Ман «Солҳое, ки «нависанда» будам» («Овози тоҷик», 23.07, с. 2025, №59) ном маводи хотиравии адиби муҳтарам Муҳаммадҷон Шодиевро бо майлу рағбати зиёд мутолиа намудам. Чанд рӯз дар зери таъсири он фикр ронда, пас қалам ба даст гирифтам.
Муаллиф солҳои мактабхонӣ ва ҷавониашро ба ёд оварда дуруст қайд кардааст, ки насли ҷавон он солҳо ба хониши осори бадеӣ ҳаваси беандоза доштанд. Китобхонаю дӯконҳои китоб пур аз ҳаводору харидорон буданд. Китобҳо таъҷилан ба фурӯш мерафтанд.
Бо ин мисолҳо муаллиф чун эҷодкор гуфтанист, ки ба олами маънавӣ низ эътибор боз афзояд. Китобдӯстону китобхонон зиёд гарданд, ки ин ба пешравии ҷамъияту давлат мусоидат мекунад.
Аз овони бачагиамон медонем, аз он ҷумла, мағозаи китоби деҳаамон – Варзик серхаридор буд. Дӯкони китоби маркази ноҳияи мо – шаҳри Чуст сербару тӯлонӣ буда, шуъбаи тоҷикӣ низ дошт. Ҳуруфи лавҳаи он бо ранги баланд ҷило медоданд. Дар он ҷо, инчунин даста-даста китобҳои бадеию дарсӣ харид мешуданд.
Ба ашъору ҳикояҳои Шодиеви навмашқ аз устодон Раҳим Ҷалилу Озод Аминзода то охирин рӯзноманигору адибон Равшани Ёрмуҳаммаду Мирзомаҳмуд Мирбобоев назар андохта, ба қаламкаши оянда маслиҳату роҳнамоии худро дареғ надоштаанд. Навиштаҳои муаллифи ҷавон дар матбуоти тоҷик – аз рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод»-у «Пионери Тоҷикистон» сар карда, то маҷаллаи «Садои Шарқ» дарҷ гардидаанд. Дар байни интишорот ҳикояҳои «Фарзон», «Армони ҳамдардҳо», «Маънии нигоҳ», «Ҷӯраҳо» ва ҳоказо буда, баъзеи онҳо саҳифа-саҳифа ва дар чанд шумора бардавом нашр гардидаанд.
Аз ҳама ёрии зӯрро ҷонишини сармуҳаррири «Садои Шарқ» Саттор Турсун додааст, аз 5 ҳикояи Шодиев дутоашро худ гирифта, яктоӣ ба ҳамкоронаш Ҷонибек Акобиров, Баҳманёр ва Муҳаммадраҳими Сайдар барои азназаргузаронӣ медиҳад. Ҳикояҳо дар матбуоти тоҷик аз чоп баромадаанд.
Дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» бо ба табъ расондани осори Шодиев Ҷонибек Қувноқ онҳоро ба ӯзбекӣ низ баргардондааст.
Қиссаю ҳикояҳои дар ин рӯзнома чопшудаи адибро нависанда Иноят Насриддин (шоистаи ҷаннат шавад!) аз радиои Тоҷикистон шунавондааст.
Суханвари пешқадам Шодиев дар шуъбаи тоҷикии радиои Ӯзбекистон, радиои байналмилалии Тошканд ва рӯзномаи «Овози тоҷик» кор карда, инчунин тақрибан бо кулли воситаҳои ахбори оммавии ҷумҳуриявиамон ҳамкорӣ намуда, аз ҳикоя ба қиссаву романнависӣ гузаштааст. Маҳсули эҷоди он, инчунин дар сомонаи Ziyo.uz aкс меёбанд.
Муаллиф ҳамчунин ба руйхати Антологияи онлайнии насри ӯзбек дохил буда, аз ҷониби Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон борҳо ба гирифтани ҷоизаҳо ноил шудааст.
Гарчи синнаш ба ҷое расидааст ва то имрӯз шоир, носир, публитсисти номдор ва узви созмонҳои эҷодии Ӯзбекистону Тоҷикистон аст, бо ғояти хоксорӣ навиштааст, ки орзуи ман нависанда шудан.
Вай қайд мекунад: «Мегӯянд, орзу дар ҷавонӣ айб нест. Дар калонсолӣ-чӣ? Дар ҳама синну сол магар одам бо орзу ва ниятҳои нек зиндагӣ намекунад?» Ҳақ аст, инсони зинда бо орзую ният умр ба сар мебарад. Бе орзу ҳаёт нест.
Чунон ки дидем, ягон идораи ахбори оммавӣ, адиб ё рӯзноманигоре дар ҳар гуна вазъ Шодиевро маъюсу дилгир накарда, ҳама осори ӯро дар ду ҷумҳурӣ оммавӣ гардонда ва мегардонанд.
Устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ ва дигарон ба ҳамкасбу эҷодкорон, қатъи назар аз кӣ ва аз куҷо буданашон, ҳамеша дасти ёрӣ дароз кардаанд. Мисол, С. Улуғзодаи насрнавис ба китобҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, Юсуфҷон Акобиров, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ ва ғайраҳо сарсухан навишта, ба эҷоди онҳо комёбию роҳи сафед гуфтааст. Манзили охираташон обод бошад! Дар ёди неки моянд онҳо. Ин анъанаи адабӣ-таърихии аз даври устоди саромад Рӯдакӣ оғозёфтаро қаламкашон давом дода истодаанд.
Ман таассуф мехӯрам, ки дар замони мо чунин падидаҳои нек қариб аз байн рафтаанд. Мо ҳам мехоҳем, ки мисли М.Шодиев устодони ғамхору беғараз ва меҳрубон дошта бошем. Мисли ин ки Раҳим Ҷалил, Саттор Турсун, Иноят Насриддин, Низом Қосим ва дигар адибони тоҷик некиҳое, ки ба Муҳаммадҷон Шодиев кардаанд, мехостем нисбат ба мо ҳам кунанд.
Қобили ҳавасу қайд аст, ки Самарқанд, воҳаи Сурхон ва ноҳияи Сӯх муҳити адабӣ доранд, вале ин кам аст. Дар вилояти Намангон низ буд ва ҳаст чунин муҳит. Ба он ёрӣ, рушду нумӯъ додан зарур аст. Пас меарзад, ки мо обуначиёну хонандагонро ба матбуоти тоҷик дар вилоят афзун гардонем.
Камина ҳам ҳарчанд ҳоло нафақахӯр аст, орзу дорад, ки эҷодкор шавад.
Бояд чунон кору фаъолият кунем, ки чун устодон аз мо низ некӣ боқӣ монад.
Шарофхон МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.