Президент Шавкат Мирзиёев 10 сентябр бо пешниҳодҳо оид ба рушди соҳаи технологияҳои молиявӣ шинос шуд.
Имрӯз бозори ҷаҳонии финтех босуръат рушд мекунад. Ҳаҷми он дар соли ҷорӣ аз 300 миллиард доллар гузашт ва то соли 2030 зиёда аз 600 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Дар Ӯзбекистон низ имкониятҳои калон кушода мешаванд. Агар соли 2018 дар кишвар ҳамагӣ 24 ширкати финтех фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 103 расидааст. Танҳо дар соли ҷорӣ корхонаҳои миллӣ зиёда аз 260 миллион доллар сармояи хориҷиро ҷалб карданд, ки ин нисбат ба соли гузашта чор маротиба зиёд аст.
Дар ҷараёни муколамаи ошкорои Президент бо соҳибкорон дар бораи дастгирии ҳазор стартап, ҷорӣ намудани низоми «open banking» ва таҳияи стратегияи панҷсолаи рушди финтех изҳор шуда буд. Дар тақдимот масъулин нақша ва пешниҳодҳои худро дар ин самт ироа карданд.
Барои таҳияи стратегияи рушди финтех таҳлили заминаи ҳуқуқӣ, ҳолати кунунии соҳа, инфрасохтор ва иқтидори кадрӣ гузаронида мешавад. Бо ҷалби коршиносони Сингапур таҷрибаи байналмилалӣ омӯхта мешавад. Дар ин замина, принсипҳои миллӣ, меъмории институтсионалӣ ва механизмҳои ҳамкории байниидоравӣ муайян карда мешаванд. Ҳадафи асосӣ – фароҳам овардани экосистемаи устувор, фарогир ва рақобатпазири хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.
Бе истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои блокчейн рушди бозори молиявии муосир ғайриимкон аст. Ба андешаи коршиносон, истифодаи онҳо метавонад даромади бонкҳоро то 20 фоиз, ҳаҷми хизматрасониҳои молиявиро то 30 фоиз зиёд кунад ва ҳамзамон хавфҳоро то 15 фоиз коҳиш диҳад.
Сарвари давлат дастур дод, ки имкониятҳои технологӣ ва ҳиссаи хизматрасониҳои рақамии бонкҳо васеъ карда шавад.
Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолияти Офиси финтех дар Бонки марказӣ барои муайян ва идора кардани меъёрҳои муваффақият муайян шуданд. Нақшаҳо оид ба таъсиси ҳаб инноватсионӣ барои суръатбахшии стартапҳо, ҷорӣ намудани идеяҳои нав ва ҷалби сармоягузорӣ тасдиқ гардиданд. Таъкид шуд, ки ин чораҳо ба табдил ёфтани Ӯзбекистон ба маркази минтақавии финтех мусоидат хоҳанд кард.