Зинаи ҷумҳуриявии «Олимпиадаи панҷ ташаббус» ба поён расид, ки дастаи яккачини Самарқанд 19 медали тилло, 14 нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст оварда, сазовори ҷойи аввал гардид.
– Дар олимпиадаи имсола 581 ҳазор ҷавонони синнашон аз 14 то 18 солаи маҳаллаҳо аз рӯйи 14 намуди варзиш, ки аз панҷ зина иборат аст, қувваозмоӣ карданд. Ғолибон ба тарзи имтиёзнок ба захираи мактабҳои варзишӣ қабул хоҳанд шуд, – иброз дошт сардори садорати варзиши вилоят Ҷасур Нурмонов, – ин дар оянда ба ҳайати дастаи мунтахаби миллӣ дохил шудани онҳо замина фароҳам меорад.
Зоҳир Ҳасанзода,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.