16 сентябр Президент Шавкат Мирзиёев бо мақсади ошноии бештар бо рушди минтақаҳо ва рӯзгори мардум ба вилояти Намангон омад.
Суръати созандагиҳо дар минтақа аллакай аз дарвозаи шаҳр – аэропорт ба чашм мерасад. Дар ин ҷо аз ҳисоби 140 миллион доллар сармоя терминалҳои нав сохта мешаванд.
Ин лоиҳа соли гузашта зимни сафари роҳбари давлат ба вилоят муаррифӣ гардида буд. Имрӯз корҳои сохтмон босуръат идома доранд.
Фурудгоҳи ҳозира барои ҷараёни сайёҳон хеле хурд аст. Дар терминали нав, ки сеошёна бунёд мегардад, иқтидори қабули мусофирон 2,5 баробар меафзояд.
Шуъбаҳои назорати сарҳадӣ ва раводид, толори тиҷоратӣ, нуқтаҳои савдо ва хӯрокворӣ, утоқи тиббӣ, мағозаҳои Duty Free ба таври муосир сохта мешаванд.
Инчунин, дар фурудгоҳ терминали калони боркаш бунёд мегардад. Он барои кашонидани 50 тонна бор дар як рӯз ва ба 90 мамлакати ҷаҳон содир намудани онҳо имкон медиҳад. Муҳимтар аз ҳама, тавассути ин дар водӣ системаи ягонаи боркашӣ ба вуҷуд меояд. Иқтидори тиҷоратӣ, содиротӣ ва транзити минтақа меафзояд.
Масалан, соли ҷорӣ ба вилояти Намангон ҷалби 1,5 миллион сайёҳи хориҷӣ ва беш аз 2 миллион сайёҳи маҳаллӣ ва тавассути ин ба 210 миллион доллар расонидани содироти хидматрасонӣ пешбинӣ шудааст. Содироти вилоятҳои Андиҷон ва Фарғона низ зиёд мешавад.
Таҷҳизоти махсуси сервисии фурудгоҳ низ нав карда мешаванд. Ин барои қабули самолётҳои андозаашон гуногун ва хидматрасонӣ ба онҳо имкон медиҳад. Инчунин, кайтеринг, маҷмааи фурӯши сӯзишворӣ ва дигар биноҳои хоҷагӣ сохта мешавад. Соли оянда ба кор даровардани терминалҳои нав дар назар аст.
Роҳбари давлат оид ба рушди ҳамоҳанги инфрасохтори атрофи фурудгоҳ супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки чун таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар атрофи фурудгоҳ бояд меҳмонхонаҳо, маҷмааҳои савдо ва фароғатӣ, тамоми хидматрасониҳои замонавӣ мавҷуд бошад. Вазифа гузошта шуд, ки истгоҳи нақлиётӣ ва иншооти хидматрасонӣ ташкил гардида, барои меҳмонон имкониятҳои бештар фароҳам оварда шавад.
Сипас, Президент Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи истеҳсоли блокҳои газ-бетонии корхонаи «Мегатон»-и ноҳияи Чуст дидан кард.
Афзудани аҳолӣ ва густариши урбанизатсия боиси рӯз то рӯз зиёд гардидани талабот ба маводи босифати сохтмон мегардад. Дар мамлакат соҳаи масолеҳи сохтмон низ ҳамонанди ин босуръат рушд мекунад. Технологияҳои замонавӣ ворид шуда, маҳсулоти дорои самарадории баланд дар худамон истеҳсол мешавад.
Корхонаи газоблок, ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Намангон» ҷойгир аст ва аз тарафи «Туронбонк» маблағгузорӣ шудааст, яке аз онҳо мебошад. Дар доираи ин лоиҳа, ки 40 миллион доллар арзиш дорад, аз як қатор давлатҳо, чун Чин, Олмон, Дания технологияҳои инноватсионӣ оварда, насб карданд. Аз ин рӯ, сифат ва самарабахшии маҳсулоте, ки истеҳсол мешавад, хеле хуб аст.
Масалан, технологияи Олмон сарфакории барқро таъмин мекунад. Биноҳоеро, ки бо чунин газоблокҳо сохта шудаанд, ниёз ба изолятсияи берунӣ надоранд, гармӣ ва сардии дохили онҳо 4 баробар камтар талаф мешавад. Дар натиҷа хароҷоти нерӯи барқ ба 45 дарсад коҳиш меёбад.
Дар истеҳсолот аз сементи дорои маркаи 550-и «Наманган семент»-и назди корхонаи «Мегатон» истифода мебаранд. Тавассути ин силсилаи арзиши иловагӣ ба вуҷуд меояд. Дар корхона 500 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Сарвари давлат аз раванди кор боздид ба амал оварда, лаборатория ва маҳсулотро аз назар гузаронд. Мутасаддиён дар бораи сифати маҳсулот, тобоварии онҳо ба гармиву сардӣ маълумот доданд.
– Хуб аст, ки саноати сохтмони мо ба талаби замон мутобиқ гардида, маҳсулоти босифат истеҳсол карда мешавад, – гуфт роҳбари давлат. – Мо бояд чунин технологияҳои инноватсиониро дар дигар шабакаҳо, ки ҳиссаи воридот зиёд аст, истифода намоем. Дар чунин ҳол дар бозор рақобат, дар харидорон имкони бештари интихоб пайдо мешавад, дар минтақаҳо ҷойҳои корӣ меафзояд. Барои ин дастгирии соҳибкоронеро, ки навҷӯиҳо мекунанд, идома медиҳем.
Дар ин корхона соле 600 ҳазор метри мукааб маҳсулот истеҳсол мегардад. Ин тақрибан 28 дарсади эҳтиёҷоти вилоятро ба хишт қонеъ хоҳад кард.
Дар марҳилаи дувуми лоиҳа маҳаллигардонии девори газоблоки автоклавӣ, ширеши махсус, маҳлул ва хамираҳои кимиёвӣ пешбинӣ шудааст.
Президент Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаҳои минтақаи саноатӣ ва хидматрасонии «Тараққиёт», ки дар ноҳияи Намангони Нав бунёд гардидааст, шинос шуд.
Дар мамлакат бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои соҳибкорон, диверсификатсияи шабакаҳои иқтисодиёт ва таъмини шуғли аҳолӣ, дар маҳалҳо технопарк ва минтақаҳои хурди саноатӣ ташкил карда мешаванд. Ҳоло дар вилояти Намангон дар 1,5 ҳазор гектар майдон 73 минтақаи саноатӣ мавҷуд аст.
Натиҷаҳои ин корҳо дар маҳаллаи Соҳили ноҳияи Намангони Нав низ равшан ба чашм мерасанд. Пештар соҳибкорону ҳунармандон дар манзилҳои худ дар шароити маҳдуд фаъолият намуда бошанд, акнун дар маҷмааи умумии дорои инфрасохтори замонавӣ кор мебаранд.
Дар ин минтақа, ки дар асоси «Таҷрибаи Ғиждувон» дар 10 гектар майдон ташкил ёфтааст, 113 лоиҳа ҷойгир карда шудааст. Барои кори барқарори онҳо аз ҳисоби буҷет инфрасохтори зарурӣ, чун шабакаҳои барқ, оби нӯшокӣ ва партовоб, роҳҳои дохилӣ бунёд шудааст.
Дар натиҷа иқтидори солонаи истеҳсоли маҳсулот ва хидматрасонӣ ба маблағи 500 миллиард сӯм ба вуҷуд омада, 4 800 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Ҷалби 170 нафар соҳибкор аз маҳаллаҳои ҳамсоя, роҳандозии истеҳсоли маҳсулот дар асоси ҳамкорӣ дар зиёда аз 350 хонадон, фаъолии иқтисодии аҳолиро боз ҳам афзунтар менамояд.
Боз як ҷиҳати муҳим дар он аст, ки бо истифода аз таҷҳизот ва амалиёти омода, дар ин ҷо имкони бозомӯзии касбу ҳунар ба шаҳрвандони бекор вуҷуд дорад. Ин ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, ҳамзамон, фаровонии рӯзгори мардум мусоидат мекунад.
Сарвари давлат кори марказҳои хидматрасонии техникии автомобилҳоро аз назар гузаронида, бо устоҳо суҳбат кард.
– Дар мамлакатамон корхонаҳои нав ба нави автомобил ба фаъолият оғоз менамоянд. Даромади мардум зиёд гардида, шумораи мошинҳо ҳам меафзояд. Аммо дар бахши хидматрасонӣ то ҳол имкониятҳо бисёр. Масалан, хидматрасонӣ ба мошинҳои хориҷӣ ба қадри кофӣ нест. Тавассути ба роҳ мондани ин самт ба таври низомӣ, метавон ҳам шуғли аҳолиро таъмин кард, ҳам сифати хидматрасониро, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Аз ин рӯ, аз рӯйи ташкили чунин марказҳои хидматрасонӣ дар дигар ноҳияҳо, омода намудани устоҳои соҳибмалака супоришҳо дода шуд.
Президент бо намоишгоҳи мебелҳое, ки дар минтақаи саноатӣ истеҳсол мешаванд, шинос гардид. Оид ба рушди саноати маҳаллӣ, густариши дастгирии фаъолияти соҳибкорон, кӯмак ба ҷавонон дар омӯзиши таҷриба ва пайдо кардани ҷойи кор вазифаҳо гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки дар чунин маҷмааҳо бояд муносибатҳои муосир дар самти қадр кардани инсон низ амалӣ шаванд. Аҳамияти таъмини бехатарии сӯхтор ва амнияти техникӣ, инчунин фароҳам овардани шароити хуб барои истироҳати кормандон дар баробари меҳнат, баён карда шуд.
Баъд Президент Шавкат Мирзиёев аз истгоҳи обкашии «Айқирон-1»-и ноҳияи Чортоқи вилояти Намангон боздид ба амал овард.
Тавассути ин насос, ки дар канали магистралии Катта Намангон ҷойгир аст, 815 гектар замин обёрӣ карда мешавад. Аммо бо сабаби фарсуда гардидани агрегатҳо, самаранокии паст ва исрофгарии зиёд ба мушоҳида мерасид. Аз ҷумла, ҳамасола тахминан 6 миллион киловатт-соат нерӯи барқ масраф мешуд.
Аз тарафи соҳибкор дар асоси шарикии давлативу бахши хусусӣ, дар ин ҷо агрегатҳои сарфакори барқ ва таҷҳизоти муосир насб карда шуданд. Системаи навшуда имкон медиҳад, ки ҳамасола то чил фоиз нерӯи барқ сарфа гардад.
Баробари каммасраф будан, иқтидори обкашии насосҳои нав низ хеле баланд аст. Ин бошад, барои васеътар гардидани майдони обёришаванда, беҳтар шудани ҳосилнокии зироат хидмат мекунад.
Дар вилоят зиёда аз 200 истгоҳи обкашӣ мавҷуд. Аз ин шумора, 43-тоаш барои идора ба корхонаи «Наммоторс сув таъминот» дар асоси шарикии давлативу бахши хусусӣ ба муҳлати 10 сол супорида шудааст. Ба ин раванд 40 миллиард сӯм сармоя равона гардидааст. Агрегатҳое, ки ба насосҳо насб мешаванд, маҳаллисозӣ шудаанд.
Сарвари давлат супориш дод, ки дар зарфи ду сол ҳамаи истгоҳҳои обкашии вилоят дар асоси таҷрибаи «Айқирон-1» навсозӣ гарданд ва ин таҷриба дар дигар минтақаҳои кишвар низ марҳила ба марҳила татбиқ шавад.
Таъкид гардид, ки танҳо бо нав кардани технологияҳо қонеъ нагардида, идораи самараноку бомалака ва истифодаи дурусти онҳо низ муҳим аст. Агар бо илм ва дониш кор пеш бурда шавад, самарабахшии иқтисодии навсозӣ меафзояд. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳосилнокӣ афзуда, амнияти озуқаворӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар мегардад.
Масъулон дар бораи минбаъд дар 750 хоҷагии фермерӣ гузоштани насосҳои хурде, ки тавассути панелҳои офтобӣ кор мекунанд ва ҷорӣ кардани низоми обёрии қатрагӣ маълумот доданд.
Сарвари давлат аз Маркази нигоҳубини рӯзонаи «Фирдавс», ки дар шаҳри Намангон дар асоси шарикии давлативу бахши хусусӣ ташкил ёфтааст, дидан кард.
Дар асоси Конститутсия ва Стратегияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, доираи корҳо ҷиҳати арҷ гузоштан ба қадри инсон васеъ гардида, хидматрасониҳо дар ин самт ба эҳтиёҷмандон наздиктар мешаванд. Бахусус, аз моҳи марти соли равон сар карда, дар Ӯзбекистон хидмати нигоҳубини рӯзона барои кӯдакони маъюб роҳандозӣ шуд. Чунин лоиҳаҳо дар асоси шарикии хусусӣ, тавассути ҷудо кардани субсидия аз ҷониби давлат амалӣ мегарданд.
Маркази нигоҳубини рӯзонаи «Фирдавс», ки аз тарафи соҳибкор Сайёра Қосимова ташкил шудааст, яке аз чунин муассисаҳост. Марказ барои 36 нафар пешбинӣ шуда, хидматҳои махсуси таълимӣ ва офиятӣ (реабилитатсионӣ) мерасонад. Кӯдакон дар давоми рӯз 9 соат бо барномаҳои инфиродии омӯзишӣ ва тренинг фаро гирифта мешаванд. Машғулотҳоро невропатолог, дефектолог, сурдолог, аудиолог, омӯзгор ва равоншиносони ботаҷриба мегузаронанд.
Модароне, ки аз ин хидмат истифода мебаранд, барои меҳрубониву ғамхориҳо ба фарзандонашон, ба Президент изҳори миннатдорӣ намуданд. Ба гуфтаи онҳо, пештар чунин кӯдакон танҳо дар хона менишастанд ва аз ҷомеа ҷудо мемонданд. Ба туфайли низоми нави ҳифзи иҷтимоӣ, акнун онҳо низ ба «рӯшноӣ» мебароянд. Бачагони маълул ба таълими инфиродӣ, дарс ва машғулотҳои шавқовар ҷалб гардида, таҷрибаҳои ҳаётиро меомӯзанд. Ин барои оилаҳое, ки кӯдакони маъюб доранд, мадад ва тасаллии бузург аст.
Президенти мамлакат таъкид кард, ки дар кишварамон ҳеҷ кас аз эътибор дар канор намемонад, доираи чунин лоиҳаҳои иҷтимоӣ боз ҳам густариш меёбад.
Сарвари давлат ҳамзамон бо фаъолияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Faol hayotga qadam besh xizmat», ки дар ҳамин ҷо ҷойгир аст, шинос шуд.
Ин марказ имсол аз ҳисоби маблағи шахсии соҳибкор Хосият Ортиқова таъсис ёфтааст. Дар ин ҷо барои шахсоне, ки ба нигоҳубини дигарон ниёз доранд, шароити муосир, хидматҳои тиббӣ ва барқарорсозӣ роҳандозӣ шудаанд. Марказ барои 16 нафар пешбинӣ гардидааст.
Дар ин ҷо аз тарафи мутахассисони тиббӣ дар асоси барномаҳои инфиродӣ, ҳамарӯза машғулиятҳои 8-соата гузаронида мешавад. Онҳо барои барқарор намудани саломатӣ, афзунсозии имкониятҳои функсионалӣ ва бозгардондани инсонҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ кӯмак мерасонанд.
Муҳим он аст, ки табобатҳои дар муддати гузашта татбиқшуда аллакай натиҷа медиҳанд. Бахусус, сатҳи худнигоҳубинӣ дар 8 нафар беҳтар гардида, аъзои оилаи панҷ нафари онҳо ба кор ҷойгир шуданд.
Барномаи «Қадам ба ҳаёти фаъол» ва нигоҳубини рӯзона на танҳо барои баргардонидани одамон ба ҳаёти солим, балки барои беҳтар намудани имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии оилаҳо низ мусоидат мекунад. Тавассути ин хидматҳо, на танҳо дар зиндагии беморон, балки дар хонаводаҳои онҳо, дар ҷомеа низ тағйироти мусбат мушоҳида мешавад.
Ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ ба барномаи шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ дар ин самт 600 нафар соҳибкор пайвастаанд, ки аз ин теъдод 46 нафар дар вилояти Намангон фаъолият доранд. Бо барномаи «Қадам ба ҳаёти фаъол» дар мамлакат 24 ҳазор нафар шахсоне, ки ба нигоҳубини дигарон ниёз доранд, бо хидмати нигоҳубини рӯзона бошад, тақрибан 3 ҳазор кӯдаки маъюб фаро гирифта шудаанд.
Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи «Фишвел Норин»-и ноҳияи Норин шинос шуд.
Моҳипарварӣ ҳам дар таъмини саломатии аҳолӣ ва ҳам амнияти озуқаворӣ нақши муҳим дорад. Бисёр гардидани моҳӣ ба нархи дигар маҳсулоти гӯшт таъсири мусбат мерасонад. Дар хона парвариш кардани моҳӣ барои оила даромади иловагӣ меоварад.
Дар мамлакатамон ба рушди соҳаи моҳипарварӣ аз ҳамин ҷиҳат муносибат карда мешавад. Дар ноҳияҳое, ки оби бисёр доранд, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва кооператсионӣ фаъолона дастгирӣ мешаванд.
Корхонаи «Фишвел Норин» аз ҳисоби 3 миллион доллар чунин лоиҳаро оғоз бахшидааст. Дар масоҳати зиёда аз ду гектар 76 ҳавзаи инноватсионӣ ташкил карда шудааст. Ҳоло 40-тои онҳо ба кор дароварда шуда, дар усули супер-интенсив гулмоҳӣ парвариш карда мешавад. Умуман, дар ин ҷо солона истеҳсоли 2 ҳазор тонна гӯшти хушсифати моҳӣ ва ба маблағи 5 миллион доллар содир намудан пешбинӣ шудааст.
Ҷиҳати муҳими дигар он аст, ки корхона ба аҳолии маҳаллӣ парвариши моҳиро меомӯзад. 25 хонаводаи маҳаллаи Хӯҷақӯрғонча бо ин кластер ҳамкорӣ намуда, ҳар яке то 150 миллион сӯм даромади солона ба даст меоранд.
Густариши доираи чунин чорабиниҳо ва ба моҳипарварӣ ҷалб кардани 100 хонавода аз ноҳияҳои Норин ва Учқӯрғон ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, аз 2 ҳазор тонна гулмоҳӣ, ки истеҳсол мешавад, 500 тоннааш дар хонаводаҳо парвариш карда мешавад. Дар натиҷа зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Рушди соҳаи моҳипарварӣ боз як самти нави фаъолиятро ба вуҷуд овард – дар шафати корхона ресторани замонавӣ сохта шуд. Дар он аз моҳӣ таомҳои гуногун омода гардида, ба меҳмонон пешкаш мешаванд. Ин ба рушди туризм ва густариши дигар навъҳои хидматрасонӣ низ саҳм мегузорад.
Президент ба мутасаддиён дастур дод, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ноҳияҳоеро, ки барои парвариши гулмоҳӣ мувофиқанд, муайян карда, ин усулро оммавӣ намоянд. Аз рӯйи истеҳсоли озуқаи моҳӣ бо шарикони Нидерланд, гузоштани ҳавзаҳои сунъӣ дар наздикии чоҳҳои амудии Норин ва тақсим кардани онҳо ба аҳолӣ вазифаҳо муайян гардиданд.
Ҳоло дар атрофи чоҳҳои мелиоративии вилояти Намангон дар асоси шарикии давлативу бахши хусусӣ 34 ҳавзи интенсив ташкил карда шудааст. Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки оби барои моҳипарварӣ истифодашуда бо моддаҳои минералӣ ғанӣ мегардад ва бинобар ин, аз он дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ истифода мебаранд. Дар ин самт ба таҷрибаи мутахассисони хориҷӣ такя мекунанд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат дар бораи фаъолияти «Ситоди ислоҳот» маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки якҷоя бо соҳибкорон лоиҳаҳо ба маблағи 1 миллиард доллар амалӣ мегарданд. Дар натиҷаи ин ҳама, ҷамъ 12 ҳазор ҷойи корӣ таъсис меёбад, ба буҷет 200 миллиард сӯм даромади иловагӣ ворид мегардад ва барои содирот ба маблағи 160 миллион доллар манбаъ пайдо мешавад.
Аз ҷумла, тавассути чунин корҳои манзилнок беҳсозии иқтисодиёти ноҳияҳои Мингбулоқ ва Норин дар назар аст. Чораҳо ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаҳои тайёр барои аҳолӣ, ба касбомӯзӣ равона кардан ва ба ин васила таъмини шуғли онҳо муқаррар гардидаанд.
Президент ҳамчунин аз майдони хоҷагии фермерии «Расулов Ғафурҷон ӯғли Баҳодир»-и ноҳияи Норин дидан карда, бо раванди пахтачинӣ шинос шуд. Дар ин замин навъи хориҷии пахта кишт шуда, ҳосили зиёд ба даст омадааст. Барои коркарди кимиёвӣ дастгоҳҳои бесарнишин, барои чинак мошинҳои замонавӣ ҷалб гардидааст. Бо ёрии онҳо пахта бе талафот ва тоза ҷамъоварӣ мешавад.
Сарвари давлат дар доираи сафари худ ба вилояти Намангон аз маҳаллаи Шӯрариқи ноҳияи Норин низ боздид ба амал овард.
Шароити ин маҳалла вазнин аст. Роҳҳои дохилӣ ба таъмир ниёз доранд, дар роҳ чароғ ва лӯлаҳои обгузар вуҷуд надорад. Дар ин ҷо беш аз 5 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. 62 оилаи камбизоат, 118 шахси бекор ҳаст, 157 нафар дар муҳоҷират.
Дар асл, дар маҳалла, ки дар канори роҳи байниноҳиявӣ ҷойгир аст, барои рушди соҳибкорӣ, савдо ва хидматрасонӣ имконот зиёд. Биноҳои холиро метавон дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба кор даровард.
Президент доир ба мушкилоти минтақа фикру мулоҳизаҳои аҳолиро шунид.
– Акнун ин маҳалларо ба таври куллӣ тағйир дода, ба он нафаси “Ӯзбекистони Нав”-ро ворид месозем. Кӯчаҳоро обод карда, намои онро нав мекунем. Барои зисти одамон, сайр карда, бо фарзандони худ истироҳат кардани онҳо шароити муносиб фароҳам менамоем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба мутасаддиён аз рӯйи ба намуна табдил додани маҳалла супориш дода шуд. Аз ҷумла, аз рӯйи ворид намудани муҳити шаҳр ба он ва беҳтар кардани шароит барои соҳибкорӣ мастер-нақша таҳия карда мешавад. Дар асоси он маҳалҳо бо лоиҳаҳои омода ва инфрасохтори мувофиқ ба ташаббускорон пешниҳод карда мешаванд. Дар натиҷа, салоҳияти маҳалла афзуда, ба маркази панҷ маҳаллаи атроф табдил меёбад.
Гузари замонавии маҳалла ва сайргоҳ бунёд мегардад, майдончаҳои бачагона ва варзишӣ, китобхона, маркази бозомӯзии забон ва касб, ҳамчунин растаи бонк ташкил карда мешавад. Мактаб ва кӯдакистонҳо дар доираи барномаи давлатии сармоягузорӣ пурра таъмир мегарданд. Кӯчаҳо мумфарш гардида, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, гулу ниҳолҳои гуногун шинонда мешаванд. Боғҳои кӯҳна ва камҳосил низ пурра навсозӣ хоҳанд шуд. Дар асоси шартномаи иҷтимоӣ сокинон хонаҳои худро ба тартиб меоваранд.
Дар маҷмӯъ, зикр шуд, ки барои “ҷондортар” кардани корҳо дар низоми поёнии саросари кишвар қарор таҳия шуда истодааст. Барои ворид кардани симои нав ба ноҳия ва маҳаллаҳо аз буҷет ҷамъ 5 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Аз ҷумла, дар Намангон барои ноҳияҳои Косонсой ва Норин 100 миллиард сӯмӣ, барои ду маҳаллаи дорои тоифаи “вазнин”-и ҳар як ноҳияи дигар 5 миллиард сӯмӣ равона гардида, ҷиҳати ба минтақаи дар меҳнат намуна, ҳаёташ фаровон ва дар соҳибкорӣ пешсаф табдил додани онҳо чорабиниҳо андешида мешаванд.
25 марти соли гузашта, сарвари давлат дар вилояти Намангон сохтмони неругоҳҳои нави барқиро оғоз бахшида буд. Имрӯз яке аз онҳо — марҳалаи аввали силсилаи НБО-ҳои Норин ба фаъолият оғоз намуд.
Президент Шавкат Мирзиёев зимни сафари худ ба вилоят аз ин иншооти энергетикӣ дидан кард.
Рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар мамлакатамон ҳамчун самти стратегӣ дар таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ муайян шудааст. Дар солҳои охир дар Бухоро, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Самарқанд ва Сурхондарё зиёда аз даҳ нерӯгоҳи офтобӣ ва бодӣ ба кор дароварда шуданд. Ҳамзамон, дар як қатор минтақаҳо неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори 450 мегаватт мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳоло дар дарёи Норин аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзбекгидроэнерго” сохтмони 6 НБО оғоз ёфтааст. Арзиши умумии лоиҳа беш аз 428 миллион доллар буда, иқтидори умумии он 228 мегаватт хоҳад шуд.
Дар марҳалаи аввал НБО-1 мавриди истифода қарор гирифт. Муҳимтар аз ҳама, он пурра бо таҷҳизот ва маҳсулоти маҳаллӣ сохта шуд. Ба ин маъно, онро метавон “аввалин неругоҳи миллии барқи обӣ” дар мамлакат номид.
НБО-1 имкони истеҳсоли 171 миллион киловатт-соат неруи барқро дар як сол дорад. Дар ин ҷо 130 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.
Бо татбиқи лоиҳа 430 ҳазор хонадон ба неруи барқ таъмин мегарданд, дар як сол 290 миллион метри мукааб газ сарфа мешавад. Ин барои иқтисодиёт тақрибан 300 миллиард сӯм фоидаи иловагӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, “Силсилаи НБО-ҳои Норин” на танҳо аҳамияти энергетикӣ, балки иҷтимоӣ ва иқтисодиро низ соҳибанд.
Дар таърихи гидроэнергетикаи Ӯзбекистон, бори аввал дар доираи ин лоиҳа гидроагрегатҳои капсулавии уфуқӣ истифода шуданд. Онҳо дар шароити фишори паст низ бо самарадории баланд фарқ мекунанд ва дар соҳаи гидроэнергетикаи миллӣ марҳалаи навро оғоз мебахшанд.
Дар НБО иншооти нигоҳдории об низ сохта шуд. Инчунин, дар минтақа биноҳои маъмурӣ ва хидматӣ, нуқтаи танзимӣ қад афрохтанд. Бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва ободонии минтақа 6 ҳазор дарахти манзаравӣ шинонда шуд ва дар баҳори оянда боз шинондани 7 ҳазор ниҳоли дарахти мевадиҳанда дар назар аст.
Ба ин тартиб, ин ҷо на танҳо як маркази энергетикӣ, балки ба як маскани эко-туризм ва истироҳатӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар маҷмӯъ, силсилаи НБО-ҳои Норин лоиҳаи стратегие мебошанд, ки ба рушди иқтисодиёти сабз ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардум хидмат мекунанд. Соли 2026 марҳилаҳои дуюм ва сеюм ва соли 2027 нерӯгоҳҳои боқимонда низ ба кор дароварда мешаванд. Иқтидори ҳар як неругоҳ 38 мегаватт буда, дар ҷараёни кори онҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.
Чунин лоиҳаҳои бузург дар сохтори энергетикӣ барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқи устувор, кори муназзами шабакаҳои саноат ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ аҳамияти бузург доранд.
Дар ин ҷо Президент Шавкат Мирзиёев оид ба баррасии чорабиниҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Намангон ҷамъомад баргузор намуд.
Таъкид ёфт, ки дар минтақа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, ки он дар инкишофи иқтисодиёт ва дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ инъикос ёфтааст. Дар ҳашт соли охир ба вилоят 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, қариб 8 ҳазор корхонаи нав ташкил ёфтааст. Номгӯйи маҳсулоти содиротӣ 2 баробар афзуда, бештар аз ҳазор номгӯй гардид.
Ҳоло 82 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ машғуланд. Даромади миёнаи воқеӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3 баробар афзуд. Аз ҳама муҳимаш, аҳолии Намангон дар зиндагии рӯзмарраи худ тағйироти мусбиро эҳсос менамояд.
Дар ҷамъомад имконоти нигоҳ доштани суръати бадастомада ва вусъат додани самаранокии минбаъда таҳлил гардид. Аз он ҷумла вазифа гузошта шуд, ки то охири сол 4,2 миллиард доллар сармоя ҷалб гардида, содирот то 1 миллиард доллар, бошуғлфарогирӣ ба 323 ҳазор нафар расида, 26 ҳазор оила аз қашшоқӣ бароварда шавад.
Роҳбари давлат ташаббуси муҳимро оид ба ободонии маҳаллаҳо пеш гузошт. Дар доираи он барномаи «Маҳалли рушд ва пешвоӣ» оғоз меёбад. Ба он 4-тоӣ ноҳия дар вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Тошканд, 2 ноҳиягӣ дар дигар минтақаҳо ва ҳамчунин 328 маҳаллаи мушкилотӣ дар саросари ҷумҳурӣ дохил мегарданд.
Дар муддати кӯтоҳ дараҷаи қашшоқӣ дар Намангон 2,5 баробар коҳиш ёфт. Ба туфайли фаъол гардидани рушди соҳибкорӣ ва афзудани музди миёнаи меҳнат дар тӯли ду сол ба минтақа 62 ҳазор муҳоҷирон баргаштанд.
Ба ситоди ислоҳот вазифаи таҳия намудани мастер-нақша дар маҳалҳои манзараноки вилоят гузошта шуд. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар соли оянда имкон медиҳад, ки 50 ҳазор ҷойи нави кор ва манбаи даромад фароҳам оварда шавад. Ҳамин тариқ, дар шафати дарё ва каналҳои 40 километрӣ, ки аз тариқи Поп, Тӯрақӯрғон, Уйчӣ, Учқӯрғон ва Чуст мегузаранд, 650 объекти хидматрасонӣ бунёд намуда, 10 ҳазор нафарро бо кор таъмин кардан мумкин аст.
Ҳоло сеяки саноат ва нимаи содироти вилоят ба ҳиссаи соҳаи бофандагӣ рост меояд. Соҳибкорони Намангон дар ҷумҳурӣ дар бобати кор бо брендҳо пешқадам мебошанд. Барои афзудани сармоя ва ҳамкорӣ бо брендҳои байналхалқӣ дар вилоят дар зарфи як моҳ идораи алоҳидаи лоиҳавӣ кушода мешавад. Миқдори корхонаҳои бофандагии дорои сертификати байналхалқӣ то 50-то расонда мешавад.
Ба шахсони масъул то охири сол ташкил намудани хонаҳои савдо дар майдони на камтар аз 1 ҳазор метри мураббаъ дар Варшава ва Лондон супурда шуд. Умуман соли ҷорӣ содироти маҳсулоти бофандагӣ аз Намангон ба 500 миллиард доллар мерасад, дар зарфи ду сол бошад, ба нақша гирифта шудааст, ки 25 лоиҳаи бузург ба қимати умумии 1 миллиард доллар ба кор андохта шавад.
Аз аввали сол 1,2 миллион нафар сайёҳи хориҷӣ ва 2 миллион нафар сайёҳи дохилӣ аз вилоят боздид намуданд, ки даромад аз сайёҳӣ бештар аз 200 миллион долларро ташкил намуд.
Ҳамзамон таъкид ёфт, ки зарфияти яке аз ноҳияҳои ҷолиби вилоят – Чортоқ пурра мавриди истифода қарор нагирифтааст. Дар ин ҷо хидматрасонии одӣ: онлайн-иттилоот, низоми бронсозӣ, хидматрасонии маданиву шавқмандӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, Чортоқ ба маркази сайёҳии тамоми сол дар водӣ табдил дода шуда, барои рушди инфрасохтори он 50 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи рушди шаҳрҳои миёна дар соли ҷорӣ боғи «Фурқат» таъмир ва қариб ду баробар васеъ карда мешавад. Дар шафати дарёи Чортоқ дар тӯли 11 километр пайроҳаҳои пиёдагардӣ ва велосипедронӣ сохта мешавад.
Дар доираи барномаи маҷмӯии рушд 7 километр соҳили Чортоқ ва канали Калони Намангон бетонпӯш карда мешавад ва ҳамчунин дар 30 гектар майдони муфид ба вуҷуд оварда мешавад. Дар ин ҷо дар ҳамоҳангӣ бо боғҳои бисёрсола объектҳои калони санаториву фароғатӣ ба вуҷуд меоянд.
Дар атрофи обанбори “Чортоқ” маҷмааи сайёҳӣ, меҳмонхона, тарабхона, масканҳои фароғатӣ ва дилхушӣ ташкил мегардад. Дар атрофи кӯли Арашони ноҳияи Поп, дар масоҳати 1 ҳазору 200 гектар маҷмааи бузурги сайёҳӣ барои соле қабули 1 миллион сайёҳ сохта мешавад.
Бо мақсади омодасозии кадрҳо барои соҳа, аз соли таҳсили оянда дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Кремси Австрия, дар Донишгоҳи давлатии Намангон факултети муштарак таъсис дода мешавад.
Президент ба масъалаҳои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар роҳи асосие, ки ноҳияҳои Уйчӣ, Учқӯрғон ва Норинро бо маркази вилоят ва дигар ноҳияҳо мепайванданд, дар аксар маврид ҳолати тамбашавӣ ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, аз ҳисоби 63 миллиард сӯм, дар болои дарёи Норин ба дарозии 480 метр пули нав сохта мешавад.
Инчунин, таҷдиди пули кӯҳнаи дарозиаш 180 метр, ки 63 сол пеш дар болои Қорадарё сохта шуда, вилоятҳои Намангон ва Андиҷонро мепайвандад, оғоз ёфт. Дар натиҷа, ҳаракати нақлиёт ду маротиба афзуда, вақте ки барои роҳ сарф мешавад, 1,5 баробар коҳиш меёбад ва тамбашавӣ кам мегардад. Ин пулҳо дар соли оянда ба истифода дода мешаванд.
75 километр роҳи “Пунгон–Намангон”, ки маркази вилоятро бо пойтахт мепайвандад ва дар як рӯз қариб 15 ҳазор воситаи нақлиёт ҳаракат мекунад, бозсозӣ мегардад. Ин роҳ аз ҳисоби 246 миллион доллар чорсамта ва бо рӯйпӯши бетонӣ сохта хоҳад шуд.
Зикр гардид, 30 маҳаллаи вилоят ба шабакаи мутамаркази оби нӯшокӣ пайваст нест ва 21 фоизи шабакаҳо ба таъмир ниёз доранд. Муроҷиатҳо дар мавриди мушкилоти марбут ба канализатсия низ зиёданд.
Аз ин рӯ, имсол барои беҳтар намудани низоми таъминоти об дар вилоят 800 миллиард сӯм ҷудо гардидааст. Дар назди масъулон вазифа гузошта шудааст, ки то охири сол сохтмони 130 километр шабакаҳои обу партовоб ва 11 иншооти обиро анҷом дода, онҳоро ба истифода супоранд.
Иншооти обии “Курашхона”, ки 70 сол пеш сохта шуда, аҳолии шаҳри Намангонро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунад, ҳоло бо камтар аз 50 фоизи иқтидори худ фаъолият дорад. Дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бозсозии ин иншоот муқаррар гардидааст.
Ба қарибӣ Намангон ба шаҳри аҳолиаш миллионнафара табдил меёбад. Бо назардошти ин, хеле муҳим будани зиёд кардани теъдоди кӯдакистонҳо таъкид карда шуд.
Дар ин ҷода ба соҳибкорон як қатор сабукиҳо пешниҳод шуда буданд. Бо истифодаи самаранок аз онҳо, имсол дар шаҳри Намангон 5 ҳазор ва соли оянда таъсис додани 15 ҳазор ҷойи нав дар кӯдакистонҳо ёдовар карда шуд.
Зикр гардид, ки дар 49 техникуми вилоят стандартҳои хориҷӣ ва таълими дуалӣ ҷорӣ карда мешавад.
Дар се моҳи охир, дар доираи барномаи “Қадам ба ҳаёти фаъол” қариб ба 3 ҳазор нафар шахсони ба парвариши дигарон ниёзманд хидмати нигоҳубин роҳандозӣ гардид. Дар натиҷа, 350 нафаре, ки бо ин машғул буданд, ба кор ҷалб шуданд. Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ вазифадор шуд, ки минбаъд хизматрасонии нигоҳубинро барои шахсони гирифтори деменсия ва бемории Паркинсон низ ба роҳ монад.
– Имрӯз бо шумо оид ба рушди шаҳр ва ноҳияҳо, боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ марраҳои навро муайян кардем. Агар мо муттаҳид шавем, метавонем ба натиҷаҳои боз ҳам бузургтар ноил гардем. Бо намангониҳо, ки чашми корро медонанд, соҳибкор ва меҳнатдӯст ҳастанд, вилоятро ба яке аз минтақаҳои аз ҳама обод ва пешрафтаи кишварамон табдил медиҳем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад роҳбарони минтақа ва шабакаҳо доир ба вазифаҳои муайяншуда маълумот доданд, бо соҳибкорон ва намояндагони ҷамъиятӣ мулоқот баргузор шуд.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Намангон идома дорад.
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Икром АВВАЛБОЕВ,
Абдулазиз РУСТАМОВ,
мухбирони махсуси ӮзА.