Лоиҳаи Норин дар моҳипарварӣ намуна аст

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи “Фишвел Норин”-и ноҳияи Норини вилояти Намангон шинос шуд.

Моҳипарварӣ ҳам дар таъмини саломатии аҳолӣ ва ҳам амнияти озуқаворӣ нақши муҳим дорад. Бисёр гардидани моҳӣ ба нархи дигар маҳсулоти гӯшт таъсири мусбат мерасонад. Дар хона парвариш кардани моҳӣ барои оила даромади иловагӣ меоварад.

Дар мамлакатамон ба рушди соҳаи моҳипарварӣ аз ҳамин ҷиҳат муносибат карда мешавад. Дар ноҳияҳое, ки оби бисёр доранд, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва кооператсионӣ фаъолона дастгирӣ мешаванд.

Корхонаи “Фишвел Норин” аз ҳисоби 3 миллион доллар чунин лоиҳаро оғоз бахшидааст. Дар масоҳати зиёда аз ду гектар 76 ҳавзаи инноватсионӣ ташкил карда шудааст. Ҳоло 40-тои онҳо ба кор дароварда шуда, дар усули супер-интенсив гулмоҳӣ парвариш карда мешавад. Умуман, дар ин ҷо солона истеҳсоли 2 ҳазор тонна гӯшти хушсифати моҳӣ ва ба маблағи 5 миллион доллар содир намудан пешбинӣ шудааст.

Ҷиҳати муҳими дигар он аст, ки корхона ба аҳолии маҳаллӣ парвариши моҳиро меомӯзад. 25 хонаводаи маҳаллаи Хӯҷақӯрғонча бо ин кластер ҳамкорӣ намуда, ҳар яке то 150 миллион сӯм даромади солона ба даст меоранд.

Густариши доираи чунин чорабиниҳо ва ба моҳипарварӣ ҷалб кардани 100 хонавода аз ноҳияҳои Норин ва Учқӯрғон ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, аз 2 ҳазор тонна гулмоҳӣ, ки истеҳсол мешавад, 500 тоннааш дар хонаводаҳо парвариш карда мешавад. Дар натиҷа зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Рушди соҳаи моҳипарварӣ боз як самти нави фаъолиятро ба вуҷуд овард – дар шафати корхона ресторани замонавӣ сохта шуд. Дар он аз моҳӣ таомҳои гуногун омода гардида, ба меҳмонон пешкаш мешаванд. Ин ба рушди туризм ва густариши дигар навъҳои хидматрасонӣ низ саҳм мегузорад.

Президент ба мутасаддиён дастур дод, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ноҳияҳоеро, ки барои парвариши гулмоҳӣ мувофиқанд, муайян карда, ин усулро оммавӣ намоянд. Аз рӯйи истеҳсоли озуқаи моҳӣ бо шарикони Нидерланд, гузоштани ҳавзаҳои сунъӣ дар наздикии чоҳҳои амудии Норин ва тақсим кардани онҳо ба аҳолӣ вазифаҳо муайян гардиданд.

Ҳоло дар атрофи чоҳҳои мелиоративии вилояти Намангон дар асоси шарикии давлативу бахши хусусӣ 34 ҳавзи интенсив ташкил карда шудааст. Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки оби барои моҳипарварӣ истифодашуда бо моддаҳои минералӣ ғанӣ мегардад ва бинобар ин, аз он дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ истифода мебаранд. Дар ин самт ба таҷрибаи мутахассисони хориҷӣ такя мекунанд.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат дар бораи фаъолияти “Ситоди ислоҳот” маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки якҷоя бо соҳибкорон лоиҳаҳо ба маблағи 1 миллиард доллар амалӣ мегарданд. Дар натиҷаи ин ҳама, ҷамъ 12 ҳазор ҷойи корӣ таъсис меёбад, ба буҷет 200 миллиард сӯм даромади иловагӣ ворид мегардад ва барои содирот ба маблағи 160 миллион доллар манбаъ пайдо мешавад.

Аз ҷумла, тавассути чунин корҳои манзилнок беҳсозии иқтисодиёти ноҳияҳои Мингбулоқ ва Норин дар назар аст. Чораҳо ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаҳои тайёр барои аҳолӣ, ба касбомӯзӣ равона кардан ва ба ин васила таъмини шуғли онҳо муқаррар гардидаанд.

Президент ҳамчунин аз майдони хоҷагии фермерии “Расулов Ғафурҷон ӯғли Баҳодир”-и ноҳияи Норин дидан карда, бо раванди пахтачинӣ шинос шуд. Дар ин замин навъи хориҷии пахта кишт шуда, ҳосили зиёд ба даст омадааст. Барои коркарди кимиёвӣ дастгоҳҳои бесарнишин, барои чинак мошинҳои замонавӣ ҷалб гардидааст. Бо ёрии онҳо пахта бе талафот ва тоза ҷамъоварӣ мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: