Вазъи корҳо дар вилояти Хоразм ва лоиҳаҳои нав баррасӣ шуданд

Ба роҳбари давлат дар бораи натиҷадории ислоҳот дар вилояти Хоразм ва нақшаҳои нав маълумот дода шуд.

Иқтисодиёти ин минтақа, ки захираҳои табиии маҳдуд дорад, тавассути тағйироти сохторӣ рушд мекунад. Дар ҳашт соли охир 2 миллиард доллар сармоя ҷалб шуда, беш аз 25 ҳазор корхонаҳои саноатӣ боз гардидаанд. Ҳаҷми истеҳсолот 2,2 маротиба афзудааст. Ҳоло дар вилоят саноати нассоҷӣ, мошинсозӣ, техникаи барқӣ, маҳсулоти ғизоӣ ва масолеҳи сохтмон мавҷуд.

Дар натиҷаи аз нав  барқарор намудани канали магистралии Тошсоқа низоми обёрӣ, ки барои Хоразм бениҳоят муҳим буд, беҳтар гардид. Бунёди пули нав дар болои Амударё дури мардумро наздиктар кард.

Дар ҳашт сол дар вилоят 660 бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ сохта шуда, 21 ҳазор оила соҳиби манзили нав гардиданд. 4751 километр шабакаи оби ошомиданӣ ва 206 километр шабакаи партовоб сохта шуда, 580 ҳазор аҳолӣ бори аввал ба оби марказонидашуда дастрасӣ пайдо карданд.

Аз аввали соли ҷорӣ 100 ҳазор аҳолии ниёзманд бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Сатҳи камбизоатӣ аз 12 фоиз, ки дар моҳи январ буд, то ба 6,8 фоиз поин рафт, ки нишондиҳандаи хуб гардид.

Бо мақсади тавсеаи минбаъдаи чунин корҳо дар вилояти Хоразм низ «Ситоди ислоҳот» таъсис ёфт. Дар тақдимот дар бораи лоиҳаҳои нав, ки дар асоси  пешниҳодоти соҳибкорон таҳия гардидааст, маълумот дода шуд.

Масалан, аз ҳисоби 100 миллион доллар сармояи Кореяи Ҷанубӣ дар ноҳияи Урганҷ татбиқи лоиҳаи истеҳсоли нерӯи барқ аз сӯзондани партовҳо дар назар аст.

Ширкати Австралия 820 миллион доллар сармоя ворид карда, пешниҳод кардааст, ки дар ноҳияи Тупроққалъа 600 ҳазор тонна сӯзишвории ҳавонавардии аз лиҳози экологӣ тоза ва 50 ҳазор тонна “дизели сабз” истеҳсол намояд. Барои эҳтиёҷи корхона насби панелҳои офтобии дорои иқтидори 4 ГВт дар 5,5 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст.

Инчунин, ширкати Словакия аз ҳисоби 170 миллион доллар дар 5000 гектар майдони ноҳияи Тупроққалъа парвариш намудани зироати рапс ва бунёди корхонаи истеҳсоли сӯзишвории биологиро ба нақша гирифтааст.

Умуман, дар Хоразм лоиҳаҳои нав ба маблағи 2 миллиарду 400 миллион доллар омода шудаанд. Инчунин, аз ҳисоби имкониятҳои иловагии шаҳру ноҳияҳо, лоиҳа ва ташаббусҳои умедбахши бо арзиши 86 миллион доллар низ таҳия гардидаанд.

Роҳбари давлат аз рӯйи фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳо супориш дод.

Таъкид шуд, ки минтақаҳои саноатии вилоят пурра истифода намешаванд. Зарурати ҳалли масъалаи инфрасохтор ва категорияи замин ва ба кор даровардани зиёда аз 100 лоиҳаҳо таъкид гардид.

Зикр карда шуд, ки бо назардошти ҷойгиршавии Хоразм, самтҳои саноатиро бодиққат ба нақша гирифта, барои ин иқтидори дохилии вилоятро пурра сафарбар намоянд.

Ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, кам кардани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ низ бозистоданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: