Дар Ӯзбекистон рақамисозии фаъолияти судҳо, яъне ба таври ҷиддӣ кам кардани омили инсонӣ ва таъмин намудани адолати судӣ ба роҳ монда шуд. Ин қадами боваринок ба сӯи адолат мебошад. Мухбири ӮзА бо роҳбари Департаменти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷасур Умаров дар ин мавзӯъ суҳбат кард.
– Бо ташаббус ва роҳбарии Президенти мо пайваста оид ба рақамисозии фаъолияти судҳо корҳо марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.
Хидматрасониҳои интерактивии суд ба роҳ монда шуда, аз онҳо тавассути воситаҳои шахсии алоқа ва мустақилона дар биноҳои суд истифода бурдан мумкин аст. Дар судҳо низоми электронӣ барои навбатгирӣ ба кор дароварда шуд.
Барои шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ тақрибан 20 намуди хидматрасониҳои интерактивӣ ба роҳ монда шудааст. Маҷмааи низомҳои иттилоотии «Адолат» ба кор даромад ва тартиби баррасии парвандаҳои судӣ то 90 фоиз автоматӣ гардид.
Дар соли 2025 шаҳрвандон тавассути кабинети шахсӣ ба судҳо тақрибан 3 миллион муроҷиати мурофиавӣ ирсол карданд.
Тақрибан 6 миллион қарори суд дар сомонаи расмӣ ба омма эълон гардид. Аз хидматрасонии назорати ҳолатҳои вобаста ба баррасии парвандаҳо дар вақти воқеӣ ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 82 ҳазор нафар шаҳрванд истифода мебарад.
Шаҳрвандон аз хидмати дарёфти иттилоъ дар бораи ҷаласаҳои судӣ ба таври онлайн низ васеъ истифода мебаранд.
Тавассути Портали хидматрасониҳои интерактивии Суди олӣ имконияти пардохти боҷи давлатӣ ва хароҷоти судӣ ба таври электронӣ фароҳам шуд. Барои иштирокчиёни ҷаласаҳои судӣ иттилоъ дар бораи муҳокима ва натиҷаҳои он тавассути паёми «SMS» ирсол мегардад.
Аз тариқи ҳамин низом ба тарафҳо 1 миллиону 114 ҳазор даъватномаҳои судӣ, қарорҳои суд ва дигар ҳуҷҷатҳои судӣ ирсол шуданд.
Барои шаҳрвандон имконият фароҳам оварда шуд, ки дар ҳама гуна парвандаҳо ба судҳои марҳилаи аввал муроҷиат намуда, инчунин шикоятҳои худро ба судҳои болоӣ ба таври электронӣ ирсол кунанд, марҳилаҳои баррасӣ ва натиҷаи парвандаро онлайн пайгирӣ намоянд.
Замимаи мобилии портали хидматрасониҳои интерактивии Суди олӣ ба кор дароварда шуд. Тақрибан 400 толори ҷаласаҳои суд бо таҷҳизоте муҷаҳҳаз гардиданд, ки имкони иштирок дар шакли видеоконференсияро медиҳанд.
Дар натиҷаи истифодаи низоми видеоконференсия дар ду соли охир барои хароҷоти роҳ 31 миллиард сӯм ва барои овардани айбдоршаванда аз маҳбас ба бинои суд аз буҷети давлат 130 миллиард сӯм сарфа шуд.
– Барои судя ва кормандони суд чӣ гуна имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд?
– Соли 2025 зиёда аз 3 миллион парвандаи гражданӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ тавассути низомҳои иттилоотӣ пеш бурда шуданд. Бо ёрии низомҳои иттилоотии ҷоригардида беш аз 17 миллион парванда бе иштироки омили инсонӣ байни судяҳо ба таври худкор тақсим карда шуд.
Низомҳои иттилоотии Суди олӣ ва Бюрои иҷрои маҷбурӣ ба ҳам интегратсия карда шуда, зиёда аз 20 миллион варақаи иҷро ба таври электронӣ барои иҷро фиристода шуд. Низоми иттилоотии Суди олӣ бо 52 низоми иттилоотии 35 идораи давлатӣ муттаҳид гардида, натиҷан мубодилаи иттилоот то 80 фоиз рақамисозӣ шуд.
Аз Агентии шахсисозӣ зиёда аз 12 миллион маълумоти шиноснома (ID) -и шахсони воқеӣ ба таври электронӣ дастрас карда шуд. Дар натиҷаи рақамисозии судҳо заҳмати меҳнатӣ 10 маротиба кам гардид. Соли 2024 ба зиёда аз 27 миллион дархости судҳо ҷавоби электронӣ гирифта шуда, 229,4 миллиард сӯм сарфа гардид. Вақт барои гирифтани маълумот бошад, аз ҳисоби миёнаи 25 рӯз то ба чанд сония коҳиш ёфт.
60 фоизи муроҷиатҳое, ки ба судҳо ворид мешаванд, ба таври электронӣ ирсол мегарданд. Дар самти расондан ва тасдиқи гирифтани мактубҳо, даъватномаҳои суд ва дигар ҳуҷҷатҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути шабакаи почта, инчунин нигоҳдорӣ ва ҳисобгирии маълумотҳо низ пурра рақамӣ гардонда шудааст.
Аз 1 ноябри соли 2024 ба гардиши ҳуҷҷатҳои дохилии судҳо технологияҳои муосири иттилоотӣ ҷорӣ гардид. Дар шаш моҳи охир зиёда аз 430 ҳазор ҳуҷҷат тавассути низоми электронӣ гардиш ёфт. Дар натиҷа, сарфи қоғаз дар судҳо хеле кам шуда, пеши роҳи 3,6 миллиард сӯм хароҷоти буҷети давлатӣ гирифта шуд.
– Иттилоот ва амнияти киберӣ чӣ гуна таъмин мегардад?
– Тадбирҳои таъмини амнияти иттилоотӣ ва киберии низомҳои иттилоотӣ ва пойгоҳҳои маълумотҳои суд, инчунин ҳифзи ҳамаҷонибаи маълумот тақвият дода шуданд. Аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз ба низомҳои иттилоотии Суди олӣ зиёда аз 150 ҳазор ҳамлаи киберӣ сабт гардида, ҳамаи онҳо пешгирӣ шуданд. Наздики 7 ҳазор хавфу таҳдидҳои сатҳи баланд ошкор шуда, ҳамаашон бартараф гардиданд.
– Барои иҷрои Фармони роҳбари давлат дар бораи «Баланд бардоштани сатҳи таъмини адолати судӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ба фаъолияти судҳо ва такмил додани таъминоти моддиву техникии низоми судӣ» чӣ гуна корҳо анҷом дода мешаванд?
– Ин фармон корҳои рақамисозии соҳаи судро ба марҳилаи нав баровард. Дар ҳамин асос, бо мақсади даст кашидан аз шакли қоғазӣ, тибқи консепсияи «Суди рақамӣ» пешбурди парвандаҳо тадриҷан пурра ба шакли электронӣ гузаронида мешавад.
Намудҳои хидматрасониҳои интерактивии электронӣ барои шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ зиёд карда мешаванд.
Бо ёрии зеҳни сунъӣ имконияти ҳисоб кардани хароҷоти судӣ фароҳам мегардад. Реестри электронии манбаъҳо ва мундариҷаҳое, ки аз ҷониби суд манъ шудаанд, пеш бурда мешавад.
Барои ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ба фаъолияти суд, инфрасохтори техникии мувофиқро офарида, оид ба такмил додани заминаи меъёриву ҳуқуқии ин самт чораҳо андешида мешаванд.
Дар асоси низомҳои иттилоотии Суди олӣ модул ё архиви ҳуҷҷатҳои судӣ таҳия ва ҷорӣ карда мешавад. Дар самти рақамисозии фаъолияти суд таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи «Ҳуқуқи киберӣ» гузаронида шуда, инчунин саводнокии рақамӣ ва малакаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд пайваста баланд бардошта мешавад.
– Консепсияи «Суди рақамӣ» чӣ гуна имкониятҳо фароҳам меорад?
– Дар асоси консепсияи «Суди рақамӣ» пеш аз пешниҳоди ариза ба суд, барои шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ имконият фароҳам оварда мешавад, ки бо ёрии зеҳни сунъӣ натиҷаи тахминӣ ва инчунин ҳисоби хароҷоти эҳтимолии муҳокимаи судиро ба даст оранд. Муроҷиатҳо танҳо ба шакли электронӣ ба суд ирсол мешаванд. Шахсони иштирокчӣ дар парванда бидуни ҳузур дар бинои суд метавонанд аз масофа дар муҳокимаҳои судӣ ширкат варзанд.
Барои тарафҳо ва дигар иштирокчиёни парванда имконият фароҳам мегардад, ки бо тамоми маводҳои марбут ба парванда ба шакли электронӣ шинос шаванд. Бо ёрии зеҳни сунъӣ баёноти ҷаласаҳои судӣ дар вақти воқеӣ ба шакли матнӣ омода карда мешаванд.
– Ба таври автоматӣ ташаккул додани лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои судӣ бо ёрии зеҳни сунъӣ чӣ натиҷа медиҳад?
– Бо Фармон барномаи махсуси солҳои 2025–2027 барои рақамисозии соҳаи суд ва ворид намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ба раванди адолати судӣ тасдиқ гардид.
Бар асоси он, вазифа гузошта шудааст, ки бо ёрии зеҳни сунъӣ платформае барои таҳлили ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон, вакилон, ҳуқуқшиносон ва судяҳо ба кор андохта шавад.
Илова бар ин, барномаи махсуси иттилоотӣ барои автоматӣ таҳия намудани ҳуҷҷатҳои судӣ таҳия мегардад. Дар портали хидматрасониҳои интерактивии «my.sud.uz» модули кумаки ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон ҷорӣ мешавад.
Дар доираи он, машваратчии виртуалӣ, ки бар асоси зеҳни сунъӣ фаъолият мекунад, офарида мешавад, ки ба муроҷиатҳои ҳуқуқӣ ҷавоб медиҳад, маълумоти судиро ба таври автоматӣ мерасонад. Ҳамчунин барои шаҳрвандон имконият фароҳам оварда мешавад, ки оид ба парвандаҳои гражданӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маълумоти ибтидоии судиро тавассути Портали ягонаи хидматрасониҳои давлатии интерактивӣ дастрас кунанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтар барои шаҳрвандон дар расидан ба адолати судӣ 5 навъи нави хидматрасониҳои интерактивӣ роҳандозӣ мешавад. Барои истифодабарандагон платформаи «Кабинети шахсӣ» дар низоми иттилоотии суд талқини нав таҳия мегардад.
– Дар Суди Олӣ барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда чӣ гуна корҳо анҷом дода мешаванд?
– Дар доираи иҷрои Фармон дар асоси Раёсати ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотии Суди олӣ Департаменти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ташкил карда шуд.
Департамент фаъолияти худро дар самти таҳия ва ҷорӣ намудани ҳалли рақамӣ оғоз кардааст. Минбаъд низомҳои иттилоотӣ барои судҳо таҳия карда мешаванд. Дар самти автоматӣ гардонидани раванди судӣ, ворид намудани зеҳни сунъӣ, таҳлили таҷрибаи судӣ, пешгӯии қарорҳои суд ва баланд бардоштани самаранокии раванд воситаҳои зарурии иттилоотӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд. Истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ таъмин мегардад.
Таъмин кардани ҳифзи киберамниятии низомҳои иттилоотии суд, муҳофизат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ низ бар дӯши департамент мебошад. Барои таъмини трансформатсияи рақамии фаъолияти суд оид ба рушди низоми судии электронӣ ва дастгирии он тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Саводнокии рақамии судяҳо ва кормандон мунтазам баланд бардошта мешавад. Дар лоиҳаҳои байналмилалии рақамӣ ва ҳуқуқӣ ширкат меварзад.
Дар айни ҳол оиди ба амал баровардани чунин чорабиниҳо ба корҳои амалӣ қадам гузошта шуданд.Ин тадбирҳо барои автоматӣ гардонидани раванди судӣ, таъмин намудани мубодилаи зуд ва дақиқи иттилоот, кам кардани хатогиҳои вобаста ба омили инсонӣ, ворид намудани ҳалли инноватсионӣ ва ташкил намудани фаъолияти шаффофу самараноки суд замина фароҳам меоранд.
Суҳбатнигор Норгул Абдураимова,
хабарнигори ӮзА.