Роҳбари хоҷагии фермерии «Саид Сироҷ Самандар» Абдуҷаббор Авезов дар ҷамъомади шаҳрвандии маҳаллаи «Гулбоғ»-и ноҳияи Қизилтеппа истиқомат мекунад.
Мавизҳои парваришкардааш хеле хушсифат. Донак надоранд, шираашон гулӯро намехоронад, ба дандон намечаспанд.
Дар наздик 10 гектар майдони ин хоҷагӣ «гигант», «мерс», «Ризамат», «кишмиши сиёҳ» барин навъҳои ангур парвариш карда мешаванд. 95 фоизи аҳолии Гулбоғ ба ангурпарварию боғдорӣ машғуланд. Навъҳои нави ангур ба ҳудуд тавассути хоҷагии А.Авезов ворид мегарданд.
Аз паси ангурпарварӣ ба рӯзгори қаҳрамони мо баракот медарояд. Ҳар сол ба бозори дохилӣ 50 тонна ангур мебарорад, дар атрофи 10 тонна мавиз омода месозад. Даромад ҳам ба ҳамин вобаста, албатта.
Дар хоҷагии фермерӣ 10 ҷои доимии корӣ офарида шудааст. Рӯзе дар хоҷагӣ ба ҳисоби миёна 500-600 килограмм ангур чида шуда, маҳсулот ба бозори дохилӣ бароварда мешавад.
Дар сурат: ангурзори хоҷагии фермерии «Саид Сироҷ Самандар» дар ноҳияи Қизилтеппаи вилояти Навоӣ.
Суратгир: С. Аслонов (ӮзА).