25 марти соли гузашта, сарвари давлат дар вилояти Намангон сохтмони неругоҳҳои нави барқиро оғоз бахшида буд. Имрӯз яке аз онҳо — марҳалаи аввали силсилаи НБО-ҳои Норин ба фаъолият оғоз намуд.
Президент Шавкат Мирзиёев зимни сафари худ ба вилоят аз ин иншооти энергетикӣ дидан кард.
Рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар мамлакатамон ҳамчун самти стратегӣ дар таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ муайян шудааст. Дар солҳои охир дар Бухоро, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Самарқанд ва Сурхондарё зиёда аз даҳ нерӯгоҳи офтобӣ ва бодӣ ба кор дароварда шуданд. Ҳамзамон, дар як қатор минтақаҳо неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори 450 мегават мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳоло дар дарёи Норин аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзбекгидроэнерго” сохтмони 6 НБО оғоз ёфтааст. Арзиши умумии лоиҳа беш аз 428 миллион доллар буда, иқтидори умумии он 228 мегават хоҳад шуд.
Дар марҳалаи аввал НБО-1 мавриди истифода қарор гирифт. Муҳимтар аз ҳама, он пурра бо таҷҳизот ва маҳсулоти маҳаллӣ сохта шуд. Ба ин маъно, онро метавон “аввалин нерӯгоҳи миллии барқи обӣ” дар мамлакат номид.
НБО-1 имкони истеҳсоли 171 миллион киловатт-соат неруи барқро дар як сол дорад. Дар ин ҷо 130 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.
Бо татбиқи лоиҳа 430 ҳазор хонадон ба неруи барқ таъмин мегарданд, дар як сол 290 миллион метри мукааб газ сарфа мешавад. Ин барои иқтисодиёт тақрибан 300 миллиард сӯм фоидаи иловагӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, “Силсилаи НБО-ҳои Норин” на танҳо аҳамияти энергетикӣ, балки иҷтимоӣ ва иқтисодиро низ соҳибанд.
Дар таърихи гидроэнергетикаи Ӯзбекистон, бори аввал дар доираи ин лоиҳа гидроагрегатҳои капсулавии уфуқӣ истифода шуданд. Онҳо дар шароити фишори паст низ бо самарадории баланд фарқ мекунанд ва дар соҳаи гидроэнергетикаи миллӣ марҳалаи навро оғоз мебахшанд.
Дар НБО иншооти нигоҳдории об низ сохта шуд. Инчунин, дар минтақа биноҳои маъмурӣ ва хидматӣ, нуқтаи танзимӣ қад афрохтанд. Бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва ободонии минтақа 6 ҳазор дарахти манзаравӣ шинонда шуд ва дар баҳори оянда боз шинондани 7 ҳазор ниҳоли дарахти мевадиҳанда дар назар аст.
Ба ин тартиб, ин ҷо на танҳо як маркази энергетикӣ, балки ба як маскани эко-туризм ва истироҳатӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар маҷмӯъ, силсилаи НБО-ҳои Норин лоиҳаи стратегие мебошанд, ки ба рушди иқтисодиёти сабз ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардум хидмат мекунанд. Соли 2026 марҳалаҳои дуюм ва сеюм ва соли 2027 нерӯгоҳҳои боқимонда низ ба кор дароварда мешаванд. Иқтидори ҳар як неругоҳ 38 мегават буда, дар ҷараёни кори онҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.
Чунин лоиҳаҳои бузург дар сохтори энергетикӣ барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқи устувор, кори муназзами шабакаҳои саноат ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ аҳамияти бузург доранд.