Ҳоло дар саҳроҳои ноҳияи Чуст мавсими пахтачинӣ бо ҷӯшу хурӯш давом дорад. Бо назорати бригадаҳои ҳосилғундор ҳар як ҳосил, ки аз аввали фасли баҳор парвариш мекунанд, ҷамъоварӣ карда мешавад.
Махсусан, дар хоҷагии фермерии «Бекнур» пахтакорон барои ғундоштани ҳосили фаровон саъю кӯшиш мекунанд.
Дар ноҳия соли ҷорӣ 194 хоҷагии фермерӣ барои ҳосили 2025 ҳамагӣ дар 3 ҳазору 604 гектар замин тухми кишт парвариш мекунанд. Пешбинӣ шудааст, ки дар ноҳия имсол аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 38,5 сентнер ҷамъ 13 ҳазору 875 тонна пахта супурда мешавад.
Ш. ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.