НАҚША ВА ҒОЯҲОИ ДИЛНИШИНУ ГУВОРО

Бояд таъкид намуд, ки имрӯзҳо Ургут натанҳо Минтақаи озоди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, балки сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, танзими ҳуқуқии хусусигардонӣ, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ низ мебошад.

Барои мардуми меҳнаткашу ҳунармандон биноҳои баландошёнаи замонавӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии миёна, кӯдакистон, нуқтаҳои савдо, табобатӣ, гӯшаву канори истироҳату фароғат дар бағали кӯҳсор, роҳҳои равону шабона фурӯзон муташаккилона бунёд мегарданд.

 – Яке аз самтҳои асосии фаъолияти пурсамари роҳбарони мақомоти давлатӣ  густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва боварӣ пайдо кардан байни тадбиркорону мардуми таҳҷоӣ аст  – гуфт раиси шӯрои нурониёни ноҳия Фармон Азизов.

Бо баробари эҳёи фарҳанги миллӣ, ташкил намудани анҷуманҳои гуногун, шабнишинҳои адабӣ, вохӯрӣ бо эҷодкорон, риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистони бародарӣ, ки ҳамсоя ҳастем, дар савияи баланд мебошад. Дар ин самт мӯйсафедони соҳибэҳтиром намунаи ибратанд, зеро бузургон насиҳат кардаанд:

Пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан,

Некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд!

Зоҳир Ҳасанзода,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: