Дар маҳаллаи «Тезгузар»-и ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро «Маркази хидмати маишии маҳалла» ба истифода супурда шуд.
Марказ 20 хол майдонро дар бар дорад, ки он барои аҳолӣ ба маркази воқеии гуногунҷабҳа табдил ёфтааст.
Дар хонаҳои қабати зеризаминии марказ меваву сабзавоти интихобшуда бандубаст карда мешавад. Дар ошёнаи якум сартарошхона, дорухона, маъмурони бонк, раиси ҶШМ, ёвари ҳоким, фаъолони занон ва инспектори профилактика фаъолият доранд.
Дар ин ҷо маркази хидматҳои давлатӣ, сехи қандолоти соҳибкор ва дукони замонавии савдо низ ба хидмат омода аст.
Сурати хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят.