Сарвари давлат дар доираи сафари худ ба вилояти Намангон аз маҳаллаи Шӯрариқи ноҳияи Норин боздид ба амал овард.
Шароити ин маҳалла вазнин аст. Роҳҳои дохилӣ ба таъмир ниёз доранд, дар роҳ чароғ ва лӯлаҳои обгузар вуҷуд надорад. Дар ин ҷо беш аз 5 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. 62 оилаи камбизоат, 118 шахси бекор ҳаст, 157 нафар дар муҳоҷират.
Дар асл, дар маҳалла, ки дар канори роҳи байниноҳиявӣ ҷойгир аст, барои рушди соҳибкорӣ, савдо ва хидматрасонӣ имконот зиёд аст. Биноҳои холиро метавон дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба кор даровард.
Президент доир ба мушкилоти минтақа фикру мулоҳизаҳои аҳолиро шунид.
– Акнун ин маҳалларо ба таври куллӣ тағйир дода, ба он нафаси “Ӯзбекистони Нав”-ро ворид месозем. Кӯчаҳоро обод карда, намои онро нав мекунем. Барои зисти одамон, сайр карда, бо фарзандони худ истироҳат кардани онҳо шароити муносиб фароҳам карда мешавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба мутасаддиён аз рӯйи ба намуна табдил додани маҳалла супориш дода шуд. Аз ҷумла, аз рӯйи ворид намудани муҳити шаҳр ба он ва беҳтар кардани шароит барои соҳибкорӣ мастер-нақша таҳия карда мешавад. Дар асоси он маҳалҳо бо лоиҳаҳои омода ва инфрасохтори мувофиқ ба ташаббускорон пешниҳод карда мешаванд. Дар натиҷа, салоҳияти маҳалла фзуда, ба маркази панҷ маҳаллаи атроф табдил меёбад.
Гузари замонавии маҳалла ва сарйгоҳ бунёд мегардад, майдончаҳои бачагона ва варзишӣ, китобхона, маркази бозомӯзии забон ва касб, ҳамчунин растаи бонк ташкил карда мешаванд. Мактаб ва кӯдакистонҳо дар доираи барномаи давлатии сармоягузорӣ пурра таъмир мегарданд. Кӯчаҳо мумфарш гардида, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, гулу ниҳолҳои гуногун шинонда мешаванд. Боғҳои кӯҳна ва камҳосил низ пурра навсозӣ хоҳанд шуд. Дар асоси шартномаи иҷтимоӣ сокинон хонаҳои худро ба тартиб меоваранд.
Дар маҷмӯъ, зикр шуд, ки барои “ҷондортар” кардани корҳо дар низоми поёнии саросари кишвар қарор таҳия шуда истодааст. Барои ворид кардани симои нав ба ноҳия ва маҳаллаҳо аз буҷет ҷамъ 5 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Аз ҷумла, дар Намангон барои ноҳияҳои Косонсой ва Норин 100 миллиард сӯмӣ, барои ду маҳаллаи дорои тоифаи “вазнин”-и ҳар як ноҳияи дигар 5 миллиард сӯмӣ равона гардида, ҷиҳати ба минтақаи дар меҳнат намуна, ҳаёташ фаровон ва дар соҳибкорӣ пешсаф табдил додани онҳо чорабиниҳо андешида мешаванд.