Аз қадршиносии Президент сарфарозем

– мегӯяд директори Театри мусиқии мақоми шаҳри Марғелон Фозил Исмоилов

Дар арафаи 34-умин солгарди касби истиқлолияти Ватани азиз Президенти мамлакат як гурӯҳ аҳли ҳунару фарҳанг ва санъатро сазовори  мукофотҳои давлатӣ гардонид. Дар байни онҳо ду нафар овозхон, аскиячӣ ва актёри Театри мусиқии мақоми Марғелон низ шомиланд. Ҳамин нукта боис гардид, ки ба ин театр ташриф оварем ва бо фаъолияти он, хусусан соҳибони мукофотҳо аз наздик ошно шавем, ки дар арафаи иди бузург ба даст овардаанд.
Директори театр Фозил Исмоилов моро хеле гарм пазироӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, ба таъсиси Театри мусиқии мақоми шаҳри Марғелон ҳанӯз солҳои зиёд сипарӣ нашудааст.   
– 5 сентябри соли 2019 на танҳо барои аҳли театр, балки барои мардуми водии Фарғона рӯзи фаромӯшнопазир мебошад. Зеро аз ҳамон сана ба ин сӯ ҷамоаи театри мо ба фаъолияти эҷодии худ шурӯъ намуда, ба мардум маърифат ва шодиву нишот мебахшад. Қабл аз инъикоси фаъолияти имрӯзаи ҳайати эҷодии театр ба таърихи мақом дар водии Фарғона назаре андохтану аз он ёдовар шудан басо бамаврид аст. Зеро дар дастовардҳои имрӯзаи санъати мақоми миллии ӯзбек саҳми даҳҳо ҳунармандон, ки дар гузашта зиндагӣ ва эҷод кардаанд, хеле бузург ва муассир мебошад, – қайд намуд Фозил Исмоилов.
Тавре ки вай тазаккур дод Ҳамроқул қорӣ Тӯрақулов, Эрка қорӣ Каримов, Болта ҳофиз Раҷабов, Мамадбобо Сатторов, Ҳисор Бойқӯзӣ, Беркинбой Файзиев, Абдулло Файзуллоев, Ҷӯрахон Султонов, Маъмурҷон Узоқов, Ортиқхоҷа Имомхоҷаев, Акбар Ҳайдаров, Бобораҳим Мирзоев, Ашӯралӣ Ҳофиз, Умрзоқ полвон Сайдалиев ва дигарон аз симоҳои барҷастаи санъати мақомхонӣ маҳсуб меёбанд. Дар баробари он, ки ин шахсиятҳо аз худ мероси бой боқӣ гузоштаанд, санъати волояшон барои наслҳо қобили омӯзишу пайравӣ мебошад. 
– Устоди сухан ва аскиячии моҳир Абдулло Акбаров бо ордени «Дӯстлик» ва сарояндаи сурудҳои классикиву муосир Улуғбек Элмуродзода бо нишони «Kелажак бунёдкори» сарфароз гардиданд. Аз шунидани ин хабар шоду масрур гардидаву ба табрики ҳамкорон шитофтем, – посух дод директори театр.
Абдулло Акбаров соли 1981 Донишкадаи давлатии омӯзгории Фарғонаро бо ихтисоси  муаллими химия ва биология хатм намудааст ва ҳамон сол дар мактаби рақами 34-уми ноҳияи Олтиариқ ба ҳайси омӯзгор ба кор шурӯъ кардааст. Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш дар озмуни ҷумҳуриявии ширинкорон иштирок намуда, сазовори ҷои ифтихории 2-юм гардидааст. 
– «Саргузаштҳои Абдурайим ва Мамарайим», барномаҳои мазҳакавии «Мувофиқи талаб», «Ҳангомаи Олтиариқ», «Одамон ҳазорсола шаванд», «Дар бораи издивоҷ» аз осори ҳаҷвии ӯ маҳсуб меёбанд, ки мавриди пазироии гарму ҷӯшони тамошобинони зиёд гаштаанд. Гузашта аз ин, соли 2003 дар Ҷашнвораи байналмилалии аския таҳти унвони «Қаҳқаҳаи Сайрам», ки бо ширкати аскиячиёни Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар кишвари ҳамҷавор ба вуқӯъ пайваст, Абдулло Акбаров соҳиби ҷоизаи олӣ – «Гран-при» гардид ва шуҳрати ӯро байни ҳунармандони ин намуди санъат афзун намуд, – мегӯяд Исмоилов.
Дарвоқеъ, ин аскиячии моҳир дар вилоят мактаби хоси худро офаридааст ва шогирдони зиёдро тарбия намудааст. Бо саъю ва эҳтимоми ӯ китоби «Абдулло-қизиқ чиҳо мегӯяд» ба табъ расидааст, ки  таҷрибаҳояш дар соҳаи санъати аскияро қаламдод намудааст ва аз тарафи аҳли адабу фарҳанг ва санъат сазовори эътироф гардидааст. 
– Ман зодаи шаҳри Фарғона ҳастам ва аз хурдӣ санъати овозхонӣ дар дилам маъво гирифтааст. Барои ҳамин панҷ сол дар мактаби мусиқӣ таҳсил намуда, соли 2011 ба шӯъбаи овозхонии анъанавии коллеҷи санъати ба номи Таваккал Қодиров дохил шудам. Баъд таҳсилро дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон бо ихтисоси иҷрои мақоми ӯзбек идома додам. Дар он ҷо аз Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Муноҷот Йӯлчиева, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон Маҳмудҷон Тоҷибоев ва дотсент Шавкат Матёқубов маҳорати касби мақомхониро аз худ намудам. Аввал фаъолияти эҷодии худро дар дастаи «Ашӯла ва рақс»-и Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ҳусни оғоз бахшидам, –гуфт Улуғбек Элмуродзода.
Вай қайд намуд, ки баъд ба шаҳри Фарғона баргашт ва бо тавсияи роҳбарияти Садорати фарҳанги вилоят ба дастаи намунавии мақомхонони Марғелон ба кор пазируфта шуд, талош намуд, ки пайваста маҳорати овозхонии худро сайқал диҳад. Зеро хондани сурудҳои классикӣ талабҳои хоси худро дорад. 
– Дар ҷашнвораи байналмилалии «Таронаҳои Шарқ – 2019» номзадии маро барои иҷрои суруди яккахони он тасдиқ намуданд. Тамоми ҳастӣ ва ғайрату маҳоратамро ба он нигаронидам, ки дар ин ҷашнвора соҳиби яке аз ҷойҳои ифтихорӣ шавам. Часпу талошҳоям самараи худро бахшид ва ҳайати бонуфузи он маҳорати маро сазовори ҷои 3-юми ин ҷашнвораи байналмилалӣ эълом доштанд, – мегӯяд бо ифтихор Элмуродзода. 
Вай аз соли 2020 дар Театри мусиқии мақоми шаҳри Марғелон ба сифати рассом-мақомхон фаъолияташро идома медиҳад. Ӯ ҳамчун мутахассиси пешбари иҷрои мақомҳои суннатӣ эътироф гардидааст. 
Дар ин театр барои сайқали истеъдоду маҳорати ҳунарпешаҳову овозхонҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ин театр бо театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони ҳамҷавор робитаи хуби ҳамкорӣ ба роҳ мондааст, анҷоми сафарҳои эҷодӣ доираи фаъолияти ҷамоаи онро боз ҳам фарохтар намудааст. Гуфта мешавад, ки дар ин самт чанд лоиҳа бевосита таҳти татбиқ қарор дода шудааст ва он барои табодули таҷрибаи касбӣ хеле мусоидат мекунад.
Ногуфта намонад, ки мақом яке аз санъатҳои бостонии мардуми Шарқ аст, ки дар тӯли асрҳо ташаккул ва такмил ёфта, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги мусиқию сурудхонии ҷаҳон мавриди иҷро қарор гирифтааст. Ҷамоаи Театри мусиқии мақоми шаҳри Марғелон маҳз оҳанг ва сурудҳоеро барқарор мекунанд, ки аз давраҳои пеш боқӣ мондаанд. Ҳоло намунаҳои барҷастаи чунин мусиқиҳо аз тарафи онҳо ҳамчун ганҷинаи бебаҳо ба мардум пешкаш мегарданд. 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: