Шумораи мактабҳои хусусӣ дар вилояти Фарғона беш аз пеш меафзояд. Дар маҳаллаи Боғиши ноҳияи Данғара, дар масофаи 30 километр аз маркази ноҳия маросими ифтитоҳи ботантанаи мактаби хусусии замонавии «Мактаби Менделеев» баргузор гардид.
Ба ин муассисаи таълимӣ, ки барои 840 донишомӯз пешбинӣ шудааст, 20 миллиард сӯм сарф шуда, барои таҳсили ҷавонон, такмили истеъдод ва тавоноии онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Барои хонандагони синфҳои 1-4 автобусҳои махсус хидмат мерасонанд. Ба хонандагони синфҳои 5-11 хобгоҳи дорои 550 ҷой сохта ва дар ихтиёри онҳо қарор дода шудааст. Дар ин ҷо 92 нафар муаллимони пуртаҷриба кор мекунанд. Қобили зикр аст, ки ба ин мактаб беш аз 4 ҳазор нафар даъвогарон ҳуҷҷат супоридаанд ва ҳадди ақали гузариши дохилшавӣ 135 холро ташкил додааст.
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар чорабинӣ қайд намуд, ки дар соли 2017 дар вилоят 1 мактаби хусусӣ фаъолият дошт, вале пас аз фароҳам овардани шароит барои бахши хусусӣ дар ҳафт соли охир 117 мактаби нав таъсис дода шуд, ки барои 36 ҳазор донишомӯз муқаррар шудааст. Дар баробари ин, ҳудуди 3 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам оварда шуд.
– То охири соли равон аз ҷониби соҳибкорон 13 мактаби хусусӣ таъсис дода шуда, шумораи онҳо ба 130 расид. Ин нишондиҳандаи хеле қобили мулоҳиза мебошад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 645 мактаби хусусӣ фаъолият мебарад, ки 20 дарсади онҳо маҳз ба ҳиссаи вилояти Фарғона рост меояд, – гуфт ҳокими вилоят.
99,2 дарсади хатмкунандагон дар асоси гранти давлатӣ ба мактабҳои олӣ қабул шудаанд. Дигар мактабҳои вилоят низ ин таҷрибаро бояд омӯзанд. Гуфта шуд, ки на танҳо мактабҳои хориҷӣ, балки таҷрибаи чунин мактабҳои пешқадами вилоятро низ омӯхтану тарғиб кардан лозим аст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.