Докторанти Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро Абубакир Атоев дар озмуни ҷумҳуриявии «Ғояи беҳтарин» ҷойи аввалро ишғол намуда, бо Ҷоизаи Президент – мошини BYD сарфароз гардид.
Ғояи «Таҳияи неругоҳи барқи обии хурди меҳвари амудӣ барои иншооти тақсимоти об» аз ҷониби Абубакир Атоев дар саросари ҷумҳурӣ баҳои баланд гирифт ва ҳамчун лоиҳаи муҳими соҳаи илм ва инноватсия дар кишварамон эътироф гардид.
Имрӯз масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳон мебошад. Камшавии манбаъҳои анъанавии энергия, ифлосшавии муҳити зист ва ба таври васеъ ҷорӣ шудани консепсияи иқтисодиёти «сабз» истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергияро тақозо мекунад. Аз ин нуқтаи назар, истифодаи неруи обии хурд, алалхусус дар минтақаҳои кишоварзӣ истифода бурдани иншооти обтақсимкунанда аҳамияти хоса дорад.
– Мақсади асосии тадқиқоти ман – ин ба роҳ мондани истеҳсоли энергия тавассути истифодаи самараноки иншоотҳои мавҷудаи обтақсимкунанда мебошад. Бисёр каналҳо ва иншоотҳои обии мамлакати мо энергияи кофии потенсиалии ҷараёни об доранд. Аммо ин имкониятҳо дар истеҳсоли қувваи электр пурра истифода бурда намешаванд. Аз ин рӯ, таҳияи технологияи «ГЭС-и хурди меҳвари амудӣ» ба ҳалли ин масъала хидмат мекунад, – мегӯяд олими ҷавон Абубакир Атоев.
Технологияи пешниҳодшудаи «Микроэнергетикаи меҳвари амудӣ барои иншооти тақсимоти об» на танҳо инноватсионӣ, балки ҳалли аз ҷиҳати иқтисодӣ ва экологӣ самаранок низ мебошад. Лоиҳаи мазкур яке аз қадамҳои муҳим дар самти рушди минбаъдаи раванди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишварамон, татбиқи ғояҳои инноватсионии ҷавонон ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Зариф Комилов,
мубири ӮзА.