Яке аз қуллаи баландтарини диёрамон Ҳазрати Султон ном дошта, воқеъ дар ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё мебошад. Мақбара ва кӯҳи Ҳазрати Султон дар байни халқ бо номи «Кӯҳи тавба» ва «Ағбаи қиёмат» низ маъруф аст. Аммо ба ин мавзеи нотакрор дар як сол ҳамагӣ чанд ҳазор нафар ташриф меоранду халос.
Баландтарин кӯҳ дар Ҷопон Фудзӣ буда, бо номи Фудзияма низ машҳур мебошад. Фудзӣ дар ҷазираи Хонсю, дар байни префектураҳои (ҳудуди маъмурии) Токио ва Сидзуока ҷойгир буда, 3776 метр баландӣ дорад. Ин кӯҳ дар натиҷаи таркишҳои вулқони қадим ба вуҷуд омада, то ҳол фаъол мебошад. Фудзӣ яке аз рамзҳои миллии Ҷопон буда, мардум бо ин кӯҳи баланди худ мефахранд.
Он дар тӯли садсолаҳо диққати рассомон (аз чумла, Хокусай ном рассоми номӣ)-ро ба худ ҷалб намуда, дар васфи он асарҳои зиёд офарида шудааст. Ин кӯҳ соли 2013 ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд.
Барои аҳолии маҳаллӣ он на танҳо як нуқтаи ҷуғрофӣ, балки ҷойи муқаддас низ мебошад, масалан, дар анъанаҳои синтоизм (дини анъанавии ҷопонҳо) ва буддоӣ онро ҳамчун манбаи қудрати илоҳӣ мепарастанд. Ҳамасола 300-400 ҳазор сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин кӯҳ мебароянд. Барои онҳо роҳҳои қулай, нишонаҳои роҳ, шохобчаҳои хӯроки умумӣ ташкил карда шудааст. Сайёҳон пиёда ва бо воситаи роҳи оҳани яксамтаи овезон манзараҳои зебои боғу кӯҳпояҳоро тамошо мекунанд.
Ҷопонҳо на танҳо ба Фудзӣ, балки ба табиат низ меҳру муҳаббати беандоза доранд. Дар ин ҷо одам ва табиат бо ҳам тавъам зиндагӣ карда, яке дуюмиро бой мегардонад.
Мо бесабаб аз кӯҳҳои Ҷопон ёдовар нашудем, чун мақолаамон ба яке аз кӯҳҳои кишварамон бахшида шудааст. Дар ин замина хостем, чигунагии муносибати мардуми худ ва ҷопонро ба табиат, муҳити экологӣ, инчунин, ба тақдири насли оянда муқоиса намоем.
Яке аз қуллаи баландтарини диёрамон Ҳазрати Султон ном дошта, воқеъ дар ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё мебошад. Баландии он дар баъзе манбаъҳо 4643 метр қайд шудааст, яъне Ҳазрати Султон аз Фудзӣ баландтар аст. Оиди Ҳазрати Султон ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки аз даҳон ба даҳон гузашта, то ба мо расидаанд. Дар онҳо Ҳазрати Султон ҳамчун авлиё арҷгузорӣ шудааст, яъне он дар баробари баландтарин қулла будан, боз як макони зиёрат низ аст. Мақбара ва кӯҳи Ҳазрати Султон дар байни халқ бо номи «Кӯҳи тавба» ва «Ағбаи қиёмат» низ маъруф аст. Аммо ба ин мавзеи нотакрор дар як сол ҳамагӣ чанд ҳазор нафар ташриф меоранду халос. Мавсими асосии саёҳат ба Ҳазрати Султон моҳҳои тобистон буда, аз моҳи сентябр дар кӯҳсор барф меборад ва роҳ гаштан хавфнок мешавад.
Мутаассифона, рассомон манзараҳои дилрабои ин кӯҳсорро қариб ба қалам надодаанд, оиди он асарҳои бадеиву илмӣ низ навишта нашудааст. Ҳатто дар ин ҷо барои сайёҳон шароити зарурӣ вуҷуд надорад. Воқеан, иқтидори экологии Ҳазрати Султон аз Фудзӣ кам нест. Фақат дар ин ҷо роҳу растаҳои муносиб, аломатҳои роҳ, мавзеъҳои истироҳатию нуқтаҳои хидматрасонӣ ташкил намудан лозим.
Мушкилоти дигар боз ин аст, ки дар Ҳазрати Султон муносибат ба табиат ва гирди атрофи он ниҳоят нанговар аст. Аз сабаби бисёр будани партов пайроҳаҳо манзараи ногувореро ба вуҷуд овардааст.
Хуб дар ёд дорам, соли 2023 чанд нафар ҳамсабақон ба Ҳазрати Султон сафар намудем. Табиист, ки бисёр роҳ гашта натавонистем... Аммо як кори хайр кардем: дар бозгашт то тавонистем зарфҳои пластикиву коғазпораҳоро чида баромадем.
Ҳамватанони мо хуб медонанд, ки дар дигар мавзеъҳои дурдасти зиёратӣ ва сайёҳии кишвари мо низ вазъият аз ин беҳ нест. Агар мо шуури экологиамонро тағйир надиҳем, ҳам табиат зарар мебинаду ҳам сафи сайёҳон коҳиш меёбад.
Набия Нодирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».