Бо ташаббуси сарвари давлатамон даъфаи чаҳорум дар шаҳри Тошканд Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор гардид, ки он ба таври возеҳ нишон дод, ки Ӯзбекистони Нав шарики боэътимод аст.
Боиси ифтихор аст, ки дар анҷумани бошукӯҳи имсола аз сад кишвари ҷаҳон қариб се ҳазор нафар меҳмонони хориҷӣ ташриф фармуда, боварӣ пайдо карданд, ки дар мамлакати мо барои ривоҷу равнақи салоҳияти сармоягузорӣ имкониятҳои зарурӣ мавҷуд аст.
Дар ноҳияи Ургут, ки Минтақаи озоди иқтисодӣ эълон гардид, аз Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Италия, Туркия, Русия сармоягузорон фаъолияти пурсамарона мебаранд. Зеро дар Ӯзбекистони Нав сармоя танҳо василаи даромади иқтисодӣ набуда,балки ҳамчун омили таъминкунандаи сулҳу ваҳдат, адолат ва арзиши инсонӣ арзёбӣ мегардад.
– Пас аз он, ки бо дастгирӣ ва ҷонибдории сарвари давлатамон Ургут Минтақаи озоди иқтисодӣ эълон гардид, – иброз дошт иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев, – дар чанд соли охир 145 лоиҳаи бунёдкорӣ ба миқдори бештар аз 5,2 триллион сӯм амалӣ гашт ва 10 ҳазору 200 ҷойи корӣ пайдо шуд. Фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва ғайра дар шаш моҳи соли равон 30,9 миллион доллари амрикоиро ташкил кард, ки нисбати соли гузашта ба 8,9 миллион доллар зиёд аст. Воридод аз андоз ба 4,8 фоиз афзуд. Ин комёбӣ аз он дарак медиҳад, ки сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ самараи нек медиҳад. Аз сабаби пурҷозиба ва фарох гардидани майдони савдо дар роҳи бузурги абрешим воқеъ дар Ургут, роҳи оҳан аз Самарқанд то инҷониб омад.
Агар ҳоло дар Ургут 37 ширкати хориҷӣ фаъолият мебаранд, дар оянда ин рақам ду маротиба афзуда, бештар ҷойҳои корӣ пайдо мешавад. Дар минтақаҳои Мерганча, Сариқтеппа, Камонгарон, Хӯҷабоғ, Ободқишлоқ ва дигар гӯшаву канори ноҳия корҳои сохтмон дар авҷ аст.
Зоҳир Ҳасанзода,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.