Коргоҳ бо технологияи хориҷӣ муҷаҳҳаз гардид

Дар ноҳияи Бухоро низ барои соҳибкорон имкониятҳои васеъ фароҳам шудааст, ки айни замон дар рушди саноати ноҳия нақши калон мебозад.

Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли хайма ва халтаҳои варзишии «Следопит» дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони рус дар назди ҷамоати шаҳрвандони «Шергирон» таъсис ёфт. Коргоҳ бо технологияи хориҷӣ муҷаҳҳаз гардида, дар марҳилаи аввал ба маблағи 300 ҳазор доллар сармоя ҷалб карда шуд.

Масъулони ноҳия, ки ҷиҳати афзун намудани иқтидор ва имкониятҳои корхонаҳои истеҳсолии ноҳия чораҳои мақсаднокро амалӣ мегардонанд, ҳамчунин аз маҳал дидан намуда, фаъолияти корхонаи хориҷии «Следопит»-ро мавриди омӯзиш қарор доданд. Сарвари корхона дар бораи нақшаҳои худ нақл намуда, таъкид кард, ки аз ҳисоби ба хориҷа баровардани маҳсулот ва даромади асъори хориҷӣ бештар самарадории меҳнат ва некӯаҳволии моддии ҷамоаи худро баланд мебардорад. Иқтидори содироти корхона то охири соли ҷорӣ ба 1 миллион доллари ИМА хоҳад расид.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: