Имкониятҳои истифода аз хидматҳои давлатӣ васеътар мегарданд

Соли 2017 бори аввал марказҳои хидматҳои давлатӣ таъсис ёфт ва он замон дар ин марказҳо танҳо 37 намуди хидмати давлатӣ расонида мешуд. Ҳоло шумораи онҳо ба 467 намуд расидааст. Шумораи хидматрасониҳое, ки тавассути Портали ягонаи хидматҳои давлатии интерактив пешниҳод мешаванд, 771 номгӯйро ташкил мекунад.

Ҳоло дар саросари кишвар 208 маркази муосир ва инноватсионии хидматҳои давлатӣ бо шароити мусоид ва мувофиқ фаъолият доранд. Дар тақрибан 200 маҳалла, киоскҳои интерактив, ки тибқи тартиби 24/7 кор мебаранд, гузошта шуда, тавассути онҳо қариб 60 намуди хидматҳои давлатӣ расонида мешавад.

Барои фароҳам овардани шароит баҳри шаҳрвандоне, ки аз хидматҳои давлатӣ истифода мебаранд, пешгирии саргардониҳои барзиёд ва васеъ намудани имконоти истифодаи фосилавӣ аз хидматҳои давлатӣ, шаклҳои қулай ва муосири онҳо (user-friendly) роҳандозӣ мешаванд. Ҳоло шаҳрвандон метавонанд 21 намуди хидмати давлатиро ба таври «проактив», 68 навъи онро дар шакли «композит» ва 26 намуди хидматро ба таври автоматӣ дастрас намоянд. Илова бар ин, тақрибан 200 намуди хидматрасонӣ дар асоси тамоюли «3 қадам» ва «ба истифодабаранда мутобиқшуда» сода карда шудаанд.

Албатта, дар ин соҳа низ масъалаҳое ҳастанд, ки сокинонро ба андеша водор менамоянд. Масалан, нархи баъзе хидматҳо барои аҳолӣ мақбул нест. Бо назардошти ин, барои коҳиш додани нархи хидматҳо чораҳо андешида мешаванд.

Барои мисол, агар шаҳрвандон барои гирифтани ягон намуди хидмати давлатӣ, аз ҷумла барои истифода аз хидмати литсензия, иҷозатнома гирифтан, бақайдгирии давлатӣ ва монанди ин, аз Портали ягонаи хидматҳои давлатии интерактив (ПЯХДИ – my.gov.uz) ё иловаи мобилии он истифода намоянд, ҳангоми пардохти боҷи давлатӣ, хироҷ ва дигар пардохтҳо ба андозаи 10 дарсад имтиёз дода мешавад. Яъне агар барои истифода аз хидмати муайяни давлатӣ ба Маркази хидматҳои давлатӣ (МХД) ё мақомоти ваколатдор бевосита муроҷиат кунанд, пардохтҳои зарурӣ пурра ситонида мешаванд.

Вале агар барои истифода аз хидмат тавассути ПЯХДИ муроҷиат шавад, шаҳрвандон метавонанд бо имтиёз 90 фоизи пардохтро супоранд.

Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 22-1 Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ», агар шаҳрвандон барои истифода аз ҳама гуна хидмати давлатӣ, аз ҷумла, литсензия, иҷозатнома гирифтан, бақайдгирии давлатӣ ва дигар хидматҳо аз Портали ягонаи хидматҳои давлатии интерактиви Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври мустақил истифода намоянд, аз онҳо боҷи давлатӣ, хироҷ ва дигар пардохтҳо ба андозаи 90 дарсади пардохте, ки ҳангоми муроҷиати бевосита ба Маркази хидматҳои давлатӣ ва дигар мақомоти хидматрасонӣ месупоранд, ситонида мешавад. Ғайр аз ин, агар муроҷиат тавассути ПЯХДИ ё иловаи мобилии он сурат гирад, пардохт барои хизматрасониҳои пулакӣ, ки ҳангоми муроҷиат ба ДХМ ё мақоми ваколатдор лозим аст, анҷом дода намешавад.

Афзалияти иловагии ПЯХДИ дар он аст, ки низом муттасил, бидуни навбат ва дар асоси режими 24/7 кор мекунад. Дар як ҷо метавон аз 700 намуди хидмати давлатӣ ва сервисҳои иловагӣ истифода бурд. Ҳамзамон, бо беш аз 10 намуди маълумоти шахсӣ, ки дар як ҷо ҷамъ шудаанд, шинос шудан ва аз онҳо истифода намудан мумкин аст. Ин ҳамаро бидуни берун рафтан аз хона ва ё ҷойи кор анҷом додан имконпазир мебошад. Пардохт барои хидматҳоро низ метавон ба таври фосилавӣ анҷом дод. Муҳимтар аз ҳама, саргардониҳои зиёд пешгирӣ шуда, барои дар байни идораҳо сарсон шудан зарурате намемонад.

Ҳуҷҷатҳо бо QR-код мақоми расмӣ мегиранд ва ба таври боваринок ҳифз мешаванд. Рақами кӯтоҳи 1242 амал мекунад, оператори дорои зеҳни сунъӣ кор мебарад, инчунин, хидмати дастгирӣ тавассути оператори воқеӣ дар низоми 24/7 мавҷуд аст.

Тавассути марказҳои хидмати давлатӣ дар соли 2023 – 8,8 миллион, соли 2024 – 12,3 миллион ва дар шаш моҳи соли 2025 – 12,7 миллион, тавассути my.gov.uz  бошад, соли 2023 – 22,6 миллион, соли 2024 – 33,7 миллион ва дар шаш моҳи соли 2025 – 20,7 миллион сӯмина хидмати давлатӣ расонида шудааст.

Соли 2023 вақти миёнаи хидматрасонӣ 15 дақиқаро ташкил карда бошад, соли 2024 ин нишондиҳанда ба 10 ва дар соли 2025 ба 4 дақиқа расид.

Дар натиҷаи самарабахшии хидматҳое, ки тавассути Маркази хидматҳои давлатӣ анҷом дода мешаванд, Ӯзбекистон дар раддабандии ҷаҳонӣ оид ба «Бақайдгирии соҳибкорӣ» мақоми ҳаштумро ишғол кардааст.

Норгул АБДУРАИМОВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: