Нақши мактабҳои мусиқӣ дар рушди фарҳанги миллӣ

Мактабҳои мусиқӣ ва санъат дар рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзу интиқоли анъанаҳои мардумӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва тарбияи ҷавонони эҷодкор нақши калидӣ доранд. Ин муассисаҳо ба кӯдакон ва наврасон имконият медиҳанд, ки на танҳо асбобҳои мусиқиро омӯзанд, балки бо таърихи мусиқии миллӣ ва ҷаҳонӣ шинос шаванд. Омӯзгорони баландихтисос бо истифода аз методҳои муосири омӯзишӣ, наслеро тарбия мекунанд, ки метавонад намояндаи арзандаи фарҳанги миллӣ дар саҳнаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ бошанд.

Мактаби бачагонаи мусиқӣ ва санъати рақами 4-уми ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон, ки солҳои зиёд чун як маркази муҳими тарбия ва рушди истеъдодҳои ҷавон шинохта мешавад, имрӯз низ фаъолияти пурмаҳсулу фарҳангии худро идома медиҳад. Бо садоҳои дилнишину созу овоз, ин боргоҳи санъат на танҳо ба наврасон илми мусиқӣ меомӯзонад, балки меҳри фарҳанги миллӣ ва арзишҳои ҳунариро низ дар дили онҳо парвариш мекунад.
Дар мактаб зиёда аз 178 хонанда дар 14 самт таҳсил мекунанд. Аз ин шумор 115 нафарашон духтарон ва 14 нафар писарон мебошанд. Онҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла, зардӯзӣ, кандакорӣ, рақс, овозхонӣ, фортепиано, рубоб, доира, скрипка ва дигар созҳои миллӣ ва классикӣ таҳсил менамоянд. 
Ҳоло дар мактаб 30 нафар омӯзгорони ботаҷриба ва ҳунармандони номдори маҳаллӣ фаъолият бурда, ба кӯдакон на танҳо навохтан, балки дарк намудани мусиқиро низ меомӯзанд.
Таҳсилгирандагони мактаб дар озмунҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ сазовори ҷойҳои 1-ум ва 2-юм шуда, соҳиби диплом ва ҷоизаҳои арзанда гаштаанд.
Ба наздикӣ дастаи навозандагони мактаб дар озмуни ҷумҳуриявии «Навои Ватан» ҷойи якумро сазовор гардиданд. Муваффақияти дигари мактаб ин аст, ки хатмкунандагони бахши сурудхонии анъанавӣ Мадина Усубҷонова ва Нурзида Исоева бо ҳунарнамоии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф гардида, мухлисони худро пайдо карданд. Мадина ва Нурзида ҳамроҳ бо саъю кӯшиши устодашон Арслон Саходуллоев ва директори мактаб Умедҷон Раҷабов дар чанд барномаи телевизионии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, маҳорати эҷодии худро намоиш доданд.
Муаллими бахши кандакории чӯбӣ Мӯъминҷон Қаюмов ба ҷавонон ҳунарҳои нодири мардумӣ, нозукиҳои санъати кандакориро ёд медиҳад ва бо баромадҳои худ дар шабакаи телевизионии «Гулдаста»-и Намангон мухлисони зиёд пайдо кардааст.
Ба наздикӣ дар мактаб таҳти мавзӯи «Ҳамкории интегратсионии мактабҳои мусиқии бачагона ва санъат бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ: имкониятҳои нав барои эҷодкорони оянда» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар доираи семинар мубоҳисаҳо оид ба мавзӯъ, дарсҳои маҳорат, барномаҳои консертӣ, муаррифии лоиҳаҳои нав ва як қатор барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда шуданд. 
Дар семинар фаъолияти мактаб барои мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъати ҷумҳуриамон намунаи ибрат нишон дода шуд. 
Инчунин муовини директор оид ба корҳои таълимӣ-маърифатии мактаб Шаҳноза Содиқова сазовори эътирофи ҷумҳуриявӣ гардид. Вай дар байни 326 мактаби бачагонаи мусиқӣ ва санъати ҷумҳурӣ «Намунавитарин ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ» дониста шуда, бо сипосномаи Вазорати фарҳанг мукофотонида шуд.
–  Мақсади асосии мо ин аст, ки тавассути мусиқӣ ва санъати амалӣ шахсияти созанда ва фарҳангдӯст тарбия намоем, – иброз дошт Умедҷон Раҷабов – Мо кӯшиш мекунем, ки ҳар як хонанда истеъдоди хоси худро пайдо ва рушд диҳад.
Хатмкунандагони мактаб дар соҳаи санъат ва фарҳанг дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, Донишкадаи санъат ва маданияти Ӯзбекистон, инчунин дигар донишкадаҳои ҷумҳурӣ таҳсилро идома медиҳанд.
Ҳар сол дар мактаб консертҳои ҳисоботӣ ва намоишҳои санъати амалӣ баргузор мегардад, ки падару модарон, намояндагони соҳаи фарҳанг ва сокинони шаҳр метавонанд ҳунари толибилмонро бо чашми худ бинанд. Ин чорабиниҳо на танҳо маърифати мусиқии ҷомеаро боло мебаранд, балки ба хонандагон имконият медиҳанд, ки бо саҳна ошно шаванд ва таҷриба андӯзанд.
Дар замони рушди технология ва тағйирёбии завқи ҷавонон, фаъолияти чунин мактабҳо барои ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи зебоӣ эҳсоси муҳим арзёбӣ мешавад. Мактаби мусиқӣ чун чашмаест, ки аз он наслҳои оянда нӯш менамоянд ва фарҳанги миллиро зинда медоранд.
Дар баробари омӯзиши фаннӣ, мактабҳои мусиқӣ инчунин дар тарбияи ахлоқӣ ва эстетикии шогирдон саҳми назаррас доранд. Омӯзиши мусиқӣ сабру тоқат, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиро тақвият мебахшад. Ҳар як шогирде, ки ба саҳна мебарояд, на танҳо ҳунари худро, балки фарҳанги пурғановати миллатро муаррифӣ мекунад.
Дар замони муосир, ки техника ва технологияҳои нав ба ҳаёти мо ворид шудаанд, рушди мусиқӣ ва санъати амалӣ низ бояд ҳамқадам бо вақт бошад. Бо вуҷуди ин, ҳифзи мусиқии анъанавӣ ва омӯзиши мактаби мусиқии классикӣ, бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад. Зеро он решаҳои моро муаррифӣ мекунад ва ба мо ҳисси ифтихор мебахшад. 
Фароҳам овардани шароити беҳтари омӯзиш, таҷдиди асбобҳои мусиқӣ, боло бурдани маоши омӯзгорон ва ташкили чорабиниҳои мусиқии маҳаллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки метавонанд мактабҳои мусиқиро ба сатҳи нав бардоранд.
Бояд гуфт, мактабҳои мусиқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг аст. Дониш ва малакаҳое, ки дар дарсҳои мусиқӣ гирифта шудаанд, ба кудакон кумак мекунанд, ки гуногунрангии фарҳангиро беҳтар дарк ва қадр кунанд. Ин ба рушди таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми фарҳангҳои дигар мусоидат мекунад. Дастгирии ин муассисаҳо – дастгирии фарҳангу ҳунари миллат аст.
 
Мағфират Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик». 
Вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: