...Бобокалони ӯ Бобохӯҷа аслан тошкандӣ буда, солҳои 30-юми асри гузашта вафот кардааст ва баъдтар падари бузургвораш акои Абдулло бо холаи Маҳфуза (соли 1939) оила барпо мекунанд ва пас аз як сол соҳиби писар шуда, ӯро Санъат ном мениҳанд. Аммо ҷанги даҳшатноке, ки соли 1941 оғоз ёфт, бародарон Ӯлмас, Абдулло ва Қудратро низ ба коми худ кашид. Онҳо дар ҷангҳои хунин барои озод кардани Сталинград, Киев ва Ленинград мардонавор ҷангида, соли 1943 ҳалок мешаванд. Аз байн чанде нагузашта ба дасти мо
То ҳаст тавон, ба дарди кас дармон бош,
Дар хайри касон бикӯшу беармон бош.
Аз умри дарозе, ки бувад беҳосил,
Як дам ба ҷаҳон бош, вале инсон бош!
Дар зиндагӣ чунин одамони арзанда ҳастанд, ки онҳо тӯли умр ҳамчун фидокори Ватан ба кори халқ камар баста, дармони дарди онҳо мешаванд, ба хайри мардум мекӯшанд, ба эътибору эътироф сазовор мегарданд ва чӣ хушбахтиест, ки ба шарофати чунин хидматҳои шоиста саодати ду ҷаҳонро ба даст меоранд. Мо метавонем дар радифи чунин накӯмардон номи шахсияти бузургу маъруф, олими самарқандӣ, устоди ҷавонон, шодравон Санъат Муҳаммадиевро ба забон гирем.
Агар исми ин мард ба ҷисмаш мувофиқ, ҷарангдор, барои ҳама мактаби намуна ва ибрат буд гӯем, муболиға ва хато нахоҳем кард. Вақте ки номи устодро ба забон мегирем, дар дил меҳри наҷибе пайдо мешавад, рӯҳ ором мегардад, сӯҳбатҳо метасфад ва дилҳо саршори сурур гардида, дар чеҳра табассум падид меояд. Чӣ хушбахтист, ки дар замири ин ҳама тарбияи дуруст, поктинативу ҳалолӣ, меҳнатдӯстӣ, дастгирии наздикон, таҳсил ва бозомӯзии пайваста, камолот дар фазои пур аз меҳр ва фидокориро ба худ касбу шиор намудан ниҳон аст ва ин тақозо мекунад, ки барои як лаҳза саҳфаҳои зиндагии ин нерӯмардро варақ занем...
...Бобокалони ӯ Бобохӯҷа аслан тошкандӣ буда, солҳои 30-юми асри гузашта вафот кардааст ва баъдтар падари бузургвораш акои Абдулло бо холаи Маҳфуза (соли 1939) оила барпо мекунанд ва пас аз як сол соҳиби писар шуда, ӯро Санъат ном мениҳанд. Аммо ҷанги даҳшатноке, ки соли 1941 оғоз ёфт, бародарон Ӯлмас, Абдулло ва Қудратро низ ба коми худ кашид. Онҳо дар ҷангҳои хунин барои озод кардани Сталинград, Киев ва Ленинград мардонавор ҷангида, соли 1943 ҳалок мешаванд. Аз байн чанде нагузашта ба дасти модари роҳинтизор номаи сиёҳ мерасад ва кӯдаки навзод дар дасти модари танҳо мемонад.
Баъд аз анҷоми ҷанги хонумонсӯз, Санъат дар синни ҳафтсолагӣ ба синфи якуми мактаби миёнаи рақами 5-уми шаҳри Самарқанд меравад ва онро бомуваффақият хатм намуда, бо маслиҳати бобои устозодаи худ Аъзам Шаҳидӣ ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Самарқанд ҳуҷҷат месупорад ва ба бахти донишҷӯӣ мушарраф мегардад.
Санъати ҷавон аз рӯзҳои аввали таҳсил дар донишгоҳ ҷиддан аз пайи омӯзиш мешавад ва дар ин ҷо аз як гурӯҳ устодони заковатманд, чун С.Воҳидов, Н.Баданин, И.Архангелский, П.Виноградов, Ҷ.Саидов ва дигарон нозукиҳои ветеринарияро хуб аз худ мекунад. Солҳои донишҷӯиро паси сар намуда, соли 1962 бо тақозои тақдир роҳи Душанберо пеш мегирад ва нахуст дар Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи Е.Н.Павловский, сипас дар Лабораторияи гелминтологияи Академияи илмҳои Иттифоқ, воқеъ дар шаҳри Москва дар шуъбаҳои аспирантура ва докторантура мехонад ва баъди хатм рисолаҳои номзадӣ ва докториро дифоъ мекунад. Аз соли 1988 дар Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба ҳайси мудири кафедра фаъолияти меҳнатии худро давом медиҳад.
Ӯ тамоми умри худро ба омӯзиши гелминтология, яъне ба таҳқиқ ва мубориза бо кирмҳои паразитии шабеҳи чиҷҷа, ки ба чорво зарар дорад, бахшид. Дар ин давр тамоми нерӯ, таҷриба ва имконоти худро ба илм ва тарбия бахшида, якҷоя бо олимони маъруф, пешвоёни илму фан, чун М. Нарзиқулов, И. Абдусаломов, В. Ивашкин, Ю. Носиров, Т. Ширинқулов, Э. Эргашев фаъолият намуд. Қариб 400 китоби дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва методӣ, мақолаҳои илмиро рӯйи чоп овард. Маҳз ба туфайли чунин хидматҳои фидокорона сазовори унвони Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон гардид.
Устод Муҳаммадиев аз соли 1993 фаъолияташро дар зодгоҳаш – Самарқанд идома медиҳад. Тӯли солҳо дар шуъбаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогии Самарқанд ва Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд меҳнати босамар намуда, ҳамзамон дар рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, аз ҷумла шаҳри куҳану ҳамешаҷавон саҳм мегузорад. Дар корҳои ҷамъиятии маҳалла фаъол иштирок карда, дар ғаму шодии аҳли гузар ғамхору шодишарик мешавад, дар тӯю маъракаҳо сару сарвар мегардад.
Профессор Муҳаммадиев тӯли ин солҳо дар шӯроҳои махсуси илмии шаҳрҳои Самарқанд ва Тошканд дар дифои 25 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ба сифати оппоненти расмӣ ширкат намуда, дар равнақи илму фан саҳм гузоштааст.
Ӯ ҳангоми фаъолият дар ДДС аввалин бор барои омӯзгорони мактабҳои миёна курсҳои якмоҳаи фанни экологияро ташкил намудааст. Барои донишҷӯёни факулта ва гурӯҳҳои тоҷикии донишгоҳ дарсҳои экологияро ба роҳ мондааст. Инчунин, барои мактабҳо барномаҳои таълимии фанни экологияро таҳия карда, ба хонандагони литсейи академӣ низ аз ин фан дарс додааст. Дар нашрияҳои чопии «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Зарафшон», «Самаркандский вестник» мақолаҳои ӯ оид ба масъалаҳои муҳими экологӣ чоп шудаанд. Ӯ махсусан ба масъалаи ташкили боғи миллӣ дар Амонқӯтон ва рушди экотуризм дар он таваҷҷуҳи хос зоҳир карда буд. Ғайр аз ин, даҳҳо асари пурмуҳтаворо нашр кард, ки «Ман аз Сайқали рӯйи заминам», «Экология ва муҳофизати табиат», «Табиати пок, тавозуни табиӣ ва саломатӣ» аз ин ҷумлаанд.
Устоди дилсӯз, марди хирадманд, падари ғамхору хоксор Санъат Абдуллоевич дар хонавода низ бо ҳамсараш холаи Мусаллам шаш фарзандро таълиму тарбияи нек доданд, соҳиби илм ва хонадор карданд, ки ҳанӯз ҳама номи неку кори шоиста доранд ва дар пешрафти Ватан саҳми арзанда мегузоранд.
Муҳимтар аз ҳама, онҳо дар лаҳзаҳои фараҳбахши умр ҳамчун бобои меҳрубон ва модаркалони ғамхор, дар иҳотаи хешу табор, аҳли гузар, фарзандону набераҳо зиндагонии шоиста ва пур аз нишот ба сар бурда, пайваста дуои тану ҷони наздикон, озодиву ободии Ватан намуданд, ки ин худ саодати бузург аст.
Гарчанд устод дигар дар байни мо нестанд, эҷодиёти илмии ҷовидона, асарҳои пурмазмуни пурмӯҳтавои мавсуф, инчунин корҳои неку судманде, ки ба хотири пешрафти мамлакат ва фаровонии рӯзгори мардум анҷом додаанд, солҳои зиёд дар ёдҳо хоҳад монд ва бо иродати шогирдон ва фарзандону набераҳо дар рушди илму фан хидмат хоҳанд кард.
Дар ҳақиқат, устоди мо – олими нуктадон, ки соли 2020 вафот карданд, тӯли умр дар роҳи илм бо устуворӣ ва пайгирона қадам ниҳода, беш аз ним аср асрори илм омӯхт, шабу рӯз меҳнат карда, дар ин ҷода ба комёбиҳо ноил гардид ва ба мақоми олимӣ мушарраф шуд.
З. ИЗЗАТУЛЛОЕВ,
Х. БОТИРОВ,
профессорони Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов.