Ҳифзи иҷтимоӣ – қадам ба сӯйи оянда

Дар 754 маҳаллаи вилояти Намангон 141 ҳазору 579 нафар аҳолии ниёзманд ба ҳифзи иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд. 752 нафар кормандони иҷтимоӣ ба оилаҳои ниёзманд кумаки моддиву маънавӣ мерасонанд.

Дар давоми 8 моҳ ба маркази иҷтимоӣ 425 ҳазору 751 нафар эҳтиёҷманд муроҷиат кардаанд. Аз тарафи марказ ва ходимони иҷтимоӣ ба онҳо хидматҳои гуногун, аз ҷумла ба 2104 нафар  маъюбон протези ортопедӣ, ба 5399 нафар  анҷомҳои  реаблитатсионӣ дода шуд ва 6248 нафари онҳо бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. 2860 нафар пиронсолон ва маъюбони танҳо ба нигоҳубин  эҳтиёҷ доранд. Дар давоми сол онҳо аз назорати тиббӣ гузаронида шуда, 1056 нафарашон хидматҳои тиббии  амбулаторӣ ва 625 нафарашон бо воситаи статсионарӣ табобат гирифтанд. Ғайр аз ин, 1868 нафар пиронсол дар санаторияҳо саломатиашонро барқарор карданд.  Ба 3731 нафар маъюбон барои ҷалби варзиши  мутобиқшавӣ роҳхат дода шуд. 2964 нафар кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории волидон маҳрумшуда таҳти назорат қарор гирифтанд ва ба 1132 нафар  кӯдакони беназорат  вакилон таъин карда шуданд. Аз ҷумла, ба 851 нафари онҳо парастор таъин шуда, 275 нафар ба парасторӣ ва 6 нафар кӯдак ба ятимхонаҳои оилавӣ супурда шуданд. 

Шумораи оилаҳое, ки нафақа ва кумаки моддӣ мегиранд, дар вилоят 46 ҳазору 886 нафарро ташкил медиҳад. Дар асоси қарори Девони Вазирон, ки 14 июли соли ҷорӣ ба имзо расида,  дар давоми  солҳои 2025-2028 фаъолияти 14 «Маркази рушди ибтидоӣ» ба нақша гирифта шудааст.  Аз ин 5-тоаш дар арафаи ҷашни истиқлол ба таври тантанавӣ ба истифода дода шуд.

Барои маълумот, имрӯзҳо ҳамчун таҷриба дар коллеҷи омӯзгории ноҳияи Косонсой  фаъолияти ин хел марказ ба роҳ монда шуд  ва 961 нафар кӯдакон аз рӯйи 3 модул фаро гирифта шудаанд. 

Зулайхо Зайниддинова,

мутахассиси Маркази иҷтимоии вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: