Муовини сарвазир дар ноҳияи Уйчӣ

Муовини сарвазир – раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Зулайхо Маҳкамова ба ноҳияи Уйчии вилояти Намангон ташриф овард.

Нахуст, онҳо бо корҳое, ки дар маҳаллаи Овчибулоқ ҷиҳати таъмини шуғли занон ва духтарон, бозгашти муҳоҷирон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ анҷом дода мешаванд, шинос шуданд.
Дар маҳалла 5375 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Аз ин 2510 нафараш занон ва духтарон. Дар рафти ба рӯйхатгирии аҳолӣ маълум шуда буд, ки 105 нафар  занону духтарон бекоранд ва ҳоло ҳамаи онҳо бо кор таъмин карда шудаанд. Занон бо парвариши занбӯри асал, кулолгарӣ, гулпарварӣ, мурғпарварӣ, чорвадорӣ ва дӯзандагӣ машғуланд. Хусусан, таҷрибаи хонаводаи Моҳира Мамадалиева, Карима Ҳотамова, Моҳира Дадабоева ва Малика Мамадалиеваҳо дастгирӣ карда шуд. Онҳо аз маҳалла дур нарафта, тавассути хонакорӣ ба оилаашон даромад меоранд.

Корхонаи «Муштарӣ – АИ», ки соҳибкор Исоқҷон Қаҳҳоров роҳбарӣ мекунад, дар маҳаллаи Чӯртук ташкил шудааст. Дар ин ҷо 20 нафар занону духтарон фаъолият бурда, матои атласу адрас ва банорас истеҳсол  мекунанд, ки ба вилоятҳои Самарқанд, Бухоро ва шаҳри Марғелон расонида мешавад.

Боз як корхона – «Эслем текстил», ки худи дар ҳамин маҳалла ҷойгир аст, истеҳсоли духобаро ба роҳ мондааст. 

Зулайхо Маҳкамова зимни боздид аз ин корхонаҳо мушкилоти ҷойдоштаро омӯхта, ба расонидани кумаки амалӣ ваъда дод. 

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: