Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов маркази бузурги илмӣ-таълимӣ ва фарҳангии Ӯзбекистони Нав ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули илму дониш, баланд бардоштани маънавияту маърифат ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақоми хосса дорад.
Боиси ифтихор аст, ки мактаби олии мо дар тӯли беш аз 100 соли арзи вуҷуд на танҳо барои Ӯзбекистон, балки барои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ низ кадрҳои соҳаҳои гуногунро тайёр кардааст, ки дар байни онҳо арбобони давлатӣ, сафирон, академикҳо, шоиру нависандагон, олимону пажӯҳишгарон ҳастанд.
Имрӯз донишгоҳ дар партави фармону қарор соҳибони касбу кори гуногун, дастуру ҳидоятҳои сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбият мекунад, ки бешубҳа маҳз онҳо бунёдкорони Ренессанси савум хоҳанд шуд.
Донишгоҳ дорои 6 факултет ва 6 донишкада (дар ноҳияҳо), 60 кафедра, 5 марказ, 2 мактаби ихтисосӣ ва 1 литсейи академӣ мебошад.
Дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон, ки чанд сол аст аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи таълим ва илму фарҳанг гузаронида мешавад, пайваста мақоми аввалро касб мекунад. Дар байни мактабҳои олии дунё ҷойи 1001-умро ба даст дароварда, соҳиби ҷоизаи «Панҷ ситора» гардидем.
Мактаби олии мо дар тӯли солҳои фаъолият ба сифати муассисаи пешбари илмию таълиму тарбият доир ба соҳаҳои гуногун мутахассисони баландихтисосро тайёр мекунад.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки тайёрии пухта ба соли хониши нави 2025-2026 аз моҳи феврали соли равон оғоз ёфт ва имтиҳонҳои қабул дар савияи баланд гузашт. Бино ба натиҷаи қабул шумораи талабагон дар шуъбаи бакалавриат 15 ҳазору 668 нафар, аз он ҷумла таълими рӯзона 10 ҳазору 668 нафар, ғоибона 1837 нафар, шабона 2002 нафар, фосилавӣ 643 нафар, таълими байналхалқӣ 57 нафар, магистратура 1007 нафар аст.
Дастовардҳои илмию таълимии устодону олимони донишгоҳ дар нашрияҳои бонуфузи кишварҳои ҷаҳон ба табъ расидаанд. Танҳо соли ҷорӣ беш аз 150 номгӯй китобҳои дарсӣ нашр шудааст, ки муаллифони онҳо устодони донишгоҳамон мебошанд.
Айни ҳол, донишгоҳ бо беш аз 300 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ баста, аъзои Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошад. Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, шахсан худам ду-се маротиба ба шаҳри зебову пурҷозибаи Душанбе сафар карда, бо ҳамкасбону ҳамдилон тамос гирифтем. Дар навбати худ вакилони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба Самарқанд ташриф оварда, бо фаъолияти мо шинос шудаанд.
Аз соли хониши нав беш аз 200 нафар профессору муаллимони хориҷӣ ба толибилмони мактаби олии мо сабақ хоҳанд дод.
Чанде пеш соҳиби ҷоизаи Нобел Азиз Санҷар аз Амрико, Валентин Попов аз Олмон, Анвар Зокиров аз Донишгоҳи Вашингтон меҳмони Донишгоҳи давлатии Самарқанд буданд.
Қобили зикр аст, ки дар мо 880 нафар омӯзгори тоифаи гуногун кор мекунанд, ки 75 фоизи онҳо соҳиби салоҳияти илмӣ буданд.
Дар донишгоҳ 12 бинои таҳсил, 4 толори варзиш, 6 ошхона, 477 утоқи дарсӣ, ки бо технологияи ахбору коммуникатсионӣ пурра ҷиҳозонида шудааст, 15 хонаи компутерӣ, 72 ташхисхона мавҷуд аст. Инчунин тахтаи интерактив, 295 воситаи таҳсили мултимедия амал мекунад.
Баҳри ба комёбиҳои назаррас соҳиб шудан ғайрату ташаббуси ректори донишгоҳ, доктори фанҳои техникӣ, сенатор Рустам Холмуродов, проректор оид ба корҳои хориҷӣ Акмал Аҳадов, проректор оид ба корҳои илмӣ Ҳаким Хушвақтов ва дигарон калон аст.
Ифтихори мо аз он аст, ки донишгоҳ аз мадрасаи Мирзо Улуғбек сарчашма мегирад, ки мударрисони он алломаҳои Шарқ – Мирзо Улуғбек, Қозизодаи Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ будаанд. Ҳоло дар китобхонаи оммавӣ асару дастхатҳои на танҳо бузургон – асосгузорони донишгоҳ, инчунин беш аз 15 ҳазор дастхати нодир мавҷуд аст. Ба ҷуз ин 3 миллион нусха китоби дарсӣ ва илмӣ дар ихтиёри талабагон мебошад.
Талабагон ва устодону мураббиён на танҳо дар илму фарҳанг, инчунин варзиш комёб ҳастанд. Дар байни ҷамоати байналмилал ва аҳлу тифоқ 13 нафар чемпиони ҷаҳон, 80 нафар чемпиони Осиё, 170 нафар чемпиони ҷумҳурӣ ва 3 нафар чемпиони Бозиҳои олимпӣ ҳастанд.
Хулоса, аҳли ҷамоаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд тамоми неру ва имкониятҳои хешро баҳри рушду нумӯи илму фарҳанг сарф хоҳад кард.
Аҳмадҷон СОЛЕЕВ,
доктори илмҳои физика-математика,
проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов.