Бозии «Заковат» байни имом-хатибони вилоят

Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон таҳти шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» дар байни имом-хатибони вилояти Навоӣ бозии интеллектуалии «Заковат» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар бинои Маркази маданият ва маърифати шаҳри Навоӣ баргузор шуд. Дар тадбир саримом-хатиби вилояти Навоӣ Темурҷон Атоев, ҷонишини ҳокими вилоят Элёр Мардонов, имом-хатибони шаҳр ва ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин тамошобинони зиёд иштирок намуданд.

Темурҷон Атоев доири моҳият ва аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, осудагиву осоиштагии кишвар, мавқеи имом-хатибон дар ташаккули маърифат ва маънавияти шаҳрвандон маърӯза кард.

Элёр Мардонов ҳозиринро бо фарорасии ҷашни бошукӯҳ – 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон муборакбод намуда, таъкид кард, ки рушди маънавияти динӣ, ободгардонии масҷидҳо ва дуруст ба роҳ мондани таълимоти динӣ дар донишгоҳҳои динӣ ҳамеша дар эътибори давлат мебошад.

Дар бозии интеллектуалии «Заковат» аз 11 ҳудуди вилоят 7 гурӯҳ қувваозмоӣ карданд. Пас аз ҷамъбасти мусобиқа муайян гардид, ки ҷамоаи «Қосимшайх» аз ноҳияи Кармана дар ҷойи аввал ва гурӯҳи «Қизилқум» аз шаҳри Зарафшон дар мақоми дуюм қарор гирифта, ҷойи сеюм ба ҷамоаи «Қалқонато» аз ноҳияи Навбаҳор насиб гардид.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: