фурсате ба даст омадааст, ки дар қатори дигар ҷумҳуриҳо кишвараш – Тоҷикистонро давлати соҳибистиқлолу озод эълон намояд ва аз ин неъмати гаронбаҳои таърих баҳраёб гардад. 

Бо ташаббуси сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бахшида ба ин санаи таърихӣ чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода аҳли илму фарҳанг, шоиру нависандагон, донишҷӯён ва дигар меҳмононро дар гирди суфраи пурфайзи дӯстона сарҷамъ намуд ва ҳамаро бо ҷашни истиқлоли Ӯзбекистон ва Тоҷикистон табрик намуда, изҳори хушнудӣ намуд: 

– Истиқлол дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург ва сарнавиштсоз буд. Истиқлол  шарафу номуси ҳар миллати озодандешу соҳибхирад, соҳибтамаддуну бофарҳанг ва соҳибэҳтирому донишманд аст. Истиқлоли Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, аз он рӯзе, ки  «Дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эъломия қабул гардид, шурӯъ мешавад. Қабули эъломия боис гардид, ки аҳли олам бо давлати Тоҷикистон мустақилона доду гирифт намуда, намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратии худро боз намоянд ва ҳамкориҳои тарафайнро ба роҳ монанд. Аммо аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар  пешравӣ душвориҳо пеш омаданд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфтаанд: «Боиси таассуф аст, ки Истиқлоли  Тоҷикистон дар ибтидо ба душвориҳои сангин ва ихтилофҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ омад. Қувваҳои дохиливу хориҷӣ, ки соҳибихтиёрии кишвари тоҷиконро чашми дидан надоштанд, мардуми тоҷикро ба зидди ҳамдигар шӯр андохтанд, ҷанги бародаркуш оғоз ёфт».

Дар чунин лаҳзаҳои душвори тақдирсоз барои миллати тоҷик сарваре лозим буд, ки дӯстдори халқу миллат бошад, баҳри пойдории сулҳу ваҳдат тамоми ҳастии худро бахшад. Офаридгор бар сари халқи тоҷик чунин шахсро эҳдо намуд. Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Ва ӯ ба халқи худ чунин изҳор намуд: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва дар ин роҳ агар лозим шавад, ҷони худро дареғ намедорам». Ҳақиқатан ҳам ҳамин хел шуд. Мо имрӯз бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки дар диёри тоҷикон офтоби истиқлол, – гуфт А. Раҳмонзода. – Дар тӯли 34 соли истиқлол Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои худро дар ҳамаи самтҳо ба роҳ монда, дӯстӣ, ҳамҷиҳатӣ ва якдилии байни халқҳоро мустаҳкам намуд.    

Президенти Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, то мардум зиндагии шоиста ва орому осуда дошта бошанд. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 34-соли истиқлол  барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносию худогоҳӣ, болоравиии ҳисси ватандӯстию ватандорӣ дар миёни табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон мебошад.

Бешубҳа, истиқлол рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он аст. Дар ҳар як баромади худ Президенти Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки имрӯз мардуми шарифи кишвар хуб дарк кардаанд, ки ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадааст.

А. Раҳмонзода иброз дошт, ки солҳои охир муносибати Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳо боиси хушнудиҳо мегардад. Ҷавонони ӯзбекистонӣ дар муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон ва ҷавонони тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон таълим мегиранд. Шоиру нависандагон ва аҳли фарҳангу санъати  ду кишвар ҳамкории қавӣ доранд. Дар рӯзҳои ҷашнӣ ба намояндагони фаъоли ду халқ нишон ва ифтихорномаҳо супурда мешаванд, ки ин нишонаи дӯстӣ ва бародарии мардуми ду кишвар мебошад.    

Дар чорабинӣ аз ҷониби сафорат ба як гурӯҳ эҷодкорони ӯзбекистонӣ Солеҳ Муҳаммадҷон, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Саодат Сангинова, Ҷаъфари Муҳаммад, Илҳоми Насафӣ шаҳодатномаи узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ба Раҳимҷон Шодмонов, Мадёр Иброҳимов, Каримҷон Тошқулов Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, ба Шерпӯлод Вакилов, Файз Маҳмудов, Шоқаҳҳор Салимов ва донишҷӯёну кормандони сафорат ифтихорномаҳо супурда шуданд.

Дар гирдиҳамоӣ баромади санъаткорон, шоиру нависандагон, ки суруду шеърҳои онҳо ифодагари шукронаи ватан, истиқлол, дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ буд, табъи иштирокдоронро болида сохт.

Саодат Бекназарова, хабарнигори «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: