Таҷрибаи Намангон дар навсозии истгоҳҳои обкашӣ оммавӣ мешавад

Президент Шавкат Мирзиёев аз истгоҳи обкашии “Айқирон-1”-и ноҳияи Чортоқи вилояти Намангон боздид ба амал овард.

Тавассути ин насос, ки дар канали магистралии Катта Намангон ҷойгир аст, 815 гектар замин обёрӣ карда мешавад. Аммо бо сабаби фарсуда гардидани агрегатҳо, самаранокии паст ва исрофгарии зиёд ба мушоҳида мерасид. Аз ҷумла, ҳамасола тахминан 6 миллион киловатт-соат нерӯи барқ масраф мешуд.

Аз тарафи соҳибкор дар асоси шарикии давлативу бахши хусусӣ, дар ин ҷо агрегатҳои сарфакори барқ ва таҷҳизоти муосир насб карда шуданд. Системаи навшуда имкон медиҳад, ки ҳамасола то чил фоиз нерӯи барқ сарфа гардад.

Баробари каммасраф будан, иқтидори обкашии насосҳои нав низ хеле баланд аст. Ин бошад, барои васеътар гардидани майдони обёришаванда, беҳтар шудани ҳосилнокии зироат хидмат мекунад.

Дар вилоят зиёда аз 200 истгоҳи обкашӣ мавҷуд. Аз ин шумора, 43-тоаш барои идора ба корхонаи “Наммоторс сув таъминот” дар асоси шарикии давлативу бахши хусусӣ ба муҳлати 10 сол супорида шудааст. Ба ин раванд 40 миллиард сӯм сармоя равона гардидааст. Агрегатҳое, ки ба насосҳо  насб мешаванд, маҳаллисозӣ шудаанд.

Сарвари давлат супориш дод, ки дар зарфи ду сол ҳамаи истгоҳҳои обкашии вилоят дар асоси таҷрибаи “Айқирон-1” навсозӣ гарданд ва ин таҷриба дар дигар минтақаҳои кишвар низ марҳила ба марҳила татбиқ шавад.

Таъкид гардид, ки танҳо бо нав кардани технологияҳо қонеъ нагардида, идораи самараноку бомалака ва истифодаи дурусти онҳо низ муҳим аст. Агар бо илм ва дониш кор пеш бурда шавад, самарабахшии иқтисодии навсозӣ меафзояд. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳосилнокӣ афзуда, амнияти озуқаворӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар мегардад.

Масъулон дар бораи минбаъд дар 750 хоҷагии фермерӣ гузоштани насосҳои хурде, ки тавассути панелҳои офтобӣ кор мекунанд ва ҷорӣ кардани низоми обёрии қатрагӣ маълумот доданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: