16 сентябр Президент Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи истеҳсоли блокҳои газ-бетонии корхонаи “Мегатон”-и ноҳияи Чуст дидан кард.
Афзудани аҳолӣ ва густариши урбанизатсия боиси рӯз то рӯз зиёд гардидани талабот ба маводи босифати сохтмон мегардад. Дар мамлакат соҳаи масолеҳи сохтмон низ ҳамонанди ин босуръат рушд мекунад. Технологияҳои замонавӣ ворид шуда, маҳсулоти дорои самарадории баланд дар худамон истеҳсол карда мешавад.
Корхонаи газоблок, ки дар минтақаи озоди иқтисодии “Намангон” ҷойгир аст ва аз тарафи “Туронбонк” маблағгузорӣ шудааст, яке аз онҳо мебошад. Дар доираи ин лоиҳа, ки 40 миллион доллар арзиш дорад, аз як қатор давлатҳо, чун Чин, Олмон, Дания технологияҳои инноватсионӣ оварда, насб карданд. Аз ин рӯ, сифат ва самарабахшии маҳсулоте, ки истеҳсол мешавад, хеле хуб аст.
Масалан, технологияи Олмон сарфакории барқро таъмин мекунад. Биноҳое, ки бо чунин газоблокҳо сохта шудаанд, ниёз ба изолятсияи берунӣ надоранд, гармӣ ва сардии дохили онҳо 4 баробар камтар талаф мешавад. Дар натиҷа хароҷоти нерӯи барқ ба 45 дарсад коҳиш меёбад.
Дар истеҳсолот аз сементи дорои маркаи 550-и “Наманган семент”-и назди корхонаи “Мегатон” истифода мебаранд. Тавассути ин силсилаи арзиши иловагӣ ба вуҷуд меояд. Дар корхона 500 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Сарвари давлат аз раванди кор боздид ба амал оварда, лаборатория ва маҳсулотро аз назар гузаронд. Мутасаддиён дар бораи сифати маҳсулот, тобоварии онҳо ба гармиву сардӣ маълумот доданд.
– Хуб аст, ки саноати сохтмони мо ба талаби замон мутобиқ гардида, маҳсулоти босифат истеҳсол карда мешавад, – гуфт роҳбари давлат. – Мо бояд чунин технологияҳои инноватсиониро дар дигар шабакаҳо, ки ҳиссаи воридот зиёд аст, истифода намоем. Дар чунин ҳол дар бозор рақобат, дар харидорон имкони бештари интихоб пайдо мешавад, дар минтақаҳо ҷойҳои корӣ меафзояд. Барои ин дастгирии соҳибкоронеро, ки навҷӯиҳо мекунанд, идома медиҳем.
Дар ин корхона соле 600 ҳазор метри мукааб маҳсулот истеҳсол мегардад. Ин тақрибан 28 дарсади эҳтиёҷоти вилоятро ба хишт қонеъ хоҳад кард.
Дар марҳилаи дувуми лоиҳа маҳаллигардонии девори газоблоки автоклавӣ, ширеши махсус, маҳлул ва хамираҳои кимиёвӣ пешбинӣ шудааст.