Дар ноҳияи Конимехи вилояти Навоӣ бо мақсади фаро гирифтани ройгони кӯдакони оилаҳои камбизоат бо таълими томактабӣ, мутобиқ намудани онҳо ба ҷамъият, рушди истеъдод ва фароҳам овардани замина барои таҳсили муваффақ дар оянда “Маркази рушди ибтидоӣ” ба кор сар кард.
Дар марказ, ки бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 сентябри соли 2024 “Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба татбиқи Барномаи “Аз камбизоатӣ – ба сӯи фаровонӣ” ва Девони Вазирон аз 14 июли соли 2025 “Дар бораи чораҳои зина ба зина роҳандозӣ кардани фаъолияти Марказҳои рушди ибтидоӣ” таъсис ёфт, дар асоси ду модел таълим ба роҳ монда шуд.
Яке аз онҳо “Гурӯҳи бозӣ” буда, дар он кӯдакони 3-6 сола дар гурӯҳҳои кӯтоҳмуддати 3,5-4 соата таълиму тарбия мегиранд. Гурӯҳҳое, ки ҳамарӯза дар ду баст кор мебаранд, бо таҷҳизот ва бозичаҳои зарурӣ таъмин гардидаанд.
Дар гурӯҳи дуввуми “Хидмати махсуси таълими томактабӣ” бошад, кӯдакони 2-7 солаи дорои эҳтиёҷоти махсус тарбия гирифта, дар ин ҷо педагогҳои махсус (тарбиятгар, логопед, психолог) ба хонаводаҳо рафта, 40 дақиқа бо кӯдак машғулоти таълимӣ ва баъд 20 дақиқа бо падару модар машварат мегузаронад. Барои ҳар як кӯдак барномаи инфиродӣ таҳия мегардад.
То ба кунун дар 4 ноҳия ва шаҳри вилояти Навоӣ фаъолияти “Маркази рушди ибтидоӣ” роҳандозӣ гардида, барои бо таълими томактабӣ фаро гирифтани тақрибан 600 кӯдаки оилаҳои камбизоат имконият фароҳам карда шуд.
Абдувалӣ БӮРИЕВ,
мухбири ӮзА.