Сухани гандуми шоир

Суханро ҳам, дар асл, ба гандум қиёс мекунанд. Нони гандум бо қувваи замин, ҳарорати офтоб, меҳнату заҳмати кишоварз мерӯяд.

Яке аз «қаҳрамонҳои замони мо» Гулираъно Холиқова зодаи деҳаи Қайрағочи ноҳияи Риштон аст, ки дар баробари роҳбари хоҷагии фермерии «Холиқов Йӯлчибой» будан директори мактаби касбию ҳунарии ба кишоварзӣ ихтисосонидашудаи ба номи Лола Муротоваро ба зимма гирифтааст. Вақте вай ба медали «Келажак бунёдкори» сазовор гашт, дар баробари риштониён аҳли Сӯх эҳсоси ифтихор намуд. Як вақтҳо Риштону Сӯх як ноҳия буданд ва мо дар давраи мактабхонӣ дар саҳроҳои деҳаи Қайрағоч, ки зодгоҳи Гулираъност, пахта чида будем.

Духтари калонии Йӯлчибойакаву ҳамсари ӯ шифокор аст. Духтари дувум Гулираъно хост касби падарро давом диҳад. Аввал дар коллеҷи автонақлиётии Қӯқанд, баъд дар Институти кишоварзӣ ва агротехнологияҳои Андиҷон таҳсил намуд. Барандаи стипендияи давлатии ба номи Берунӣ гашт, дар магистратура низ хонд. Ҳанӯз бобати кишоварзӣ ҷустуҷӯҳои илмиро давом медиҳад.

Як тараф – ташвиши оила, як тараф – кори саҳро, як тараф – масъулияти роҳбарӣ. Ҳамаашро ӯҳда мекунад духтари оташқалби қайрағочӣ.

Қаҳрамони замони мо, айни замон, қаҳрамони «Гандумҳои Гулираъно» ном шеъри машҳури Шоири мардумии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид низ мебошад. Шеър дар маҷмӯаи «Қасри замон» ҷой гирифта ва ба китоб профессор Нурбой Ҷабборов охирсухан навиштааст. Лозим шумурдем он охирсуханро пешкаши шумо, хонандагони «Овози тоҷик» намоем, то тасаввуроти бештар дар бораи Гулираънои мо ҳосил намоед.

М. Шодиев. 
***

Сухани гандуми шоир

Парвариши дон аз кишт то ғунучин чӣ тавр пурмашаққат аст ва рӯзҳои сахти кориву бедорӣ дар шабҳоро талаб мекунад, ба ҳама аён. Баъди дарави ғалла ва дар осиёб орд кардани он модарҳоямон, апаву хоҳарҳоямон хамир мекунанд, нон сохта ба танӯр мечаспонанд. Хона ва гирду атрофро хуштарин бӯй – бӯйи нон фаро мегирад.

Ба туфайли дону нони гандум дасторхонамон банур, ҳаётамон фаровон мегардад. Дигарҳо чӣ хел мефаҳманд намедонам, лекин ман дар сухан ва гандум як навъ монандӣ мебинам. Чунки сухан низ меҳнату заҳмати на камтар аз донпарвариро тақозо менамояд. Асари шеърӣ ё насрии ба шуурамон чун барқ таъсиркунандаро хонем, завқ мебарем, маҳви ҳайрат мегардем. Лекин оиди он ки барои дурри суханро ба ин дараҷа устодона ба ришта кашидан шоир ё адиб чӣ қадар субҳҳоро ба шом расондааст, бобати он ки асари бадеӣ ғайр аз истеъдоди худодод боз чӣ андоза донишу малака, меҳнату заҳмати муттасилро талаб менамояд, он қадар фикр карда намеистем.

Моҳиятан, нон барои эҳтиёҷи модии одам чӣ қадар зарур бошад, санъати сухан низ барои маънавияти инсон, камолоти рӯҳии ӯ ва тараққиёти ҷамъият ҳамон қадар муҳим аст.

Вақте шеъри «Гандумҳои Гулираъно»-и Шоири мардумии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййидро мехондам, ҳамин хел андешаҳо аз хаёлам гузашт. Нуре дар тафаккури худ эҳсос кардам, дилам равшан гашт. Хоб аз чашмам парида, эҳсоси қалбиам водошт таассуротамро ба коғаз фурорам.

Шеър бо он ки дар тимсоли комёбиҳои меҳнатии фермердухтар Гулираъно Холиқова – қаҳрамони замонаамон азобу озори дирӯзаи миллат, хирманҳои имрӯз барпокардааш ва ояндаи дурахшонтари онро ба таври нотакрор талқин сохтааст, аҳамиятнок мебошад. Ростӣ, шеърҳоеро, ки ҳаётиву самимианд ва дар онҳо ҳарорати қалбу дурахши тафаккур ҳамоҳангӣ касб намудааст, дирӯзу имрӯз ва орзуву армони халқамонро ифода кардаанд, вақтҳои охир дучор нашуда будам.

Сурат ва сирати Гулираъно, ки дар гавҳари водӣ – ноҳияи Риштони вилояти Фарғона ба дунё омадаву камол ёфта, Замин-Модарро чун волидаи худ азиз дошта, меҳру муҳббат ва салоҳияташро ба кишоварзӣ бахшидааст, дар шеър бо бадеияти вусъатнок тасвир карда шудааст. Ҳанӯз дар аввалин мисраъҳои шеър бар акси одамоне, ки аз пайи гап медаванд, одами кори ҳақиқӣ будани қаҳрамон равшан ифода ёфтааст.

Хонанда дар сатрҳои самимии минбаъда ба дар деҳаи Қайрағочи ноҳияи Риштон (мавзее, ки Муқимӣ дар «Саёҳатнома»-аш онро нишон аз боғи биҳишт номидааст) гузаштани навниҳолии Гулираъно, Йӯлчибой будани падар, Озодахон ном доштани модари ӯ шинос мегардад.

Маҳорати шоир дар он ки аввало, ба Риштон бо суханони Муқимӣ таъриф диҳад, баъдан, падари қаҳрамони шеърро ба Йӯлчибой аз романи «Хуни муқаддас»-и Ойбек қиёс намуда, тавассути санъати талмеҳ ба гузаштаи халқи мо саёҳат менамояд.

Мураккабии вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар рӯзҳои аввали истиқлол, дар мисоли зери по шудани халқ ва ҳуқуқи халқи заҳматкаш, дар анборҳои Ватан мондани дони серӯза таъсирнок ифода ёфтааст.

Мураккаб ва серзиддият будани давр дар қаламиҳои шоир ин тавр талқин ёфтааст: «Ҳама чиз мавҷуд буду гӯё озодӣ низ вуҷуд дошт, ҳама чиз буд, аммо халқу диёр ночор буд».

Шоири ҳақиқӣ фақат худро фикр намекунад. Дар шуури ӯ дарди Ватан, дар қалбаш ғами халқ ҷойгузин аст. Дар шеър ҳамин гуна дарду ғамҳо, метавон гуфт, изҳор ёфтаанд.

Қисмати Йӯлчибойота ва Озодахоная аҳволи ғарибонаи халқ дар он замонро инъикосгар буд. Зану шавҳар бо нияти нек фермер шуда, бо ҳазор машаққат замин гирифтаанд, киштукор намуданд. Лекин дар он замон ғоя мавҷуд буду муҳит не.

Пору ёфт шавад, об камёб, об ёфт шавад пурӣ нест. Дар ҳамин гуна давраи мураккаб зану шавҳар чун «ҷуфти гов» меҳнат карда, нисфи шаб ба хона бармегаштанд. Озодахон бо сари заниаш трактор ҳам меронд. Вале на файз дар зиндагӣ буду на барака дар кор. Сабаб дар чӣ буд? Сабаб он ки ғоя ва ҳаёти реалӣ аз ҳамдигар дур. Қаллобҳо дар сари кор бо гапфурӯшӣ панҷ мегирифтанд, вақте ба сари халқ кор афтод, каззобона худро қафо мекашиданд. Ба фикри шоир, ин нақл ё ривоят аз мозӣ нест, балки аз гузаштаи наздик ҳикояти ҳазин аст.

Духтараке бо номи Гулираъно дар ҳамон гуна рӯзҳо ба дунё омад.

Дар хонадон мисли майсаи гандум рӯид. Шоир ин духтараки мунисро дар муштаракӣ бо табиат тасвир месозад. Гулираъно тамоми вуҷуд ва рӯҳияти хешро ба замин бахшид, аз дашту саҳро меҳр ва оташи қалб дареғ надошт.

Ҳанӯз аз сесолагиаш ҳамроҳи падар ба пахтазор мебаромад. Ба замин, ба гандум ҳамдилу ҳамзабон гашт.

Гарчи номаш Гулираъност, бӯйи гулро не, бӯйи гандумро пазмон шуда, ба воя расид.

Дар оилаҳои мо одатан, меҳри писар дигархелтар. Йӯлчибойотаву ҳамсараш писардор нашуданд, меҳри тамоми худ ба духтарҳои худ нигаронданд. Баъзе духтарҳо ба волидон ва ёру диёр аз писарҳо зиёдтар хидмат карданашон мумкин.

Мисоли равшани ин – Гулираъно. Дар шеър ана ҳамин эҳсоси пок ба таври самимӣ ва муассир ин тавр ифода ёфтааст:

Иншоолоҳ, эл олдида ёруғ бӯлгай юзимиз,

Отасига айтди бир кун Гулираъно қизимиз.

Бағрингизда, майли, шоду хандон ӯйнаб – кулоин,

Ӯғли йӯқ деб ӯксиманг ҳеч, мен ӯғлингиз бӯлойин.

Тараққиёти имрӯза суръатнок, шиддати ҷаҳонишавӣ баланд. Дар ин замон кадом коре дар асоси илм барпо нашавад, тараққиёт намешавад. Гулираъно, ки аҳд карда буд ба волидон ба ҷойи писар писар мешавад, идрок намуд фермериро дар заминаи илм равнақ додан мумкин.

Ба тарҷумаи ҳоли духтаре, ки қаҳрамони шоир аст, таваҷҷӯҳ намудам. Вай дар Институти кишоварзию агротехнологии Андиҷон баробари омӯхтани илми забонёбӣ бо замин ва асрори ҳосили баланд руёндан ба сифати магистранти ҳамин институт ҷустуҷӯҳои илмиро пеш бурд. Ба вай гуфтанд кишоварзӣ соҳаи ба духтарбача хос нест, касби дигар омӯз. Вале ӯ дар фикри худ устувор монд, баҳри расидан ба мақсадҳо қатъият ва шуҷоат нишон дод. Чун роҳбари хоҷагии фермерии «Холиқов Йӯлчибой» пешқадамиро аз даст надоданаш лоиқи таҳсин. Соҳиби медали «Келажак бунёдкори» – сазовориаш ба эътибору боварии роҳбари давлат аз он дарак медиҳад меҳнату заҳматҳои Гулираъно муносиб натиҷа бахшидаанд.

Дар баробари талқини ба сари халқи мо афтодани чӣ қадар ранҷу алам, замон дигар шудаву сиёсат тағйир ёфта, натиҷа бахшидани дигаргуниҳои бузург ба шеър образи Сармеъмори ин давр ворид мегардад.

То ба майдони сиёсат омадани Сармеъмор дар таърихи дур ва наздик халқи заҳматкаш чӣ қадар имтиҳонҳои сахтро аз сар гузаронд. Бунёди қасри ин замонҳоро дида натавониста, аз дунё ҳазин гузаштани Ҳазиниҳо, асорати «Рӯзгори мозӣ» куҳан нашуда, чун меҳмон аз ин манзил рафтани Қодириҳо, дар боғи Марғилон дар баробари Маъмурҷон ҷондиҳии як халқ исботи ин фикр аст.

Меҳри Сироҷиддин Саййид нисбати Ватан-модар ба дараҷае баланд аст, ки ҳатто аз хаси он дил канда наметавонад. Аз дамидани субҳи босафо дар Ӯзбекистони Нав бо қалби саршор аз сурур мамнуниашро изҳор менамояд. Аз заҳмати сухан ҳаловат ёфтани қалбашро бо меҳри оташбор ин тавр иброз медорад: «Гарчи тунлар пайкалида дондай бир сӯзга зорман, ӯроғинг ҳам, машоғинг ҳам, бошоғингда ҳам борман».

Дар саҳроҳои Фарғонаи зебо агар нақши табаррук, нафаси меҳрноки фарзанди ҷонфидои Ватан, Қаҳрамони Ӯзбекистон Лола Муротова мондааст, алъон пайрави муносиби ӯ Гулираъно Холиқова ҷавлонзанон меҳнат мекунад. «Вай, ки зуккост, метавонист дар Лондон таҳсил намояд, лекин дар ҳамин диёр монданро афзал шумурд, барояш ҳамин зотҳои заҳматкаш муаллим шуданд». Бо чунин суханҳо шоир мактаби устодӣ-шогирдиро мавриди назар қарор додааст. «Илми заминро аз инсонҳои хокӣ омӯхт», таъкид месозад шоир. Самимияте, ки дар сатрҳои ӯ барқ мезанад, дар қалби хонанда акси садо медиҳад.

Эҳсоси муҳаббат ба ёру диёр ва халқи заҳматкаши ин сарзамин санги маҳак, мазмуну моҳияти шеърияти Сироҷиддин Саййидро ташкил менамояд.

Вай нигоштааст:

Ба дунё нест зеботар зи ту, хушрӯйи ман, Меҳан,

Намоӣ бӯйи гандум, эй Ватан, хушбӯйи ман, Меҳан.

Одаме, ки ҳикмат ҷуст, онро албатта меёбад. Агар ҳикматро шоир ёбад, эҷодкор ҳис кунад, нури онро ба қалби тамоми ҷамъият ҷой карда метавонад.

Гандумзорҳои Гулираъноро давр зада, ҳикмати дарёфтнамудаи Сироҷиддин Саййид ба шеъри зебо дар бораи духтаре табдил ёфт, ки ба қалби ҳамватанон муҳаббати Ватанро ҷогузин намудааст.

Шеъре, ки ҳамоҳангии фалсафаи ҳаёт ва бадеияти баландро таҷассум сохтааст, дар шеърияти давраи нави ӯзбек комёбии тоза буда, ба баҳои баланд муносиб аст. Бовар дорем суханони гандумии шоир дар қалбҳо ниҳолҳои муҳаббат нисбати Ватан ва миллатро шинонда, он ниҳолҳо ба чанорҳои азим табдил ёфта, бӯстонҳои истиқлол ва истиқболро аз бӯрону тӯфонҳо ҳифз менамоянд.

Нурбой Ҷабборов,

доктори илмҳои филологӣ, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: