Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Ӯзбекистон Валид Фук дар Самарқанд бо иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев суҳбат орост.
Дурнамои густариши ҳамкориҳо дар як қатор бахшҳои муҳим баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои ояндадор дар соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, барқаросозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ғайра ҳаллу фасл ёфт.
Сафир баъди зиёрати майдони Регистон, расадхонаи Мирзо Улуғбек, маҷмааи Шоҳи Зинда ва Маркази сайёҳии Роҳи абрешим, ба мактаби миёнаи рақами 43-уми шаҳри Самарқанд ташриф овард. Дар таълимгоҳи мазкур омӯзиши забони фаронсавӣ роҳандозӣ гаштааст. Хонандагон меҳмони олиқадру гиромидоштро ба забони модарии ӯ хайра мақдам гуфта, сурудҳои фаронсавӣ иҷро карданд. Валид Фук бо раванди таълими забони фаронсавӣ шинос шуда, ба китобхонаи мактаб асарҳои гуногуни тозанашри адибу шоирони Фаронсаро ҳадя кард. Дар поёни вохӯрӣ ӯ ба якчанд нафар талабагони боистеъдод шаҳодатнома ва диплом тақдим намуд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.