Соли хониши ҷорӣ дар вилояти Бухоро лоиҳаи «Мактаби бе телефон» пурра ба амал татбиқ гардид.
Соли хониши гузашта ин лоиҳа дар 40 таълимгоҳи вилоят чун таҷриба аз озмоиш гузаронида шуд ва он натиҷаи дилхоҳ дод. Баробари зиёд шудани эътибори талаба ба дарс сатҳи азхудкунии мавзӯъҳо афзуда, интизом, одобу ахлоқ боло рафт. Аз ин рӯ, қарор карда шуд, ки соли таҳсили нав ин лоиҳа дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят ҷорӣ гардад.
Акнун талабагон баъди ба мактаб омадан телефонҳои худро дар даромадгоҳ, дар ҷойи муайянкардашуда гузошта, пас аз машғулиятҳо вақти бозгашт онро ба даст мегиранд. Ин ҷараён, бешубҳа ба сифати дарсазхудкунии наврасон нақши муҳим бозида, талабагонро водор месозад, ки ҳангоми машғулиятҳо диққати худро пароканда накунанд.
Аз тарафи дигар 5-7 соат бетелефон барои саломатии бачагон судовар ҳам аст.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.