– гуфт сарояндаи машҳури опера Андреа Бочеллӣ, ки дар майдони Регистон ҳунарнамоӣ кард
Ин барномаи консертӣ бо ташаббуси Бунёди рушди фарҳанг ва санъат якҷо бо Кумитаи Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон, ҳамчунин «Ӯзсаноатқурилишбонк» ройгон ба вуқӯъ пайваст. Онро мардуми Самарқанд, инчунин меҳмонону сайёҳони хориҷӣ тамошо карда, ғизои маънавӣ гирифтанд.
Оркестри миллии симфонии ҷумҳурӣ ва ҷамоаи маъруфи хори кишвар бо сарояндаи опера Андар Гарифулина ҳамроҳӣ карданд.
Сипас Андреа Бочеллӣ аз маҷмӯаи сайёҳии «Роҳи абрешим» боздид кард ва бо иштирокдорони мусобиқаи байналхалқии шоҳмот суҳбат орост.
Тенори машҳуру маъруфи италиёӣ Андреа Бочеллӣ соли 1958 дар Италия чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар 12-солагӣ аз ду дидаи бинои худ ҷудо гаштааст. Ӯ таҳсилро дар мактаби мусиқии нобиноён идома дода, бо гузашти айём яке аз сарояндагони номӣ гардид. Вай 6 маротиба сазовори ҷоизаи байналмилалии «Gremmi» шудааст.
– Самарқанд – ҳамсоли Риму Афина аст, – иброз дошт сарояндаи машҳур, – шаҳри бостонӣ ва афсонавии шуморо бо чашмони дили худ дидам. Сафари ман ба рӯзҳои таҷлили 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон рост омад. Аз фурсат истифода бурда, тавассути рӯзномаи шумо, тамоми мардуми Самарқанд ва Ӯзбекистони Навро бо ин рӯзи сайид самимона табрик гуфта, барояшон дар ҳама соҳаҳо комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.