Чӣ тадбир бояд ҷуст, ки бо ангур даҳон ширин карда, онро аз ҳуҷуми мурғони ҳавою занбӯр нигоҳ дошта тавонем?
Ҳоло дар саросари мамлакати офтобиамон қариб ҳамаи намуди меваю сабзавот пухта расидааст. Гӯё дарҳои биҳишт во шудаанду бани одамро ба сӯйи худ мехонанд. Ангур, анҷир, шафтолу, харбузаю тарбуз пухтаву таъм гирифтаанд ва аз ин неъмат бозорҳову хонадонҳо фаровон гаштаанд.
Кайҳост, ки ангурҳои шибирғонию кишмиш (аз рӯйи серғизо буданаш ин ду навъи ангурро ниёгонамон баробари гӯшти меш донистанд), ҳусайниву ҳасанӣ таъму обу ранги зард гирифтааст, ки тамошояш ба чашм нур мебахшад. Аммо ин неъмат аз ҳуҷуми паррандагон, гунҷишку майна ва занбӯр бештар талаф мешавад. Ба қавле, дидан ҳасту хӯрдан нест. Одамон ба ин роҳҳо ҷуста барои ҳар як сари ангур халтаҳои коғазин духтаву пӯшонида мемонанд, агар занбӯр ба даруни халта роҳ ёбад, ба онҳо таначаҳои ангур мемонаду халос. Чӣ тадбир бояд ҷуст, ки бо ангур даҳон ширин карда, онро аз ҳуҷуми мурғони ҳавою занбӯр нигоҳ дошта тавонем?
Деҳқонони тадбиркор таи солҳо ҷустуҷӯ кардаанду роҳҳои ҳалли ин муамморо ёфтанд. Дар чанд ҷойи танаю шохаи ангур пашми баҳоритароши гусфандонро баста мемонанд, ки паррандагони озодапараст ба бӯйи ғализи пашм тоб наоварда, ба он ҷо наздик шуда наметавонад.
Ҳуҷуми занбӯрҳо баъди пурра ба шира даромадан ва вақти ба мавиз мубаддалшавии ангур бештар ба назар мерасад. Занбӯрҳо ангурро пора карда, мекашонанд. Барои пешгирии ин ҳуҷум аз шираи ангур шарбат пухта ба зарфи паҳн рехта, каме болотар аз шарбат баклашкаро чаппа баста мемонем, занбӯрҳо бедудилагӣ ба сурохи баклашка медароянд ва то бегоҳ як зарфи пур занбӯрро асир мегирем. Одатан кӯрмори заҳрдор ҳам, занбӯр ҳам ҳамин, ки сурохиро диданд, ба дарунаш сар мехалонанд ва роҳи баромадро пайдо карда наметавонанд.
Боз як роҳи ҳифзи ангур мавҷуд, ки аз боғбонон меҳнати иловагиро талаб мекунад. Барои ин қаламфури тунд дуюним соат ҷӯшонида, бо ин об ҳар як сар ангурро шуста баромадан лозим. Ин амалиёт дар давоми як ҳафта ду ё се карат такрор шавад, натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Алимурод Темиров,
ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.