Донишомӯзи синфи ҳафтуми мактаби миёнаи шумораи 83-юм Пирмуҳаммад Сафаров дар мусобиқаи бонуфузи байналхалқӣ, ки дар шаҳри Тошканд байни ҷавонону наврасон доир ба навъи варзиши шотокан каратэ-до баргузор гардид, дастболо шуда, дараҷаи қаҳрамонии Осиёро ба даст овард.
Акаи Холмурод Сафаровро натанҳо дар ноҳияи Сариосиё, балки берун аз он низ бисёриҳо хуб мешиносанду ҳурмат мекунанд. Х. Сафаров нимаи дуюми солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар ҳозира Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ, дар факултети математика таҳсил намуда, дар баробари он бо варзиш ҷиддӣ машғул шуд. Аз рӯйи гӯштини навъи самбо ва дзюдо дар чандин мусобиқаи сатҳи ҷумҳурӣ ва умумииттифоқ иштирок намуд ва ба муваффақиятҳо сазовор гардид. Ҳамон солҳо Холмуроди ҷавон дараҷаи ифтихории «Устоди варзиши СССР»-ро ба даст оварда буд. Дар мусобиқаҳои гӯштингирӣ, дар тӯю маъракаҳо низ ҳамеша дастболо шуда, дар байни мардум бо номи Холполвон шинохта шуд.
Холмурод Сафаров дар тӯли фаъолияти зиёда аз чиҳилсолаи худ бисёр шогирдонро тарбия намуд, ки баъзе аз онҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ шинохта шудаанд.
Боиси хушнудист, ки Холмуродака фарзандону наберагони худро низ тарбияи хуб додааст. Аз ҷумла, наберааш Пирмуҳаммад Сафаров – писари Нурмуҳаммад Сафаров аз паи падар ва бобои худ рафта, аз хурдсолӣ бо варзиш ҷиддӣ машғул шуда меояд.
Ба наздикӣ донишомӯзи синфи ҳафтуми мактаби миёнаи шумораи 83-юм Пирмуҳаммад Сафаров дар мусобиқаи бонуфузи байналхалқӣ, ки дар шаҳри Тошканд байни ҷавонону наврасон доир ба навъи варзиши шотокан каратэ-до баргузор гардид, дастболо шуда, дараҷаи қаҳрамонии Осиёро ба даст овард. Ростӣ, ин хабар хеле хушҳолам кард ва акои Холмуродро самимона муборакбод гуфтам. Орзуи онро кардем, ки Пирмуҳаммад қаҳрамони ҷаҳон низ гардад.
Турдиқул ҲАСРАТОВ,
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.