Дар шаҳри Навоӣ бо иштироки корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатии байни самтҳои ҳудудӣ ярмаркаи саноатӣ барпо гардид.
Ба ин чорабинӣ зиёда аз 235 корхонаи вилояти Навоӣ ва дигар вилоятҳои кишварамон бо қариб 3 ҳазор намунаҳои маҳсулоти аз воридотӣ камнабуда ва лоиҳаҳои худ иштирок карданд.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки солҳои охир дар вилояти Навоӣ оиди рушди босуръати саноат, маҳаллигардонии истеҳсолот, васеъ гардондани алоқаҳои кооператсионӣ дар саноат, инчунин оиди оптималигардонии маҳсулоти воридотӣ як қатор корҳои назаррас ба амал бароварда шудаанд.
Имрӯзҳо дар вилоят зиёда аз 300 корхонаи саноатӣ ва қариб 290 корхонаи бо инвеститсияи хориҷӣ амалкунанда босамар фаъолият мебаранд.
Суратгир: С. Аслонов (ӮзА).