Дар арафаи ҷашни 34-умин солгарди истиқлолияти кишвар дар маҳаллаи Тӯлабойи шаҳри Қӯқанд маросими кушоиши бинои муассисаи тиббии хусусӣ баргузор шуд.
Дар он ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ва мақомоти шаҳрдории Қӯқанд иштирок карданд. Муассиса бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Алишер Хоҷаев ва бо сармояи қариб 6 миллион доллари амрикоӣ бунёд гардидааст. Он дорои 80 кати статсионарӣ ва шуъбаҳои амбулаторӣ буда, дар як шабонарӯз ба 250 нафар бемор хизмат мерасонад.
Дар ин муассиса барои анҷоми ҷарроҳиҳои мураккаб, аз қабили ҷарроҳии урологӣ, нейроҷарроҳӣ, травматологӣ, стоматологӣ, ҷарроҳии гӯшу ҳалқу бинӣ шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло дар вилоят 1 ҳазору 412 муассисаи тиббӣ мавҷуд буда, 964-тои он дармонгоҳҳои хусусии ихтисосҳои гуногун мебошанд. Дар натиҷаи роҳандозии хадамоти иловагӣ дар клиникаҳои нави замонавӣ соли равон беш аз 150 ҳазор нафар бемор аз ёрии статсионарӣ баҳра бурдаанд, ҳудуди 16 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дода шудааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.