Архив: аз нигоҳе ба таърих то рақамигардонии ҳуҷҷатҳо

Садорати минтақавии архиви давлатии Самарқанд на танҳо дар Ӯзбекистон, ҳатто дар Осиёи Миёна яке аз аввалин ва калонтарин бойгониҳост.

Он миёнаҳои солҳои 20-уми асри гузашта ташкил ёфта буд. Ҳоло идораҳои архив дар тасарруфи Вазорати адлия буда, вазифааш ҷамъ кардани хазинаи миллии архив, нигоҳ доштан, таъминоти ба ҳисоби давлат гирифтан, фаъолияти пурсамарона бурдан ва ба мардум хизмати шоиста расонидан аст.

– Ҳоло дар тасарруфи мо 7-то архиви давлатӣ, 12-то идораи байнихоҷагӣ ва як шӯъба мавҷуд, – гуфт сарвари садорати ҳудудии корҳои архиви вилояти Самарқанд Абдувалӣ Маманазаров, – агар дар соли 1991 591 ҳазору 680 воҳиди нигаҳдорӣ мавҷуд бошад, имсол аз як миллиону 200 ҳазор зиёд фонд дорем, ки аз онҳо на танҳо аҳолии Ӯзбекистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ истифода мебаранд. Беш аз 30 нафар ходимон бо тайёр кардани нусхаҳои электронӣ машғуланд.

– Абдувалӣ Облоқулович, дар идораи шумо ҳуҷҷатҳо чанд сол нигоҳ дошта мешаванд?

– Дар шаҳру ноҳияҳо 30-40 сол нигоҳ дошта, баъд ба архиви вилоят месупоранд. Имрӯзҳо рақамкунии онҳо муташаккилона идома дорад.

– Мардум бо кадом масъалаҳо ба шумоён муроҷиат мекунанд?

– Бештар дар бораи собиқаи кор, маош, вуҷуд доштани корхонаву ташкилотҳо маълумот мепурсанд. Баъди пош хӯрдани собиқ иттиҳоди шӯравӣ аз давлатҳои мустақили ҳамдӯстӣ – Русия, Арманистон, Қазоқистон, ҷумҳуриҳои назди Балтика, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва ғайра маълумотнома мепурсанд, ки мо дар муддати 20 рӯз ирсол менамоем. Ғайр аз он ба мақсади тадқиқоти илмӣ олимон, журналистон, идораҳои ҳуқуқу тартибот бо масъалаҳои гуногун муроҷиат мекунанд. Дар мо нодиртарин ҳуҷҷатҳо, нусхаҳои аввалини маҷлисҳои машваратии шӯрои депутатҳои шаҳру ноҳияҳои Самарқанд, замони ҳокимияти шӯравӣ, доир ба иштироки самарқандиён дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, ҳуҷҷатҳои шахсии арбобони давлатӣ, қаҳрамонҳои ҷангу меҳнат, мубориза бар зидди босмачигӣ, барқарор кардани хоҷагии қишлоқ, саноат, инкишофи илм, фарҳанг, санъат, нигаҳдории тандурустӣ, варзиш, бастаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо мавҷуданд.

– Аҷиб, магар шумораҳои «Овози тоҷик», ки аз соли 1924 интишор меёбад, дар архиви шумо маҳфузанд?

– Афсӯс, баъзе шумораи он аз соли 1925 мавҷуд, ки бо ҳуруфи арабӣ чоп шудаанд. Ба маълумоти шумо расонам, ки дар ин масъала гуноҳи мо нест. Бо чӣ сабаб ҳамаи шумораҳои маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб», рӯзномаҳои «Бухорои шариф», «Оина», «Самарқанд», «Зарафшон» чаро нест, мо мутлақо бехабарем.

– Пешравӣ ва ҷараёни рақамигардонӣ шудани ҳуҷҷатҳо чӣ хел аст?

– Танҳо дар нимсолаи якуми соли равон қариб 17 ҳазор воҳиди нигаҳдорӣ ва 27 ҳазору 800 ҳуҷҷат ба системаи истифодабарӣ ва нигаҳдории қатъӣ гузаронида шуд. Боиси хушнудист, ки ходимони мо ҳуҷҷатҳои шахсии мардуми Самарқандро барои нигаҳдорӣ қабул кардаанд. Зеро архив – нигоҳе ба таърих.

– Ҳисобу китоб чӣ хел?

– Қабул ба бойгонии давлатӣ ихтиёрӣ ва ройгон аст. Шояд бо гузашти айём хешу пайвандон, ёру дӯстон, яъне ворисон аз онҳо истифода баранд.

Вақте ки мо бо сардор хайру хуш карда, ба қабулхона баромадем, яке аз корафтодагон аз рӯзнома будани мо огоҳӣ ёфта, гуфт, ки вай Камола Орзуева аз Донишгоҳи давлатии Бухорост.

– Камина чанд муддат бо кори илмӣ машғулам. Барои пайдо кардани маълумотҳои зарурӣ ба архиви Самарқанд омадам. Аз фурсат истифода бурда барои хизматрасонии беминнат миннатдорӣ изҳор мекунам, – гуфт ӯ.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: