«ДАР МАҲАЛЛАИ МО ЗАНҲО БЕПУЛ НАМЕМОНАНД...»

Маҳаллаи Қӯштамғалии ноҳияи Самарқанд дар кӯчаи ба номи Усто Умар Ҷӯрақулов ҷойгир аст. Шаҳраки абадӣ, ки сайёҳони зиёдро мизбонӣ карда, тадбирҳои муҳташами байналхалқӣ он ҷо мегузаранд, дар рӯ ба рӯи ҳамин маҳалла қарор гирифтааст.

Маҳалла зиёда аз 4700 нафар аҳолӣ дорад. Сокинони он асосан бо савдогарӣ ва ҳунармандӣ банданд.

Аз соли 2023 инҷониб маҳалларо собиқ корманди соҳаи мудофиа Носир Қосимов сарварӣ мекунад.

МАРКАЗИ ЗАБОНОМӮЗӢ ДАР МАҲАЛЛА

Барои шиносоӣ бо фаъолияти маҳаллаи Қӯштамғалӣ ба маркази маҳалла рафтем. Бинои маҳалла хушсохту замонавӣ, барои ҳафтгонаи маҳалла хонаҳои алоҳида бо тамоми таҷҳизоташ ҷудо карда шудааст. Дар даромадгоҳи идораи маҳалла қуттии банкомат гузошта шудааст.

Моро роҳбалади ҷавонон Ҷасур Холмаҳмадов истиқбол гирифт. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд, чор сол инҷониб дар маҳаллаи Қӯштамғалӣ ҳамчун роҳбалади ҷавонон фаъолият дорад. Барои хидматҳои шоёнаш бо нишони сарисинагии «30-солагии мустақилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» тақдир гаштааст. Забонҳои англисӣ ва испаниро ба хубӣ медонад.

Аз ӯ дар бораи муваффақияти ҷавонони маҳалла пурсон шудем.

– Аҳли маҳаллаи мо муваффақиятҳои бисёр доранд, – гуфт Ҷасур. – Дастаи футболбозони маҳаллаамон се сол инҷониб дар мусобиқаҳои варзишии «Панҷ ташаббус» ғалаба ба даст меорад. Ислом Ҳамроқулов, Зиё Самеев, Дамирҷон Алиев, Ҷӯрабек Қобилҷонов футболбозони беҳтаринанд. Шерозҷон Холмаҳмадов, Ёсуман Раҳмонова ва дигарон шашкабозони фаъоланд. Камола Холиқова бошад, китобхони намунавист.

Дар китобхонаи маҳалла зиёда аз 400 китоби бадеиву илмӣ мавҷуд аст. Инсонҳои маърифатпарвар аз қабили Фарҳод Умаров, Баҳром Қӯзиев ва дигарон ҳар бор барои китобхона китобҳои шавқовар туҳфа мекунанд. Бештар аҳолии синнашон аз 30 то 40 сола ба китобхона омада, китоб мехонанд.

Ҷасур моро ба кабинети кории раиси маҳалла раҳнамоӣ кард. Хона васею равшан барои машварат ва қабули меҳмонон мизу курсиҳои зебо гузошта шудааст.

Раиси маҳалла Носир Қосимов низ дар бораи корҳои ободониву аҳлу тифоқии мардуми маҳалла суханҳои самимӣ гуфт.

–  Дар маҳаллаи мо ҳанӯз анъанаи беҳтарини гузаштагонамон «ҳашар» давом дорад. Ба якдигар то ҳадди имкон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Барои ободии маҳалла саҳм мегузоранд. Чанде пеш бо ёрии ҷавонмардони саховатманди маҳалла ва сардории 17 нафар сардорони кӯчаҳо қабристони маҳалла обод гардид. Дар қабристон айвон ва тобутхона сохта шуд. Одамон аз маблағи худашон  хидмати партовгоҳи обӣ (канализатсия)-ро ба роҳ монданд, ба як қисми маҳалла гази табиӣ ва оби нӯшокӣ оварданд.

Шукр, ки дар маҳаллаи мо ҷиноят ва ҷудошавӣ ба қайд гирифта нашудааст. Лекин моҷароҳои оилавӣ ҳаст. Ҳангоми низоъҳои оилавӣ зуд ба маслиҳату машварати бибиотуни маҳаллаамон Ҳабиба Пӯлодова такя мекунам. Занҳои фаъол аз қабили Лайло Бадалова, Маҳбуба Меликова, Меҳрӣ Абдувоҳидова, Ш.Зубайдова, Шаҳодат Ҳолиқова барои муттаҳид намудани оилаҳо саъю кӯшиш менамоянд. Барои мустаҳкамии оилаҳо аз таҷрибаҳои ҳаётиашон нақл мекунанд.

– Дар маҳаллаи мо мардҳо асосан бо кори савдову тиҷорат ва бисёрии занҳо бо нонвоӣ машғуланд, – иброз дошт Носир Қосимов. – Рости гапро гӯям, дар маҳаллаи мо одами бекор нест. Дар ҳуҷҷатҳо мардуми бо кор таъминнабуда мавҷуданд.  Дар асл ҳеҷ кас бекор нест. Агар ба кор ҷойгир карданӣ шавем, занҳо кори маошаш камро рад мекунанд. Лекин аз шавҳарашон ҳам пул намепурсанд. Занҳои маҳалла бепул намемонанд, – бо ханда гуфт Н.Қосимов. – Агар пул даркор шавад, зуд нон пухта, ба сари кӯча бароварда мефурӯшанд...

ТИФОҚӢ БАХТУ ТАХТ ОРАД...

Бо даъвати раиси маҳалла ёрдамчии ҳоким доир ба масълаҳои иҷтимоӣ, рушди соҳибкорӣ ва паст кардани сатҳи Давлат Аҳроров ба кабинет даромад. Баъди салому алейк раис гуфт:

–  Медонед, ёрдамчии ҳоким дили маҳалла аст. Агар дил суст кор кунад, ё нуқсе дошта бошад, ба дигар аъзо ҳам таъсир мерасонад.

Давлат Аҳроров аз эътирофи раис миннатдорӣ изҳор кард, ки ин лаҳза ду ҷавонзан вориди кабинети раис шуданд.

– Инҳо раиси кумитаи занону духтарони маҳаллаҳои Қӯштамғалӣ ва Конигил Умеда Исрофилова ва банкири маҳалла Ситора Шокирова, – онҳоро шиносонд раиси маҳалла.

Аз онҳо дар бораи тадбиркории занҳо пурсон шудем. Ҳар се дар бораи занҳои тадбиркор ифтихормандона сухан карданд.

–  Дар маҳалла 185 нафар тадбиркор ҳаст. Ҳар сол 150-160 нафар худашонро бо кор банд мекунанд. Наргиза Маҳмудова барои 30 нафар боғчаи бачагонаи «Знайка» ва Ӯрина Фозилова ҳам барои 30 нафар боғчаи бачагонаи «Мубориз кидс»-ро таъсис намудаанд. Марҳабо Меликова бошад, клиникаи оилавиро ташкил карда, мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тибро ҷалб намуд. Ин маскани тиббӣ барои 25 нафар пешбинӣ шудааст.  Заррина Тошпӯлодова ба миқдори 29 миллион сӯм кредити боимтиёз гирифта, сехи қаннодӣ кушод. Барои истеҳсоли нони сиёҳ Нилуфар Файзиева 30 миллион сӯм кредит гирифт. Ҳамаи соҳибкорон чорнафарӣ аҳолии маҳалларо бо кори доимӣ таъмин намуданд. Ғайр аз ин, дӯзандаҳо Заррина Турсунова, Баҳора Худойбердиева, Шаҳло Бозорова, нонвойҳо Дилбар Йӯлдошева, Моҳинур Аҳророва, машшота Фарангис Пӯлодова барои аҳолӣ хидмати баландсифат мерасонанд.

Кори деҳқонзанҳои маҳаллаамон низ лоиқи таҳсин аст. Марҷона Ҳикматуллоева, Флора Ҳамроқулова, Диёра Эркинова, Интизор Тӯхтаева, Фазолат Ашӯрова, Рухшона Ҳоҷиметова, Севара Аъзамова ва дигарон дар давоми як сол аз замин се бор ҳосил мегиранд. Дар замин мош, лӯбиё, нахӯд ва дар охир гандум мекоранд. Инро ба забони халқ «тӯқсонбост» мегӯянд.

–  Узр, дер мондам, – хиҷолатмандона аз дар даромад корманди иҷтимоӣ Моҳира Раҳмонова.

–  Ин кас ҳар рӯз  муаммо доранд ва дер мемонанд, – ҳазл намуд раис ва сипас ба ҷавонзан рӯ оварда пурсид, – фарзандатон нағз шуд?

–  Ҳа, раҳмат, нағз шуд, – ҷавоб дод Раҳмонова. – Ҳозир аз пайи кор мешавам.

Дар маҳалла 120 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ҳастанд. Дар давоми сол ду нафар бо аробача, 10 нафар асобағал, як нафар карсет ва ду кас бо пойафзоли ортепедӣ таъмин шуданд. Ба 24 нафар занони имконияташон маҳдуд, оилаҳои камбизоат ёрии моддӣ расонида шуд. Аксарашон дар хонадонашон паррандапарвариро ба роҳ монданд.  Ҳамаи ин корҳоро бо ёвари ҳоким Давлат Аҳроров амалӣ менамоем. Барои ташкили гармхона ёрӣ расонидем. 

Дар маҳалла 12 нафар бачаҳои то 12-солаи ба парвариши дигарн муҳтоҷ зиндагӣ мекунанд. Ҳоло як нафарашон ба Маркази парвариши рӯзона ҷалб гардидааст. Ҳар рӯз ғайр аз рӯзҳои шанбею якшанбе мошини махсус ӯро ба Маркази парвариши рӯзона мебарад ва бегоҳ меорад.

Нигоҳубини каси имконияташ маҳдуд осон нест. Шахси парваришгар азоби руҳӣ ва маънавӣ мекашад. Ҳоло ба мардум имкониятҳои аз ҷониби ҳукумат фароҳамовардаро мефаҳмонем. Агар бача дар Маркази парвариши рӯзона бошад, хотири модараш ҷамъ, аз паи кору бораш мешавад. Он ҷо тамоми рӯз зери назорати шифокорон қарор дорад. Барои онҳо хӯроки гарм муҳайёст.

Ҳоло барои зиндагии фаровон тамоми шароит офарида шудааст. Аҳолии маҳаллаи Қӯштамғалӣ ҳам аз он истифода мебаранд.

Дилрабо НАСИМӢ.

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: