Бо ташаббуси Фонди рушди маданият ва санъати Ӯзбекистон 5 сентябри соли ҷорӣ дар Бухоро аввалин биенналеи байналхалқӣ ибтидо гирифт.
Барномаи ин тадбири бузурги фарҳангиро дурдонаҳои санъати Ӯзбекистон ва ҷаҳон, бозёфтҳои ҳунармандию гастрономӣ ташкил мекунанд.
Дар он зиёда аз 70 нафар эҷодкорони маҳаллию хориҷӣ таҳти роҳбарии Диана Кэмпбелл ва раиси Бунёди рушди маданият ва санъати Ӯзбекистон Гаяне Умерова лоиҳаҳои эҷодии худро намоиш медиҳанд. Дар ҷараёни чорабинӣ намоиши асарҳои ҳунарӣ, шабнишиниҳои мусиқӣ, маҳфилҳои шеърию кулинарӣ, мастер-классҳои ҳунармандӣ, инчунин анҷуманҳои байналмилалӣ ба амал меоянд. Ин тадбир дар ҳаёти мадании шаҳри кӯҳна чун воқеаи таърихии фаромӯшношаванда боқӣ хоҳад монд.
Дар маросими кушодашавии биенналеи аввалин таҳти унвони «Давои дарди дилҳо» намояндагони доираҳои фарҳангу дипломатияи мамлакатҳо, мусаввирон, арбобони санъат ва меҳмонон иштирок карданд. Дар он роҳбари Маъмурияти Президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева аҳамияти ин тадбири байналмилалиро таъкид кард.
Баробари дигар чорабиниҳо дар доираи барномаи биеннале дар бинои масҷиди «Поччоқулхоҷа» (асри ХIХ) толори мутолиаи шуъбаи вилоятии Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагон кушода шуд. Ҳар ҳафта дарсҳои маҳорат, барномаҳо барои бачагон сурат мегирад.
Дар мадрасаи «Говкушон» ҷамъомади муҳокимаҳои кушод баргузор гардид. Мувофиқи барномаи тадбир доир ба саҳми бонувон ба санъати муосир таҳти унвони «Бонувони Осиёи Марказӣ» ҷамъомад ба амал омад. Дар муҳокима пажӯҳишгарон, эҷодкорони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирок карданд.
Дар доираи барномаи тадбир лоиҳаи «Осорхонаи мероси ҷадидон» низ тақдим гардид. Хонадони маърифатпарвар Усмон Хоҷаев акнун ба маскани хотира ва тадқиқот табдил меёбад.
Ҳоло дар вилоят 18-то осорхона фаъолият дорад. Дар ояндаи наздик миқдори онҳо аз ҳисоби осорхонаи «Мероси ҷадидон», ки дар хонаи рақами 13-уми кӯчаи Хоҷа Гулрези гузари Говкушони Бухорои кӯҳна созмон меёбад, ба 19-то мерасад.
Дар ин ҳавлӣ, ки солҳои 1860-1870 бунёд гардидааст, яке аз намояндагони ҳаракати ҷадидӣ Усмонхӯҷа Пӯлодхӯҷаев ба воя расидааст. Ба вай лозим омадааст, ки 46 сол мусофир шавад. Ниҳоят бо таъсири ғояҳои Аҳмади Дониш, Исмоил Гаспиралӣ барин шахсони маърифатпарвар рӯҳбаланд шуда, бо дигар фидоиён ҳаммаслаку ҳамсаф гардидааст. Ӯ дар Туркия таҳсил мегирад. Пас ба Бухоро баргашта, солҳои 1912-1913 дар ин ҷо мактаб мекушояд ва 150-200 нафарро ба тадрис ҷалб мекунад.
Ниҳоят бо ташаббуси сарвари давлат масъалаи созмон додани осорхонаи «Мероси ҷадидон» ҷомаи амал мепӯшад.
Дар доираи барномаи биеннале мусобиқаҳои «Bukhara Night Race» сурат гирифт.
Мувофиқи барнома чораю тадбирҳои биеннале бештар аз ду моҳ – то 20 ноябр идома меёбад.
Амрулло АВЕЗОВ, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.
Суратгир: Т. ИСТАДОВ (ӮзА).