Дар доираи фестивали “World Halal Food Festival”, ки дар шаҳри Лондон идома дорад, мастер-класс оид ба пухтупази таомҳои миллии ӯзбекӣ доир гардид.
Мастер-класс бо ҳамкории сафорати мамлакат, сафири сайёҳии Ӯзбекистон дар Британияи Кабир Софи Ибботсон ва бренди таомҳои миллии ӯзбекӣ – “Ошпаз” гузаронида шуд.
Ба иштирокдорон ва меҳмонони фестивал таомҳои асосии ошхонаи миллӣ – палав, самбӯса, мантӣ ва намудҳои гуногуни шириниҳо пешкаш гардид.
Дар рафти чорабинӣ меҳмонон на танҳо аз лаззати таомҳо баҳра бурданд, балки дар раванди тайёр кардани онҳо низ иштирок карданд. Мастер-класс барои намоиши меҳмоннавозӣ ва анъанаҳои беҳтарини кулинарии халқи ӯзбек имконияти хуб фароҳам овард.
Меҳмонони фестивал ба ошхонаи ӯзбекӣ шавқмандӣ зоҳир намуда, ба таомҳои миллӣ баҳои баланд доданд. Бояд гуфт, ки ин чорабинӣ дар тарғиби мероси ғании фарҳангӣ ва сайёҳии гастрономии Ӯзбекистон низ нақши муҳимеро бозид.
АИ “Дунё”,
шаҳри Лондон.