Ярмаркаи меҳнатӣ: 700 ҷойи корӣ пешниҳод гардид

Дар Маркази «Баркамол авлод»-и ноҳияи Поп ба мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон «Ярмаркаи меҳнатӣ» баргузор гардид.

Бо кор таъмин намудани хатмкунандагон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Дар Маркази «Баркамол авлод»-и ноҳияи Поп ба мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон «Ярмаркаи меҳнатӣ» баргузор гардид.

Дар ярмарка 28 корхона ва ташкилот зиёда аз 700 ҷойи кории холиро пешкаш намуданд. Хурсандиовар аст, ки ҳар як роҳбари корхона ва ташкилот бевосита бо ҷавонони ихтисосдошта суҳбат карда, ба савол ва таклифҳои онҳо ҷавоб доданд. Дар рафти ҷараён зиёда аз 45 нафар ҷавонон муроҷиат намуданд ва 22 нафари онҳо ба кори доимӣ роҳхат гирифтанд. Ярмарка имконият ва фурсати нав барои хатмкунандагони мактабҳои олӣ аст.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: